​Паёми Пешвои миллат- роҳнамо ба сӯи музаффариятҳо

Айнӣ ҳол мо зери эҳсосоти баланд ва ифтихорот аз Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорем,зеро дар Паёми навбатиашон муҳтарам Ҷаноби Олӣ бори дигар пеш аз ҳама аз дастовардҳои 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошу заҳматҳои мардуми бофархангу созандаи Тоҷикистон андешаҳои худро ба мардуми Точикистон ироа доштаанд. Боиси ифтихори мо насли замони истиқлолият мебошад,ки аз рузе,ки Пешвои муаззами миллат бар санаи сиёсат ворид шуданд ҳамеша дар зеҳнашон ва забонашон ба ҷуз муҳаббату эҳтиром ва сулҳу ваҳдати сартосари дигар ҳеҷ андешае дида намешуд ,зеро Роҳбари хирадманду дурандеш Пешвои миллат ба хотири мардуми азияткашида дар ҳамон солҳо, ки Тоҷикистон ба қисмҳо ҷудо шуда буданд ва касе бовар надошт,ки ин ҷавон метавонад зимоми давлатдориро бар зиммаи худ гирад албатта метавонист зеро ин ҷавон Пешвои маҳбуби миллат пеш аз ҳама бо хиради азалӣ ва дӯстдории ватану мардуми азияткашидааш иродаи онро мустаҳкам намуду барои ояндаи Тоҷикистон талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ кард,ки имрӯз натиҷаи ин заҳматро насли имрузу ва фардои кишвар дида истодааст ва хоҳад дид.

Тавре,ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат ироа гардид имрӯз дар тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ дигаргуниҳои куллан назаррас ба даст омадааст,ки танҳо мо метавонем онро дар давоми солҳои 2019-2021, солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,ки бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ҳис намоем, зеро дар ин давра аз ҷониби соҳибкорону ҷавонони банангу номуси кишвар дар тамоми гӯшаҳои ҷумҳуриямон дар деҳаҳои дуртарин тамоми шароитҳои мусоид барои мардум муҳаё шудааст,ки ин дастоварди бузург дар замони истиқлолият мебошад.

Воқеан имрӯз мо ба ҳадафҳои дар пешистодаамон расида истодаем ва пешниҳоде,ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат,ки солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат"- бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шавад ин қадами бузург ва саривақтӣ дар зарфи 5- соли оянда мебошад,ки дар амали гардидани ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саноаткунонии босуръати кишвар нақши муҳимро мебозад.

Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат,ки дар тамоми суханронии худ,ки ҷавононро нерӯи созанда ва пешбарандаи чомеа медонанд, имрӯз низ ин суханони тиллоии ва умед ба ояндаи неки ҷавонон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат садо дод, тавре иброз доштанд дар замони истиқлолият имрӯзҳо дар 25 давлати хориҷӣ зиёда аз 42 ҳазор донишҷӯён таҳсил менамоянд,ки аз инҳо 800 ҳазор нафарашон донишҷудухтарон мебошанд,ки ин ҳам дастоварди бузург дар замони истиқлолият мебошад. Воқеан ифтихори бузург аст гарчанде,ки падарону модарон ва бародарони мо дар ҳафтод соли шурави имконияти таҳсил дар хориҷи кишварро надоштанд вале барои насли имрӯз ва фардои кишвар ин имконият даст додааст,ки ҷавонон дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд ва мутахассисони баландихтисос ва соҳибтаҷриба гардида дар Ватани азизамон хизмати содиқонаву софдилона анҷом медиҳанд.

Ҳамчунин дар Паёми Пешвои муаззами миллат аз бузургиву марҳамати зан модар сухан рафт ва бузургии модари миллати тоҷикро,ки мо аз модар ба дунё омадем ва бо навозишу меҳрубонии модарон ба воя расидем Пешвои миллат дар суханронии худ баён доштаанд,ки ин аз бузургии Пешвои муаззами миллат арҷ ва эҳтиром гузоштан ба зан модари миллати тоҷик мебошад зеро мо аз рузе,ки ба дунё аз домони поки модар меоем аллаҳои ошиқонаву меҳрубононаи модаро мешунавем вақте,калон мешавем навозишу тарбияи модаро мебинем хулас то рӯзе,ки модар дар ҳаёт ҳаст дар фикри фарзандону ҷигарбандонаш боқи мемонад.

Тавре, ки Пешвои миллат таъкид менамояд ояндаи дурахшони Точикистон дар дасти ҷавонони донишманд, масъулиятшинос, донандаи забонҳои хориҷӣ ташаббускору созанда мебошад ва мо ҷавонон вазифадорем, ки тамоми масъулияти худро барои боз хам расидан ба ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор гардидан ба бовариву эътимоди Пешвои муаззами миллат талош намоем ва содиқонаву софдилона дар Ватани азизамон бо як масъулияти бузурги ватандорӣ хизмат намоем.

Шамил Назарзода, журналист

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ