Оинаи пешбарандаи рушди иқтисодиёт ин - Паём аст

Дар санаии 21-уми декабри соли равон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки дар он самҳои сиёсати давлату ҳукумат бо роҳбарии Пешвои милли бароҳ монда шуд. Зимни ироаи Паём дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ ифода гардид.

Хусусияти Паёми имсола дар он буд, ки вобаста ба пешрафт ва дастовардҳои назарраси соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ҷамъбаст ва барои солҳои минбаъда, алалхусус соли 2022 нақшаҳои дурномои давлату ҳукумат барои тамоми сокинони кишвар пешбинӣ гардид.

Аз ҷумла яке аз соҳаҳои ҳаёту фаъолияти инсон ин соҳаи иқтисодӣ ба шумор меравад, ки дар Паём зикр гардид: дар бист соли охири даврорни истиқлолият рушди иқтисодиётидар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат 1,8 миллиард сомониисоли 2000 то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Ин нишондод аз он дарак медиҳад, ки дар соҳаи иқтисодиёти кишвар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату кӯшиши ҳукумату халқ натиҷаи назаррас буда, барои некӯаҳволии халқ мусомдат менамояд.

Илова бар ин, дар бист соли охир 138 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд.Худи ин нишондиҳандаи пешбурди соҳаи иҷтимоӣ аҳолии кишвар буда, барои рушди ҳаёти шаҳрвандон таъсири мусбии худро гузоштааст, ки ба ҳамагон низ мааълум мебошад.

Боиси зикр аст, ки барои таъмин намудани рафту омади бемамонияти мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммунмкатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.

Ин нишондиҳандаи дар боло зикр гардида аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати пешгирифтаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созанда ва буёдкор буда, баҳри пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Аз ин хотир мо ба хулоса омада, гуфта метавонем, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки барои тамоми ҳаёту фаолияти ҷомеа мусоидат намуда, баҳри пешрафт ва некӯаҳволии халқу миллат мувофиқ ва меносиб мебошад.Мо ҷавонон тарафдори сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем ва ҳамеша бо иқдому пешниҳодҳояшон барои халқу миллат содиқона хизмат менамоем.

Сиёсати пешгрифтаи Сарвари давлат баҳри беҳбудӣ ва шукуфоии кишвар ҳемеша ҳамқадам буда, боиси ифтихор ва сарфарозии тамоми сокинони ватани азизамон мебошад. Аз ҷумла мо ҷавонон низ аз ин ифтихор дорем ва сарфарозем.

Омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Аҳорори Б.С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ