​Паёми Президент раҳнамои зиндагии шоиста

Паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи мардуми шарафманди кишвари Тоҷикистон равона карда шудааст. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми декабри соли 2021 дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар оғози Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазифаҳои муҳимтарини марҳилаи ҳозира таъкид карданд, ки «Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад». Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон инъикосгари сиёсати кишвар дар дохил ва хориҷи он муайян гардида ҳамаи соҳоҳои фаъолияти мардуми кишварро дар бар мегирад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаашон ба парлумони Тоҷикистон солҳои 2022-2026 дар кишвар панҷсолаи рушди саноат эълон карданд.

Раиси кишвар ҳамзамон дастур доданд, ки дар ин муддат беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам созанд. Инчунин қайд гардид, ки даромади аҳолӣ бояд дар ин давра то ду маротиба афзоиш ёбад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 дарсад расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фисад поин оварда шавад.

Раиси Ҷумҳур дар баромади худ иброз карданд, ки аҳолии кишвар дар соли 2026 ба 11 миллион нафа р мерасад ва аз ин лиҳоз сохтмони корҳонаҳо низ бояд бештар гардад.

Пешвои миллат дар баромади худ ба соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карданд:

«Ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид».

Инчунин қайд гардид, ки «Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад».

Ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ диққати махсус дода шуд. Умуман, зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Бори дигар, мо устодон ва омўзгорон аз сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат изҳори қаноатмандӣ зоҳир намуда, барои дар татбиқ намудан ҳар як нуқтаҳои дар Паём овардашуда кўшиш менамоянд.

Устодони кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ Паёми навбатиро бо сарбаландӣ пешвоз гирифтанд.Устодон ва донишҷўён тавассути телевизон ба таври мустасқим онро тамошо карданд.Аз аввалин суханронии Президент маълум гашт, кион ба беҳбудии ҳаёти шаҳрвандон равона карда шуда аст. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омўзгорони кафедраи мазкур аҳамияти хеле калон дорад.

Аз ҷониби Сарвари мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат» дониста шудани илму маориф тамоми кормандони соҳаи илму маорифро водор менамояд, киба ҳисси баланди ватандўстию меҳанпарастӣ дар раванди ислоҳот ва беҳбуд бахшидан ба сифатитаълиму тарбия,корҳои тадқикотию илмӣ бо тамоми ҳастӣ кору фаъолият намоянд.

Устодони кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ Юсупова М.А., Раҷабова М.М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ