​Паёми Пешвои миллат-раҳнамои рушди устувори давлат

Санаи 21 декабри соли 2021 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба кулли мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Воқеан солҳои охир ироаи Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, он инъикоскунандаи муваффақияти имрӯза ва дурнамои рушди ояндаи кишвар маҳсуб меёбад. Паёми Пешвои миллат раҳнамои рушди устувори кишвар ба ҳисоб рафта, амалӣ намудани нуқтаҳои асосии он метавонад барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар асраи байналмиллалӣ мусоидат намояд. Чун ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои солҳои оянда муайян намуда, оиди пешбурди соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, амнияту мудофиа, роҳу нақлиёт, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар оғози суханронии худ роҳбари давлат таъкид намуданд, ки соли 2021 барои барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад. Ба ақидаи Пешвои миллат барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Илова бар ин, бояд зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи худ бори дигар аз соҳаҳои ҳаётан муҳим барои кишвари мо ёдовар шуданд. Алалхусус, роҳбари давлат бо дар назардошти аҳамияти калони соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, аз ҷумла вусъат бахшидан ба раванди саноатикунонии кишвар пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон карда шавад. Инчунин, Пешвои миллат зимни баромад ба соҳаи маориф низ диққати хоса зоҳир намуданд. Таъкид карда шуд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

Њамин тариқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз музаффариятҳои соли 2021 ва умуман давронии соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, сиёсати минбаъдаи дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ муайян намуданд.

Нурматов Ш.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ