​Аз таърихи пайдоиши абрешим ва атлас

Чин ба ҷаҳон абрешим тақдим намуд. Абрешим худ як матоъи нодир ва гаронбаҳо аст. Ӯ яке аз содироти асосии Чин ба шумор мерафт.Якҷоя бо фарфор ва чой, абрешим Чинро дар тамоми ҷаҳон машҳур сохт. Тасодуфӣ нест, ки роҳҳои тиҷоратӣ, ки Чинро бо кишварҳои Осиё ва Аврупо мепайваст, “Шоҳроҳи абрешим” номиданд. Абрешим маҳсули партови кирмак мебошад, ки дар атрофи худ пиллаи қавӣ мепечонад. Аммо ки аввалин шуда, тахмин кард, ки ин пилларо бофта, риштаро печонида, сипас матоъ мебофтанд? Дар Чин дар ин бора ривоятҳои зиёде мавҷуданд. Машҳуртарини онҳо пайдоиши кирмакпарвариро бо Лей-Цзу, зани калонии императори асотирӣ Хуан-ди, ки империяи осмониро аз соли 2698-2598 пеш аз милод ҳукмронӣ мекард, мепайванданд. рӯзе зани калонии императорХуандӣ Лей-Цзу дар боғ, дар зери тут чой менӯшид. Ва чанд пиллаи кирмак тасодуфан ба пиёлаи ӯ афтод. Лей-Цзу ба баровардани пилла аз пиёлаи хуш шурӯъ кард, вале пиллаҳо ба баробари кашида гирифтани ӯ ба риштаи дароз боз шудан гирифт. Баъд ба Лей-Цзу шавқовар шуд ва ба чидани боқимондаи пиллаҳои дар дарахт овезон буда, шурӯъ кард. Аз риштаҳои ба дастомада, ӯ матоъ мебофт ва барои шавҳараш либос медӯхт. Аз ҳамин лиҳоз либоси абрешимиро дар давраҳои қадим танҳо импрераторону ҳокимон ба бар мекарданд. Хуандӣ аз ин бозёфт бохабар шуда, усулҳои парвариши кирмак ва истеҳсоли абрешимро такмил дод. Кирмакпарварӣ ва бофандагии абрешим ана ҳамин тавр пайдо шуд. Бо шарофати кашфи ӯ, Лей-Цзиро низ Силин-чи яъне бонуи кирмаи абрешим меномиданд ва вай ҳамчун олими парастори кирмакпарварӣ ҳисобида мешуд. То имрӯз, дар аввали апрел, Лей-Цзу дар музофоти Чжэндзян ҷашн гирифта мешавад.

Тибқи ривояти дигар, замоне падару духтар зиндагӣ мекарданд ва онҳо аспи мӯъҷизавор доштанд, ки на танҳо дар осмон парвоз мекард, балки забони одамиро низ мефаҳмид. Ин асп ба духтар ошиқ шуда буд ва барои духтар ба ҳама чиз омода буд. Рӯзе падар ба тиҷорати худ рафт ва ғайб зад. Духтар хеле ғамгин шуд ва ҳамаҷоро ҷустуҷӯ мекард, вале ҳамаи ҳаракатҳои ӯ бефоида буд. Ва ӯ ваъда дод, ки касе ки падари ӯро дарёфт намуда ба наздаш орад, бо ӯ хонадор мешавад. Ин суханони духтарро аспи ӯшунид ва ба ҷустуҷӯи падари духтар шурӯъ кард. Ин асп парвозкунон ҳамаи ҷойҳоро кофт ва падари духтарро ёфта ба назди духтар овард. Вақте , ки ваъдаи додаи духтарро падараш фаҳмид ба ҳайрат афтод. Ӯ мехост, ки ин издивоҷро пешгирӣ намояд. Ва ба хулосае омад, ки ин аспро кушад. Ин мард ба мақсади ба назди худ гузоштаро амалӣ намуд. Онҳо пӯсти аспро канданд, ва онро тунук карданд. Он пӯсти асп духтарро печонид ва парвозкунон бо худ гирифта бурд. Онҳо муддати зиёд парвоз караданд ва ниҳоят ба дарахти тут фуруд омаданд. Ва лаҳзае, ки духтар дастони худро ба шохҳо расонд, вай ба кирмак табдил ёфт. Ва ҳар даврае ки риштаҳои дарозу борикро мекушоданд, духтар ҷудоии худро аз аспи маҳбуби худ ҳис мекард.

Ривояти дигар мегӯяд, ки занони Чини қадим абрешимро тасодуфан кашф кардаанд. Рӯзе занони Чини қадим ба боғ баромаданд. Онҳо ҳосили меваи дарахтонро мечиданд. Вақте ки онҳо ба зери дарахти тут омаданд аз меваи аҷиби сафеди ин дарахт ба ҳайрат омаданд. Онҳо андеша карданд, ки ин чӣ гуна мева мебошад, ки ончунон сахт аст ва хӯрдани чунин мева хеле душвор мебшад. Сипас, онҳо ба фикри ҷӯшонидани ин меваҳо омаданд, бо умеде, ки дар вақти ҷӯшидан ин меваҳо шояд нарм ва мулоиму хушхур шаванд. Дар ниҳоят, занон сабрро аз даст доданд ва онҳоро бо чӯбҳои ғафс заданд. Ин буд, ки абрешим ва кирмак пайдо шуд. Маълум шуд, ки меваи сафед ба ҷуз пиллаи кирмак чизи дигаре набудааст.

Юнониҳо ва Румиён Чинро “Кишвариабрешим” –Серик номиданд. Абрешим дар байни аъёну ашрофон хеле маъмул буд. Абрешим бениҳоят нархи гарон дошт, аммо бо вуҷуди ин, онро бо шавқ мехариданд. Нархи матоъ ба 300 динор мерасид, ки ин миқдори пул маоши легионери румӣ дар тӯли як сол буд. Воридоти абрешим ба иҷтисодиёти империяи Рим таҳдид мекард. Дар соли 380 муаррихи Рим Аммианус Марселинус (тахминан 330-пас аз соли 395) навиштааст, ки “истифодаи абрешим, ки як замонҳо танҳо ба ашрофон маҳдуд буд, ҳоло дар тамоми синфҳо бидуни фарқият, ҳатто дар байни пасттаринҳо паҳн шудааст.

Бо вуҷуди ин, сирри истеҳсоли абрешим муддати дароз кушода нашуда монд. Бисёр шарҳҳои афсонавӣ вуҷуд доштанд. Вергилий (асри 1 пеш аз милод), масалан, боварӣ дошт, ки абрешим аз пашм, аз барг сохта мешавад. Таърихнигори юнонӣ Дионисий Фракӣ (асри 1 пеш аз милод( чунин мешуморад, ки абрешим аз гул сохта мешавад. Тахмин мезаданд, ки риштаҳои абрешимитобнок дар дарахтон мерӯянд ё онро гамбӯсакҳои азим офаридаанд ва ё онро аз суфраи парандагон месозанд. Таърихнигори Рум дар асри IV Аммианус Марселинус ин тавзеҳотро пешниҳод кардааст: “ матоъҳои абрешимӣ аз хок сохта мешаванд. Хоки Чин мисли пашм нарм аст. Пас аз об додан ва табобати махсус метавон онро барои сохтани риштаҳоиабрешим истифода кард.”

Хитоиҳо сирри тайёр кардани абрешимро бо ҷидду ҷаҳд муҳофизат мекарданд. Ҳар касе ки, тухм, кирм, пиллаи кирмакро ба хориҷа интиқол доданӣ буд, қатл карда шуд. Бо вуҷуди ин, дар Корея ва сипас дар Ҷопон онҳо сирри истеҳсоли абрешимро омӯхтанд. Тахмин мешавад, ки ба Корея тақрибан асри II абрешимро худи чиниҳое, кимуҳоҷират мекарданд, бурда буданд. Абрешим дар ҷазираҳои Ҷопон дар асри 3 мелодӣ пайдо шудааст. Пас, дар асри IV, истеҳсоли абрешим дар Ҳиндустон ба роҳ монда шуд.

Дар бораи он, ки чӣ гуна технологияи абрешимсозӣ дар дигар кишварҳо маълум гаштааст, якчанд ривоятҳо мавҷуданд. Ман бо яке аз онҳо розӣ ҳастам. Шоҳдухтари чинӣ бо шоҳзодаи Хутан издивоҷ карданд. Шаҳзодаи Хутан аз шоҳдухтари чинӣ хоҳиш намуд, ки тухми тут ва пиллаҳои кирмакро ҳамроҳи худ биёрад. Дар дигар сарчашмаҳои омадааст, ки худи шоҳдухтар мехост, онҳоро ба ватани наваш барад. Вай тухмҳо ва пиллаҳоро дар мӯйи худ пинҳон карда, берун аз Чин бурд. Ин тақрибан соли 440 рух додааст. Ва аз он ҷо сирри истеҳсоли абрешим ба тамоми ҷаҳон паҳн шуд.

Мувофиқи ривояти дигар, сирри онро ду роҳиб фош кардаанд. Тақрибан соли 550 онҳо пинҳонӣ тухмҳои кирмак ва тухми тутро ба императори Везантия Юстиниан I (483-565) чӯбҳои пӯсидаи бамбукихуд оварда буданд. Ҳамин тариқ, Византия аввалин кишваре буд, ки ба мамлакатҳои Ғарб ворид, ки дар он ҷо кирмакпарварии худи он пайдо шуд. Калисо ва давлат коргоҳҳои абрешимии худро таъсис дода, истеҳсолотро монополия карда, сирри истеҳсоли онро бо ҷидду ҷаҳд муҳофизат мекарданд. Дар асри VI форсҳо санъати бофандагиро аз худ карда, шоҳкориҳои худро офариданд.

Аввалин матоъҳои абрешимӣ хеле нодир ва гарон буданд, бинобар ин онҳоро танҳо ҳокимон ва аъзои оилаи онҳо мепӯшиданд. Ба эҳтимоли зиёд, дар дохили қаср онҳо ҷомаҳои сафед мепӯшиданд ва дар баромадгоҳҳои маросимӣ бо зардро. Бо тавсеаи истеҳсолот, абрешим тадриҷан ба суд дастрас шуд ва сипас ба табақаҳои васеи аҳолӣ дастрас шуд. Оҳиста-оҳиста, дар Чин як парастиши ҳақиқии абрешим ба вуҷуд омад. Дар матнҳои қадимаи чинӣ дар бораи қурбониҳо ба кирмак, инчунин дарахтзорҳои муқаддаси тут ва гиромӣ доштани дарахтони тут гуфта шудааст.

Дар давраиҳукмронии сулолаи Хан (206 пеш аз милод-220 мелодӣ) абрешим як навъ эквиваленти ҳамагонии пулӣ гардид: деҳқонон андозҳоро бо ғалладонагӣ ва абрешим пардохт мекарданд, ҳукумат инчунин мансабдоронро бо абрешим пардохт мекард. Арзиши абрешим аз рӯи дарозии он ҳисоб карда шуда, ба тилло баробар карда мешуд. Абрешим аслан ба асъоре табдил ёфт, ки ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо дигар кишварҳо истифода мешуд. Нақши муҳими абрешим дар фарҳанги Чин аз он шаҳодат медиҳад, ки аз 5000 иероглифе, ки бештар истифода мешавад, тақрибан 230-тоаш калиди “абрешим” доранд. Якчанд мисолҳоро меорем:

絲(si),丝绸 (si chou ),肉絲 (rou si),絲竹 (si zhu)

Як шеъри кӯтоҳ дар бораи мушкилоти парвариши кирмак:

养蚕 词

Yăng cán cí

Суруди ғизодиҳии кирмак

作者 : 缪 嗣 寅

Zuòzhě: Miào Sìyín

Муаллиф: Миао Сиин (эраи Цин, санаҳои тахминии зиндагӣ - 1662-1722)

蚕 初生 ,

Cán chū shēng

[Вақте ки] кирмак таваллуд мешавад,

采 桑 陌上 提 筐 行 ;

Cǎi sāng mò shàng tí kuāng xíng

Ман баргҳои тут ҷамъ мекунам, бо сабад қад-қади марз меравам;

蚕 欲 老 ,

Cán yù lǎo

[Вақте ки] кирмак ба пухтан омода мешавад,

夜半 不 眠 常 起早。

Yèbàn bù mián cháng qǐ zǎo

Шаб то дер хоб намерам ва аксар вақт барвақт мехезам.

衣 不暇 浣 发 不 簪 ,

Yī bù xiá huàn fà bù zān

Ман вақт барои шустани либос надорам ва мӯйҳоямро намепартоям,

还 恐 天 阴 坏 我 蚕。

Hái kǒng tiān yīn huài wǒ cán

Ман инчунин метарсам, ки ҳавои боронӣ кирмакҳои маро вайрон кунад.

回头 吩咐 小 儿女 ,

Huítóu fēnfù xiǎo nǚ’er

Ба қафо нигариста, ман духтари хурдии худро таълим медиҳам,

蚕 欲 上山 莫 言语。

Cán yù shàng shān mò yányŭ

[Вақте] катерҳои кирмак ба боло баромадан мехоҳанд [барои абрешим таъкид кардан], ман ҷуръат намекунам, ки гап занам!

Дар айни ҳол бо тақозои афкори муҳаққиқон маъвои нахустини тавлиди абрешим, бешак, Чин аст ва ин дастоварди аграрию саноатии хитоиҳои қадим ба туфайли ифтитоҳ ва фаъолияти «Шоҳроҳи абрешим» писанди башарият шуд. Ин ҷодаи бузурги мобайни Шарқу Fарб аз асри II пеш аз мелод оғоз ёфта, бо иқдому ташаббуси императори Хитой У-Ди ва шоҳаншоҳони тоҷикони Порти бузург Меҳрдоди якум ва Меҳрдоди дувум дар давоми 1800 сол то асри XVI аз Фарғонаву Суғди Варорўд то то ғарби Хуросон ривоҷу равнақ ёфт. Шоҳроҳи абрешим дар таҷаддуди иқтисодиёту фарҳанги Шарқу Fарб нақши назаррас гузошт.

Вале хилофи афкори зикршуда ба ақидаи доктор Тақӣ Баҳромӣ Эрон ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Суғду Фарғона ватани кирмаки танинандаи пиллаи зард, Чин бошад ҷойгоҳи тавлиди кирмаки истеҳсолкунандаи пиллаи сафед будааст. Яъне, мамлакати тоҷикон: Варорўд, Хоразм, Хуросон дар радифи Хитой аз аввалин хостгоҳи кирмакпарварӣ, пиллапарварӣ ва истеҳсолу коркарди абрешим ҳамчун самараи тамаддуни ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Истилоҳоти «аперешум»-и паҳлавӣ-портӣ, «абрешим»-и форсии дарӣ, «врешам»-и афғонӣ, «варшум», «врежом»-и забонҳои помирӣ, «апрешум»-и арманӣ, «ибарисам», «ибрасам»-и арабӣ-семитӣ аз кашфиёти тоҷикӣ-эронӣ будани тухми кирмак ва фарҳанги абрешим хабар медиҳанд. Суғдиён, ки якҷоя бо бохтариён, хоразмиён, портиён, сакоиҳо бунёди этникии тоҷикони бостонро ташкил менамуданд, вожаи «абрешим»-ро дар шаклҳои «сYn» «cYnh»-«пуду тори абрешим», дар намуди «pwt’k», «sudws» - «ҷомаи абрешим» мавриди истифода қарор доштанд. Яқинан абрешим ва порчаҳои аз он бофташудаи пешаварони суғдӣ ба баҳои баланд ва эътибору арзёбии шоистаи муштариёни Чин сазовор гаштанд. Арзёбии солномаи зикршудаи хитойӣ сифати хуби колоҳои саноати дастии шоҳибофии Суғдро тасдиқ мекунад. Ҳамчунин аҳолии Суғд ва дигар вилоятҳои Осиёи Миёна баробари содироти абрешим, матоъҳои зарбофт ва газворҳои пахтагин сўи кишварҳои ҳамҷавори дуру наздик ба воридоти газворҳои истеҳсоли Хитой эҳтиёҷ доштанд. Fурак-подшоҳи Суғд дар аввали асри VIII ба волии Хуросон, сарлашкари араб Қутайба ибни Муслим контрибутсияро (товони ҷангро) бо матои абрешимини «дебо» пардохт. Ба гуфти Балъамӣ (асри Х) ҳар тўби дебо баробари 100 дирҳами нуқрагӣ қимати баланд дошт. Ҳоқони (подшоҳи) тюргешҳо Курсул соли 737 моҳонаи ҳар нафари ҷанговарони хешро бо лўндаи абрешими нархаш 25 дирҳам супурд. Табарӣ мавриди тавсифи сарулибоси Курсул-малики туркҳо шалвори дибоҷӣ, қабои атласини бо шероза зиннат ёфтаро номбар кардааст. Яке аз аввалин сабти вожаи «атлас» бо ҳамин ном дар ахбори мазкури Табарӣ оварда шудааст. Аксари пораҳои матоъҳои аз кўҳи Муғи саргаҳи Зарафшон дарёёфтшуда бофти муқаррарии суннатии карбосию суфӣ доштанд. Пораҳои боқимондаи матоъҳои абрешимини кўҳи Муғ бо услуби сернақшу нигор ва тасвири шерҳо, уштурҳо, мурғон гулабардорӣ шуда, ба нақши атлас шабоҳат дошт. Ба гуфти ҷуғрофиёшиносон Ибни Хурдодбеҳ, Ибни Руста, Истахрӣ, Ибни Ҳавқал, ал-Муқаддасӣ, муаллифи номаълуми рисолаи «Ҳудуд-ул-олам», муаррихон Яъқубӣ, Наршахӣ дар асрҳои IX-Х Самарқанд, Бухоро, Вардона, Зандона, Хуҷанд, Фарғона (Косон) марказҳои маъруфи истеҳсоли порчаҳои пахтагӣ, абрешимӣ маҳсуб меёфтанд. Тўли асрҳои Х-XV Хуҷанд дар манзалаи шаҳри бузурги пешаварону ҳунармандон, аҳли тиҷорат ва фарҳанг, конуни ҷаҳоншумули абрешими сифаташ аъло, навъҳои матоъҳои пахтагӣ, тораш абрешиму пудаш ресмон ва порчаҳои соф абрешимини суфтаю силиқ ва нақшу нигордор гузошта шуда буд. Хусусан шоҳӣ, атлас, адрас, подшоҳӣ, беқасаб, хоса, қоқӣ ва карбоси Хуҷанд, Кандибодом, Кўшкак, зарбофти Исфара, атласи машҳури Язд-шаҳри тоҷикон дар ҳошияи Дашти кавири Эрон, матоъҳои тибитӣ, қаламӣ алоча, чити Истаравшан дар чорсўи дунё харидорони зиёд доштанд.

Вожаи «атлас» аз замони пеш аз ислом то рўзҳои мо дар мадракҳои хаттии суғдӣ, абъёти алломаҳо, шоирон, адибон, аз ҷумла Абў Саиди Абўлхайр (охири асри Х нимаи аввали асри Х1) Заҳири Форёбӣ (асри Х11), Қатрони Табрезӣ (асри XI-ХII), Саъдии Шерозӣ (асри Х111), Камоли Хуҷандӣ (асри Х1V) зикр шудааст. Чунончӣ:

То чанд кашам ғуссаи ҳар нокасро,

В-аз хусти худ хок шавам ҳар касро.

Корам ба дуо чу бар намояд рост,

Додам се талоқ ин фалаки атласро.

Аллома Абў Сайиди Абўлхайр

Зебад Камол хирқа бар қомате, ки омад,

Дар чашми ҳиммати ў яксон палосу атлас.

Гуфтам гарди палосат з-атласи мо беҳ Камол,

Бо ҳама олам палосу домани дарвешам.

Дарвеш туро ҷо зи бари атласи чарх аст,

Хуш бош ду се рўз, ки дар зери палосӣ.

Камоли Хуҷандӣ

То ҷинси хитойӣ бувад, эй атласи кошӣ,

Дар бор манеҳ лоф ту борӣ чӣ қумошӣ?

Гар атласи Яздӣ надиҳад даст занонро,

Месозад агар з-он, ки бисозанд ба кошӣ.

Низом Қории Албиса (асри ХVI)

Атлас, ки матои тору пудаш зичи соф абрешимӣ ва нимабрешимӣ буд, дар тарзи зиндагӣ ва маданияти тоҷикон ба тарзи васеъ истифода мешуд. Аз ҷумла, он барои дўхти сарулибос, пойафзол, тайёр намудани пўшиши шоҳкурсӣ ва нишастгоҳҳои табақаҳои ашрофон, ҷома ва пероҳани занону мардон сарф мегардид. Инчунин атласи нимабрешимин барои ба абраи кўрпаю кўрпачаҳо ба кор мерафт. Атласи олисифат ва хушрангро «хонатлас» меномиданд ва он дар дастгоҳҳои махсус бофта мешуд. Нусхаҳои анъанавии атлас «шоҳсабз», «барги карам» ва «атласи сиёҳ» ном дошт. Ду навъи атласи анъанавро дар дастгоҳҳои (дўконҳои) бофандагии дастии дорои чорпопушал (чорпедал) ва ҳаштпопушал (ҳаштпедал) истеҳсол менамуданд.

Дар ҳама дӯконҳои тӯҳфаҳои хотиравии шарқӣ чашмҳоро матоъҳои дурахшон ва барҳаво ҷалб мекунанд. Якчанд ривоятҳо дар бораи хон-атлас мавҷуд ҳастанд. Дар замонҳои қадим ҳокими Марғилон бори панҷум хонадоршудан хост. Вай қарор кард, ки духари бофандаи камбағалро ба ҳамсарӣ интихоб кард. Он бофанда ба ҳарос омад ва илтимос кард, ки духтарашро тарк кунад. Баъд хон гуфт, ки ягон чизи ғайриоддӣ, фавқулода ва зебое то субҳи рӯзи дигар офарад. Хон ваъда кард,ки агар аз ӯҳдаи ин супориш барояд, духтарри бофандаро фаромӯш мекунад. Падари батааҷҷубомада ба ин шарт розӣ шуда, ба дарёфт намудани роҳи иҷрои он шурӯъ кард. Ӯ муддати дароз дар лаби ҷӯйбор нишаст ва чӣ кор карданашро намедонист. Аз Худованд илтиҷо мекард, ки ба ӯ кӯмак кунад. Ногаҳон чашмонаш ба об меафтад ва ӯ дар он об инъикоси абрҳоро дид, ки пас аз борон бо ҳама рангҳои рангинкамон рангоранг буданд. Бофанда дарк кард, ки чӣ меофарад ва шодона ба хона давида ба кор шурӯъ кард. То субҳ ӯ дар бофдани он чиз машғул шуд. Чизи бофтаи ӯ матои зебо ва сабукеро, ки бо тамоми рангҳои рангинкамон медурахшид, медид. Бофанда шодон ба сӯи Шоҳ рафт. Ӯ матои аҷибро ба ӯ тақдим кард. Бо дидани ин матоъ шоҳ аз зебоии он матоъ мафтун гашт. Ӯ аз бофанда пурсид: чӣ гуна ин мӯъҷизаро офаридааст? Бофанда гуфт, ки баргҳои дарахтонро, ки борон шустааст, гирифта, баргҳои лола, нурҳои офтоб, кабудии осмон, дурахшонии чашмони духтарашро илова карда, ҳамаашро омехта кардааст. Ба ин матои дилпазир номи “хон-атлас” (абрешими хон) дода шуда буд ва хон духтари зебои бофандагиро бо писараш издивоҷ кард.

Ривояти зебо дар бораи як бофандаи камбағал ки рӯзе ба духтари соҳибҷамол ошиқ мешавад. Ӯ мехоҳад, ки духтарро бо ягон чизе, ки маҳсули дастони худ аст, мафтун созад. Ва ӯ ба рӯи матоъ ба монанди зебогии духтар рангҳоеро, ки дар кӯли назди кӯҳ буда инъикоси кӯҳ, нури офтоб тасвир кард. Бо ин амал ӯ дили духтарро ба даст овард.

Хулоса, тоҷикон дар мақоми миллати саноатӣ, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни башарият саҳми босазо гузоштанд. Аз ҷумла, халқи тоҷик кошиф ва ихтироъкори абрешим, матоъҳои абрешимин, минҷумла атласи оламшумул ҳамчун яке аз рукнҳои арзиши бебаҳои миллӣ дар ҷаридаи олам шўҳрат ёфтанд.

Душабаева Азизахон,

донишҷӯи факултети забонҳои шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ