Ваҳдати миллӣ-пояи сулҳу осоиштагӣ
Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон , нумуи даврон ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони бурунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар микёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои байналхалқӣ гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Бо шарофати роҳи муайянкардаи Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб баргузор гардида буд, тавассути талошу муборизаҳои фарзандони фарзонаи миллат, шароити аҳли хирад ва кўшишу ғайрат ва сиёсати хирадмандонаи сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона, дар таҳкими сулҳ ва ризоияти миллӣ дар панҷ соли пас аз иҷлосияи таърихӣ корҳои азиме ба сомон расонида шуд, ки ин ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик мебошад.
Мусаллам аст, ки сулҳу осоиш , ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ кори саҳлу осон набуд. Роҳи басо душвор ва пурпечутобро паси сар кардан лозим омад.
Раванди мутассили музокироти байни тоҷикон ба мақсади пойдории сулҳ дар кишвар, хотима бахшидан ба амалитҳои ҷангӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ҳалли мушкилоти гурезаҳо ва таъмини ризоияти миллӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд.
Бо иқдоми бевоситаи ў аз 5 то 19 апрели соли 1994 бо миёнравии Созмони Миллали Муттаҳид дар Москва вохўрии нахустини ҳайати ҳукуматӣ бо намояндагони мухолифин доир гардид.
Дар марҳилаҳои аввали музокирот масъалаҳои марбут ба хотима додани амалиёти ҷангӣ, андешидани тадбирҳо доир ба барқарорсозӣ ва таҳкими ҳусни тафоҳум, бозгашти бемамоният ва бехэатарии гурезаҳо ба Ватан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар анҷоми марҳилаи аввал комиссияи муштарак оид ба гурезҳо таъсис дода шуд.
Марҳилаи дуюми музокирот байни тоҷикон аз 18 то 28 июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрондоир гардид.
Тарафайн муваффақ шуданд, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои басо мураккаб, консепсияи оташбас бо дар назардошти ақидаҳои изҳоргардида мавриди муҳокимаи муфассал қарор гирифт. Лоиҳаи протокол доир ба усулҳои назорат аз тарафи намояндаи махсуси Муншии умумии Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод карда шуд.
Аммо дар баррасии масъалаи марбут ба мўҳлати татбиқи созишномаи оташбас ихтилофи назарҳо ба амал омад, ки он барои ба имзо расидани Созишнома, оид ба қатъи амалиёти ҷангӣ монеъ шуд.
Марҳилаи сеюми музокироти байни тоҷикон аз 20 октябр то 1 ноябри соли 1994 дар шаҳри Исломобод доир шуд. Дарин музокирот ба тарафҳо муяссар гардид, ки мўҳлати амали созишномаро ба мўҳлати се моҳ дароз кунанд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки барои ба ваҳдати миллӣ расидан ба халқи тоҷик боз дигар мамлакатҳое, ки дар ҳамон давраи барои Тоҷикистони тозаистиқлол душворбетарафнамонда, дасти ёрӣ дароз карданд , ки яке аз чунин амалҳои башардўстонаи онҳо дар миқёси давлати онҳо баргузор гардидани гуфтушинидҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифин ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, дар ин музокирот тарафҳо роҷеъ ба зарурияти таъмини кафолатҳои иловагӣ дар мавриди амнияти аҳолии осоиштаи маскуни води Қаротегин ва роҳи ба ин минтақа фиристодани нозирони ҳарбии СММ ва пурсамар сохтани фаъолияти созмонҳои байналхалқии ҳифзи ҳуқуқ андешаҳои худро баён намуданд.
Марҳилаҳои навбатии музокирот дар шаҳри Ашқобод доир гардида, дар таърихи гуфтушуниди миёни тоҷикон бо номи даври бетанаффус ворид шуд.
Дар зермарҳилаи якуми даври бетанаффус Протокол дар бораи принсипҳои асосии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Қобили тазаккур аст, ки бидуни мавҷул будани душвориҳо дар раванди музокироти Ашқобод, нуқтаи назари тарафҳо роҷеъ ба муаммоҳои мубрам, аз қабили иҷрои Созишнома дар бораи оташбас, дароз намудани мўҳлати фаъолияти миссияи СММ ва Комиссияи муштарак оид ба назорат аз болои оташбас, баргардонидани гурезаҳо бо ҳамдигар хеле наздик буданд.
8-уми октябри соли 1996 дар шаҳри Теҳрон гуфтушунид миёни гурўҳҳои кори Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони ИНОТ оғоз ёфт.
Ҳадафи асосии ин вохўрӣ таҳия намудани санаде буд, ки мебоист се гурўҳи масъалаҳоро фаро мегирифт; дароз кардани мўҳлати оташбас табодули асирони ҳарбӣ ва маҳбусон; роҳҳои ҳамкории мухолифин бо Ҳукумати Тоҷикистон.
23-уми декабри соли 1996 дар шаҳри Москва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ С.А. Нурӣсозишномае ба имзо расид, ки мутобиқи он тарафҳо ўҳдадор шуданд, ки ҳама гуна музокиротро то 1 июли соли 1997 ба анҷом расонанд. Ҳадафи асосии ин созишнома қатъи ҷанги гражданӣ дар ҷумҳурӣ буд.
Қисми асосии созишномаро протокол дар бораивазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) ташкил менамуд.
27-уми июни соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Иттиҳоди нерўҳои оппозитсияи ТоҷикистонСаид Абдулло Нурӣ ва намояндаи махсуси котиби Генералии СММ Герд Дитрих Меррем дар шаҳри Москва ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гузоштанд.
Санади мазкур ба музокироти байни тоҷикон, ки таҳти сарпарастии СММ беш аз се солидома ёфт, ҳусни хотима бахшид.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар роҳи расидан ба сулҳ, ба Ватан баргардонидани садҳо ҳазор гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, давлатҳои алоҳида ҳамчун падидаи нодир эътироф шуда, мавриди таҳлилу омўзиш қарор ёфтааст. Бо мақсади омўзиши таърихии сулҳи тоҷикон ва тоҷикистониён дар шаҳрҳои Душанбе, Санкт-Петербург, Москва конфронсҳои илмию амалии байналхалқӣ, симпозиумҳо гузаронида шудаанд.
«Тоҷикистон- таъкид намуд собиқ Муншии умумии СММ Кофе Анан – ба бисёр мамлакатҳо дар бобати яктарафа кардани ихтилофоти дохилӣ ибрати беназир нишон дод. Ба фикрам ин саҳми Тоҷикистон ба таърихи эҷоди сулҳ аст».
Бо таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷикбархоста ба тафаккури созандаву иродаи қавӣ, фитрати баланду дўстпарваронаи ин мардум вобаста аст. Дастоварди бузургтарини мо , ки на танҳо насли имрўзаи кишвар, балки наслҳои оянда низ аз он ифтихор хоҳанд кард, таъмини сулҳу осоиштагӣ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Имрўз, ки мо сулҳро ҳамчун ғояи миллии Тоҷикистон эълон кардаем, таъкид намуд Сарвари давлати тоҷикон, ҳамаамон чӣ хурду чӣ бузург, бояд ин гавҳари гаронбаҳоро эҳтиёт кунем , онро ҳифз намоем ва нагузорем, ки ба ин кохи мўҳташами миллат, ки номаш хонаи сулҳ аст, осебе расад.
Бо таъбири Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон – «Арзиши муқаддасу таърихӣ омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа,сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад».
Дарвоқеъ, вахдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳамаҷониба пеш меравад.
Айни замон, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст метавонад дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии худро барои ҷаҳониён бо арзи сипосу ифтихор ва сари баланд нишон диҳад, ки яке аз ин дастовардҳои беназири сиёсиву таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол ин бемамоният ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиштагӣ ба ҳисоб меравад ва мо халқи сарбаланди тоҷик бояд аз он ифтихор кунем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем , ба қадри ҳамаи кўшишу талошҳо ва заҳматҳои шабонарўзии Сарвари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнати софдилонаи халқи тоҷик бирасем ва онро ҳифз намоем.
Абдуллоева А.Р. - сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносии МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров”