Паём – раҳнамои мост!

Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21- декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе Паёми навбатӣ дар бораи самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар Паём Президент соли сипаришавандаро ҷамъбаст намуда, муваффакиятҳо ва норасоиҳои онро таҳлил намуда,доир ба масъалаҳои иқтисодӣ,иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, дохиливу хориҷӣ, таъмини некӯаҳволии мардум, наврасон, толибилмон,мактабу маориф,варзиш, занону ҷавонон,ҳаёти фарҳангӣ, маънавиёти ҷомеа, гардиши молу маҳсулот, даромади аҳолӣ ва пасандоз,таҷлили ҷашнвораҳо ва ғайра хамчун ҳадафҳои пурмуҳтавои имрузу фардои давлат ибрози ақида ронданд.

Пеш аз ҳама Сардори давлатамон дар бораи қадамҳои устувори мардуми Тоҷикистон дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва 30-соли сипаришуда сухан намуда, ҳисси қаноатмандии худро ба мардуми шарафманди тоҷикистониён баён намуданд.

Яке аз ҷиҳатҳое, ки дар Паём баён гардид ин рушди илму маориф ва беҳтар намудани шароит барои толибилмон, омӯзгорон, нависандагон, шоирон, олимон ва аҳли зиё мебошад.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки сардори давлатамон дар сиёсати худ пеш аз ҳама маорифро гузоштаандва дар Паём низ қайд карданд, ки : “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Таҷрибаи давлатҳои пешрафта исбот намудааст, ки рӯй овардан ба илму маориф, рушд додани ин соҳаҳои мубрам сабаби пешравии миллату давлат мегардад. Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ин сиёсатро аз рӯзҳои аввали идоранамои давлат пеша намудаанд.

Мо ҷавонон кӯшиш ба харҷва ваъда медиҳем, ки тамоми қобилияти ақливу зеҳнии худро, баҳри боз ҳам тақвият додани соҳаи илму маоириф сафарбар менамоем. Шукр ва ифтихор аз он мекунем, ки чунин Сардори ғамхору дурбинро дорем.

Атоев А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ