Мақоми зан дар Паёми сарвари кишвар

Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як падидаи нави даврони истиқлол буда, ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳамасола ба Парлумони кишвар ироа мегардад.

Паёми навбатӣ 21-уми декабри соли равон баргузор гардид, ки паёми бисту дуюмин ба шумор меравад.

Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ ин дастур, ҳидоят, барнома, тарҳу нақшаи фаъолият барои оянда, раҳнамо, қутбнамо, дурнамо ва санади сарнавиштсози рисолати созандаву бунёдкорона мебошад. Як маърака ва падидаи муҳими сиёсиву давлатист.

Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои муаззами миллат басо пурмуҳтаво ва таҳлилӣ буда,санади хеле муҳиму сарнавиштсоз, раҳнамо ва дурнамои рушди устувори сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат мебошад. Дар он самтҳоиасосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баррасӣ гардида, нақшаи тараққиёти оянда дар тамоми самтҳо тарҳрезӣ, вазифагузорӣ, мақсаду маром ва роҳу воситаҳои тактикии расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян вамушаххас карда мешаванд.

Яке аз нишондиҳандаҳои асосии солимӣ, озодипарварӣ ва воқеан демократӣ будани ҷомеа ин дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ фаъол будани занон мебошад. Дар паёмҳоихуд ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат ба сиёсати иҷтимоӣ, алалхусусбаланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Далели ин гуфтаҳоро дар паёмҳои ҳамасолаи сарвари кишвар ба Маҷлиси Олӣ пай бурдан мумкин аст. Аз ҷумла дар паёми имсолаи худ низ оид ба мақому манзалати занону бонувон сухан карда, қайд намуданд, ки тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Инчунин маъдум гардид, ки қариб 60 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон ташкил медиҳанд, ки ҳамаи ин нишондиҳандаҳо албатта бо ташаббус ва ғамхориҳои сарвари кишвар нисбати ҷисми латиф зан - модар сарчашма мегирад.

Бо дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусу ибтикороти занон, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ мегардад, инчунин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва нақшу мақоми онҳо дар назди вазорату идораҳои марбута супоришҳои дахлдор аз ҷониби сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудаанд. Албатта иҷрои саривақтии вазифаҳои гузошташуда боиси боз ҳам фаъол гардидани занону бонувондар ҳаёти ҷамъиятӣ, пешрафти ҷомеа ва афзудани саҳми онҳо дар раванди ободкории кишвар хоҳад гардид.

Исмоилова Машхура - сармуаллимаи кафедраиумумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ