Ваҳдат дастоварди беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол

Дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон яке яз воқеаҳои муҳим ва сарнавиштсоз ин расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад. Халқи тоҷик барои ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ роҳи тӯлонӣ ва хеле душворро паси сар намуд. Дар оғози муноқишаҳои дохилӣ дар байни намояндагони Ҳукумат ва нерўҳои даргир баъзе кӯшишҳо барои музокирот ба амал омада буданд, вале амалан баҳри бартарафсозии низои дохилӣ ягон чораи муҳиме андешида нашуда буд. Оғози задухӯрдҳои мусаллаҳона, ки моҳи майи соли 1992 ба вуқӯъ омад, ба мамлакат хисороти зиёде ворид сохт,ҳукумати мусолиҳаи миллӣ пеши роҳи хунрезиҳоро дар кишвар гирифта натавонист. Вазъият дар пойтахти мамлакат хеле ноором буд ва тамоми идораҳои давлатӣ зери гурӯҳҳои силоҳбадаст монда буданд. Бо мақсади ба эътидол овардани вазъи баамаломада Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби вилояти Ленинобод(ҳоло Суғд) даъват карда шуд. Дар Иҷлосияи мазкур, ки аз 16 – уми ноябр то 2 – юми декабри соли 1992 идома ёфт, 23 масъала матраҳ гардид.

Яке аз қарорҳои муҳиме, ки дар Иҷлосия қабул гардид, ба ҷои идоракунии президентӣ ҷорӣ кардани идоракунии парламентӣ буд. Баъди ҷорӣ гардидани низоми идоракунии парламентӣ 19 – уми ноябри соли 1992 бо тарафдории 186 вакил Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид.

Дарки манфиатҳои олии миллӣ Сарвари нави давлатро ба интихоби тарзу усули корҳои ғайримуқаррарӣ ва ҷасурона водор кард. Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои аввалиндараҷаи худро муайян карда, барои ҳалли он кӯшиши беандоза ба харҷ дод.

Бояд таъкид намуд, ки баъди Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон гарчанде ҷанги шаҳрвандӣ идома ёфта бошад ҳам дар ҳаёти сиёсии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасиданд. Дар вазъияти душвори сиёсӣ пояҳои ҳокимияти давлатӣ мустаҳкам карда шуда, баҳри бартарафсозии низои дохилӣ ва таъмини амният дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон чораҳо андешида шуданд.

Сарвари тозаинтихоби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳаётан зарур таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир мекарданд. Аввалан, бояд дар саросари кишвар оташбас эълон шуда, аз муқовимати мусаллаҳона даст кашида ба гуфтушуниди натиҷабахш оғоз карда мешуд. Дуюм, гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва ҷои зисти доимиашон баргардонда мешуданд.

Ҳамзамон ба масъалаи ҷорӣ шудани қонуният, барои таъмини мардум бо маводи озуқаворӣ чораҳои таъҷилӣ андешида шуда, бояд таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи Тоҷикистон ҷалб мегардид. Аммо ин корҳо соддаву осон набуданд.

Бо мақсади ба даст овардани сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба қувваи солими дохилии мамлакат ва созмонҳои байналмилалӣ такя мекарданд. Чунончи, санаи 19 - уми ноябр Муроҷиатномаи вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба давлатҳои аъзои ИДМ фиристода шуд. 20 – уми декабр Муроҷиатномаи РаисиШўроиОлӣЭмомалӣРаҳмон баДабирикулли СММ ирсол гардид. Баъди Муроҷиатномаи Сарвари давлат Дабири кулли СММ ба масъалаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, доир ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ қарорҳои махсус қабул намуд.Фосилаи кӯтоҳи вақт собит сохт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан давлатдори соҳибтадбир буда, ҳалли мушкилоти пешомадаро пайдо мекунанд. Бо шарофати хиради фитрӣ, иродаи қавӣ ва дониши беназири сиёсии худ, сарвари тозаинтихоби ҷумҳурӣ тавонистанд дар як муддати нисбатан кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, алангаи ҷанги бародаркушро паст намоянд ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшанд. Дар ин замина Сарвари давлат истифодаи самараноки имкониятҳои байналмилалиро ҷиҳати фурӯ нишондани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор доданд [2, 23].

Бо заҳмату талошҳои Сарвари давлат баҳри ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаи Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамуд. Баъди Иҷлосия, вазъияти Тоҷикистон дар Анҷумани Шўрои амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар сатҳи вазирони умури хориҷӣ дар Стокголм 14-15 декабри соли 1992 баргузор гардид, баррасӣ шуда, дар он аз ҷумла, аз ҳар ду ҷониби дар ҳоли ихтилоф қарордошта даъват карда шуд, ки ба мухолифат хотима бахшида, ба музокироти созанда, ки барои ба танзими сиёсӣ даровардани Тоҷикистон асоси ягона аст, оғоз намоянд [4, 37].

Саъю талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҷалб намудани кӯмаку дастгирии созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид барои бартарафсозии низои дохилӣ ва таъмин намудани сулҳу субот дар Тоҷикистон натиҷаи мусбат дод. Торафт афзудани шумораи қурбониён дар минтақаҳои ҷангзада ва рӯз то рӯз афзудани шумораи гурезагон ба давлатҳои дуру наздики минтақа таваҷҷӯҳи намояндагони СММ ва шахсан Дабири кулли ин созмонро ба он ҷалб месохт, ки доир ба пешгирии чунин ҳолатихатарафзо чораҷӯӣ намоянд.

Кӯшишҳои беандозаи Сарвари давлат баҳри бартарафсозии низои дохилӣ ва расидан ба сулҳу субот дар мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати пешгирифта ба ҳисоб мерафт, бо гузашти муҳлати начандон тӯлонӣ тарафҳои даргир розӣ шуданд, ки ба гуфтушунид оғоз намоянд. Музокироти миёни тоҷикон аз 5 – уми апрели соли 1994 оғоз гардида, дар он масъалаҳои муҳими марбут ба гуфтушунид ҳалли худро ёфтанд. Тамоми раванди музокироти сулҳи байни тоҷикон зери назорати доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва ба фаъолияти хастанопазири он кас дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат иртиботи қавӣ дорад. Иштироки Сарвари давлат дар раванди музокироти миёни тоҷикон хеле самарабахш ва назаррас буда, аҳамияти калидӣ доштанд. Тазаккур бояд дод, ки аз 8 даври музокироти миёни тоҷикон даври якум аз 5-ум то 19-уми апрели соли 1994 дар Маскав, даври дуюм аз 18 –ум то 28-умииюни соли 1994 дар Теҳрон, даври сеюм аз 20-уми октябр то 2-юми ноябри соли 1994 дар Исломобод, даври чорум аз 22 май то 1-уми июни соли 1995 дар Алмаато, даври панҷум аз 30 ноябри соли 1995 то 21 июли соли 1996 дар се марҳилаи тӯлонӣ дар Ашқобод, даври 6-ум аз 5-ум то 19-умиянвари соли 1997 дар Теҳрон, даври ҳафтум аз 26 феврал то 8 марти соли 1997 дар Маскав, даври 8-ум (марҳилаи 1-ум аз 9 –ум то16-умиапрели соли 1997, марҳилаи 2-юм аз 22-юм то 28- уми майи соли 1997) дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломиии Эрон баргузор гардид.

Бояд тазаккур дод, ки муҳимтарин омил барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ин вохӯрии сатҳӣ олӣ ба ҳисоб мерафт, ки он бо иштироки роҳбарони ҳарду ҷониб баргузор мегардид. Аз 17 то 19-уми майи соли 1995 дар шаҳри Кобул вохурӣ дар сатҳи олӣ баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ, намояндаи Созмони Милали Муттаҳид Р. Баллон, ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Дар давоми музокироти миёни тоҷикон 40 ҳуҷҷати муҳим ба имзо расида, бо саъю талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон ба мувофиқа расиданд ва ин музокирот бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27-уми июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия – шаҳри Москав ба итмом расид, ки он ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима бахшид.

Дар як муддати кӯтоҳ силсилаи тадбирҳое роҳандозӣ шуданд, ки бар асари онҳо вазъият тағйир ёфт. Кишвари мо дар муддати кӯтоҳе ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор кард.

Сиёсати сулҳҷўёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди дастгирии на танҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ қарор гирифт ва заминаи хубе шуд барои ба роҳ мондани сиёсати хориҷӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани давлати тоҷикон. Ин аст, ки нуфузу обрўи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ сол то сол боло меравад ва кишварҳои олам тамоюли худро барои густариши равобит бо мо эълом доштанд.

Имрўз Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, дар ҳамаи созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дорад, аз арзишҳо ва манофеи миллӣ дифоъ мекунад, дар масоили ҷаҳонӣ назари худро матраҳ месозад ва пешниҳодҳои мушаххасро дар бораи ҳалли ин масоил ба миён мегузорад.

Алҳол Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту инсонпарвар, пайрави арзишҳои демократӣ, тарафдори ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба шинохта шудааст. Аз ҷониби дигар, Сарвари давлат дар доираи муносибатҳои байналмилалӣ манфиатҳои давлатӣ ва миллии Тоҷикистонро дар мадди назари аввали сиёсати хориҷии кишвар гузошта, тавассути риояи тавозун дар робитаҳо бо кишварҳои мухталифи дунё тавонистанд истиқлолияти воқеии ҷумҳуриро таъмин намоянд.

Далели дурахшони ин гуфтаҳо сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2021 мебошад. Ҳуҷҷатҳои муҳимтарине, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расониданд аз таҳкими дӯстию бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек шаҳодат медиҳанд.

Сиёсати хирадмандона ва фарогири Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки мардуми тоҷик, ба таъбири худи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «таърихи навини худро бо дастони хеш навишта, саҳифаҳои гузаштаи пурифтихори аҷдодамонро зинда гардонад ва бори дигар ба ҷаҳониён собит намояд, ки созандагиву бунёдкорӣ рисолати суннативу деринаи миллати фарҳангии тоҷик мебошад».

Мавзӯи сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус дошта, дар аксар баромадҳои худ доир ба вазъи муаккаби ҷаҳони имрӯза маълумот дода, мардуми шарифи кишварро барои мустаҳкам намудани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамоянд.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 январи соли 2021 Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифзи амнияти кишвар чунин нуқтаро баён намуданд: “Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –уми асри ХХ доштанд, даст накашидаанд.

Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд”. Аз ин лиҳоз, таъкиди Пешвои миллат дар мавриди таъмини сулҳу субот ва якпорчагии марзу буми кишвар аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир саривақтист.

Ҳамин тавр, ваҳдати миллии тоҷикон боиси он гардид, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҷанги таҳмилӣ ба итмом расида, давлати мо ба дастовардҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ ноил гардид. Бояд қайд кард, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бартарафсозии низои дохилӣ ва барқарор намудани сохти конститутсионии мамлакат, ҳамчунин барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ хеле бузург буда, маҳз бо заҳмату талошҳои беандозаи Сарвари давлат дар кишвар сулҳу субот пойдор гардид, ки баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат дигаргуниҳои муҳим ба вуҷуд омаданд. Соли 2021 барои тоҷикистониён соли махсус, соли ҷашни бузурги сисолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Итминони комил дорем, ки халқи шарафманди тоҷик бо хислатҳои неку созандаи худ метавонад Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.

Ҷабборов И.Р. - н.и.т., дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқ

Муҳамадизода М.Б. - омӯзгори донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ