Тоҷикистонро ба ҷонам, сар ба сар ман гул кунонам

Дар тарбияи насли наврас ҳамкории мактаб бо оила ва аҳли ҷамоатчигӣ бағоят зарур аст. Маҳз мактаб метавонад барои чунин ҳамкорӣ заминаи устувор гузорад, вале оила ва мактаб дар алоҳидагӣ ҳамаи он омилҳое, ки ба шахсияти ташаккули бача таъсир мерасонад иҷро карда наметавонад. Аз ин лиҳоз барои раванди пурраи мураттаби тарбия пайваста амал кардани ин се соҳаи ба ҳам алоқаманд: оила, мактаб ва ҷомеа пешбинӣ шудааст. Нақши ташаббускорӣ ба ҳам алоқамандшавии ин равандро асосан мактаб мебозад.

Аҳамиятиоила дар тарбияи бача басо муҳим буда, он вазифадор аст, ки барои фарзандаш ҳамаи шароитҳои иҷтимоиро муҳайё намуда муҳити солими оиларо барпо кунад.

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати тарбияи насли наврас ва ҷавонон махсусан истодагарӣ намуда қайд намуданд, ки “Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.

Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд.

Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем.

Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд”.

Ин гуфтаҳо моро водор месозад, ки барои тарбияи насли наврас ва ободии кишвар саҳмамонро зиёдтар намуда, барои дар амал татбиқ намудани ин гуфтаҳои боло камари ҳиммат бубандем.

Пешвои муаззами мо, раҳнамои мо ҷавоно ба ояндаи дурахшон мебошанд. Зеро ягон сарвари давлати дунё бо ин қадар ғамхориву дилсӯзӣ ва самимона ба халқаш сухан намекунад. Ин қадар таваҷҷӯҳу дилсӯзиву ғамхорӣ ин ҳама барои мост ва мо онро қадр мекунему дар амал татбиқ менамоем.

Тоҷикистонроба ҷонам, сар ба сар ман гул кунонам

Мисли дил аз синагиам, бар кафи дастам шинонам.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ