Аз таърихи дӯстии халқҳои тоҷикону ӯзбекон

“Бовар дорам, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон, дўст ва бародари ман Шавкат Миромонович Мирзиёев дар таърихи ғаниимуносибати ду кишвар саҳифаи навро боз хоҳад кард”.-

Эмомалӣ Раҳмон

Оғози дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Таърихи халқҳои Осиёи Миёна,аз он ҷумла таърихи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекдар таърихи халқҳои ҷаҳон риштаҳои дӯстӣ, муносибатҳои ҳамкорӣдар ҳар як корҳои саркардаи бунёдкории аҳамияти умумиҷаҳонӣ дошта, ҳамдилию ҳамкории иқтисодию иҷтимоӣ, ҳамсафари бо Созмони Милали Муттаҳид дар минтақаҳои гуногун, ҳамсафарӣ ба минтақаҳои дуру наздик, дар фалокатҳои табиӣ, ёриидӯстонаи байналмилалӣ дардавраҳои зарари экологӣ, дар вақти ба сараш оқибатҳои, муносибатҳои вазнин фаромадан бокӯмаки моддиюмаънавиирафиқона хабар мегирифтанд.

Аз наздикшавии фалокатҳои вазнини табиӣ, экологӣ, обхезиҳо, заминҷумиҳо ба ҳамдигар хабар додан, тайёрӣ ва корҳои ташкили дидан барои гирифтани пеши онҳо, дар рӯзҳои ба бурдбориҳою муваффақиятҳои дар рафти фаъолияти меҳнатию ҳаёти ҳаррӯза, ғалабаҳои меҳнати табрик намудани дӯстонаи аз тарафи вакилони тоҷику ӯзбек, як ҷой иштирок ва қайд кардани иду ҷашнҳои таърихӣ, ба ҳамдигар хайрихоҳӣ карда ёрии амалӣ расониданд, аз иду ҷашнҳои таърихи илҳом гирифта ва дар натиҷаи мустаҳкам намудани муносибатҳои ҳамсоягӣ бахшида ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ имзокардани ҳуҷҷатҳои муҳим, созишномаҳо, баста шудани шартномаҳои дӯстонаи истеҳсолӣ ҳам ба таърихиқадима дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Эҳёгари соҳибистиқлолияти халқи тоҷик, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барои тоҷикону ўзбекон сухан ронда таъкид карда буданд: “Тоҷикону ўзбекҳо ду халқе ҳастанд, ки тамоми арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтор ва ҷашну маросими онҳо ба ҳамдигар хелемонанд ҳастанд”.

Масъалаитаърихи дӯсти халқҳои точикону ӯзбекон дар давомисолҳои тӯлони ва асрҳоаз тарафи олимон, муҳаққиқон, шоиру нависандагон,мутахассисонигуногункасб, рӯзноманигорон, таҳлилчиён ва дигарон таҳлил ва омӯхта шуда, тараннуми мардуми бунёдкор мебошанд. Муносибатҳои дӯстонаю алоқаву ҳамкориҳои халқҳои тоҷику ӯзбекдар давраҳои гуногуни таърихи ду халқ мустаҳкам шуда меояд.

Ман ҳамчун тадқиқотчиитаърихи дӯстию ҳамкориҳои гуногунҷабҳароомӯхта таҳлил менамоям, ки дар шароитизамони муосираҳамияти таърихию умумиҷаҳонии дӯстии мустаҳкамихалқҳои тоҷикону ӯзбекторафт инкишоф ёфта истодааст. ҳамчун таърихнигору ҳуқуқшинос тадқиқотчии мақолаи номбурда ба таърих ва фарҳанги қадима ва доимо ҷавони ҳар ду халқҳо як борэътибор диҳем- дар кишвари қадимаи ҷаҳон, яъне дар кишвари моба вуҷуд омадани қадимтарин одамон дар минтақаҳои Осиёи Миёна, инкишофи ҳаматарафаи он, ташаккули муносибатҳои дӯстонаихалқҳои тоҷику ӯзбек дар давраҳои таъсисёбии аввалин давлатҳои ғуломдории(Мод, Лидия, Мидия, Бохтар, Суғд, Паркана, Парфия ва ғайраҳо), дар шӯришҳои халқӣ ва муборизаҳои озодиҳоҳии бар зидди зулмат ва ғуломдорӣ, таърихи пур аз печу тоби давлатҳои Селевкидҳо,Юнон-Бохтар, Порт, Империяи Кушониён, Сосониён, ҳақоноти Турк,Ҳайтолиён, Тоҳириён, Саффориён ва таърихи дигар давлатҳоро меомӯзем, агар дар бораимуносибатҳои ду ҳалқи бо ҳам дигардӯсту бародар маълумотҳоибисёри шавқовару фоиданокро воҳӯрдан мумкин аст.Давраи тиллоӣдавлати халқи тоҷик таърихи давлати Сомониёнро омӯзем, дар қатори дигар миллатҳо, ҳалқҳои туркнаҷоти ба забони туркӣсаханрониимардуми халқҳои қадимаи авлодони ӯзбекон дар ташкил ва таъсисиимперияи халқи тоҷик давлати Сомониён ҳиссаи худро гузошта буданд.

Дӯстии азалиихалқҳои тоҷику ӯзбек дар давоми садҳо, ҳазорҳо сол дар рафти муборизаҳои барои озодии кишвар, шӯришҳо, инқилобҳо, ҳаракатҳои озодиҳоҳӣ, ҳашарҳои умумихалқӣ, муборизаҳои бардавоми бароиободии кишвар, барқарор кардани хоҷагии халқ ва натиҷаҳои онҳоторафт дӯстииду халқроранги нав дода, ҳаракатҳои умумиро ба вуҷуд оварда, барои такмил додани он асосро ба вуҷуд оварданд. Ҳатто барои мубориза бар зидди душманони хориҷию аҷнабиён дӯстиихалқҳои тоҷикону ӯзбекон ба ҳамдигар ёрии калон расониданд.Дар асоси намунаҳои сарчашмаҳои таърихӣ,нунизматикӣ, географӣ, этнографӣ, фалсафӣ,сотсиологӣ, эҷодиёти даҳониихалқва манбаъҳои адабӣ ба хулоса омадан мумкин аст, ки тоҷикон ва ўзбекондар макониОриёиҳо –Ориёна ванж ба вуҷуд омада,солҳои тӯлонӣ дар он ҷозиндагӣ карда меоянд. Шиорҳои “Рост бирав, рост бизӣ, рост бимир! Гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек”-шиоримуқаддаси ориён буданд. Тӯронзамин, Мовароуннаҳр, Хуросон,Зарафшон, Ҳисори Шодмон, минтақаҳои Шарқ,Бохтар, Хутталиён, Порт-Парфия ва дигар минтақаҳои қадимаи кишвари Туркистонро аз тарафи империяи ҳахомонишиён бо роҳбарии Куруши Кабир ва Доро забт карда, бо роҳи фиребу найранг ҳудуди қабилаҳои қадимаиОсиёи Миёна-заминҳоимассагету сакҳоро забт карда,аҳолии бисёриро кушта, минтақаро бавайрона табдиддода буданд, бойгариҳоиавлодҳояманро бамулки худ гирифта рафтанду, ҳудудҳои массагетҳо ва сакҳоро ба империяи ҳаҳомонишҳо ҳамроҳ карда, ба таркиби яке аз сатрапҳои 80 – 120 доҳил карда идора карда буданд, аммо аз қадим авлодони халқҳои тоҷикону ӯзбекҳо озодона, мустақилона зиндагонӣ мекарданд. Аз давраҳои қадим қуввамавҷуда ёфта бар зидди аҷнабиён муборизаи ҷасуронаю қаҳрамононаи халқҳоро дар ҳамаи вазиятҳои таърихӣ давом медоданд.

Ин бар зидди душманони ҳориҷию аҷнабиён муборизаҳои бардавом мебурданд, дар ягон давраҳо муборизаи озодихоҳонаи худро барҳам надода, камтарин муборизаҳои қаҳрамононаи халқҳои Осиёи Миёнаро, асосан авлодони қадимтарини тоҷикону ӯзбеконро бо роҳбари паёмбари замони худ Зардушт ба маркази ягона муттаҳид намуда онро диниоташпарастӣ номидан ва китоби муқаддаси илм Авасторонавиштанд. ДарАвесто 3 калима«пиндори нек, кирдори нек ва рафтори нек»- «эзгу фикрат», «эзгу калом» ва «эзгу амал» аз ҳама дар ҷаҳон шиорҳои муқаддастаринбуда, дар натиҷаи дӯстии халқҳои тоҷикон ва ўзбекон ба вуҷуд омада, дар шароитиҳозира аз тарафи тамоми халқҳои ҷаҳон васеъ истифода бурда шуда истодааст ва дар асоси талаботизамони муосирин шиори муқаддастакомул ёфта истодааст. Зардушт ҳамчун намунаи таърихи дар бораитаърихи қадимаи ду халқкитоби муқаддаси замони худ “Авесто”-ро бунёд карданд ва бо ин китоби бузургмеҳр ба забон ва алиффои қадимамон асос гузошт, дар байни тоҷикону ӯзбеконмаориф ва маърифатро сар карда доданд.

Китоби “Авесто” дардунёаз ҳама қадимтарин, аниқтарашазҳамааввалинсарчашмаихаттии таърихӣ буда, барномаи амалииқадимаи халқҳои тоҷиконуӯзбеконва Қобусномаи муқаддас мебошад[4. 21].Ин китоби муқаддас сарчашмаи хаттӣ дар бораитаърихи қадимаихалқҳои тоҷикону ӯзбекон буда аз тарафиПрезидентҳои ҳар ду давлатҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Эҳёгари соҳибистиқлолияти халқи тоҷик, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваИслом Каримов ва бо супориши онҳо ҳамчун баённомаи таъриху фарҳанг,қонун ва ҳуқуқҳои халқҳоиўзбекон ва тоҷикон ба забонҳоитоҷикӣ ва ўзбекӣ, русӣнашр гардида ба эътибори муштарийҳохавола карда шуд.Барои ҳамин ҳам китоби“Авесто” дарОсиёи Марказӣ дар қатори дигар ҳалқҳотоҷикон ва ўзбеконаввалин манъбаи таърихи дар барои мустаҳкамнамудани дўстӣ, ваҳдат ва ҳамкорӣ бо сифати қомусӣ дастур ва боигарии қадимаи ҳаёт шуда хизмат карда омада истодааст.

Тадқиқотчиёни таърих ва фарҳангии халқҳои дӯстии қадимаитоҷикон ва ўзбекон китоби “Авесто” дар давоми солҳои тӯлони китоби муқаддаси тоҷикон, гоҳ китоби муқаддаси ӯзбекон гуфта меомаданд. Ин суханони гуногун ҳам исбот менамоянд, ки китоби “Авасто” ба таъриху фарҳанги ду халқ тааллуқ доранд. Давру замонҳо мегузоранд, корҳои тадқиқотию омӯзиши давраҳои гуногун дар асоси талаботи замони муосир аз навмавриди тадқиқот мегардад. Дар асоситадқиқотҳоипурмухтавои илмию таҳлили замони муосир ба ҳамин хулоса омадан мумкин аст, ки китоби муқаддаси “Авасто”китоби муқаддасихалқҳои шарқ, аз он ҷумла қобусномаи қадимии дӯстии халқҳои ўзбекон ва тоҷикон мебошанд.Ҳеч вақт муносибатҳо бо шарафи дӯстии ду халқи қадимаи тоҷикону ӯзбеконро вайрон кардан, дӯстиро кандан мумкин намешавад.Ба ин дӯстиқадимаю ҳамешаҷавони зарар меовардагӣ одамон душмани инсоният, душмани қаттолтарини миллати тоҷику ва ўзбекҳисобида мешаванд.

Ин масъалаи муҳими давлатдории тоҷикон дар давраи Сомониён аз тарафи олимон-тадқиқотчиёниду халқи ба ҳамдигар дӯсту бародар давлатҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон дар давоми сӣ соли охир ҳаматарафа омӯхта таҳлил карда шудааст ва хулосаҳои илмии худро дар асарҳои илмии чоп шуда баён кардааст, асарҳои сершумори илмию оммавӣ ҳам нашр карда шудааст. Ин фикру ақидаҳо чӣ қадар дурусту нодуруст буданашонродар асари ба забони русӣ Б.Ғафуров“Таджики” (1972), асарҳои дар солҳои 1998 – 2013 нашр шудаи иборат аз 6 ҷилд “История таджикского народа”(“Таърихи халқи тоҷик”), аз он ҷумла асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Эҳёгари соҳибистиқлолияти халқи тоҷик, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз чаҳор китоб “Тожиклар тарих кўзгисида”(“Тоҷикон дар оинаи таърих” ва дигар асарҳои таърихӣ. [5,98]. Дар давраҳои соҳибистиқлолияти Ҷумҳурияти Тоҷикистон (солҳои 1991-2021)нашр шудани асарҳои бахшида ба ин муаммои таърихӣ,асари пойдевории профессор Ғафур Ҳайдаров“История таджикского народа ХХ век” (“Таърихи халқи тоҷик дар асри ХХ”- Худжанд, 2001. 508 саҳифа) ва дигарасарҳои таърихӣ, баромадҳоипурмазмуни қариб 20 маротибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Эҳёгари соҳибистиқлолияти халқи тоҷик, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбари калони ташкилоти обрӯмантарини ҷаҳон СММ (ООН)дар наздивакилони ҳамҷамъияти ҷаҳон дар бораи ба вуҷуд омадан вабарқароркарда шудани ҳокимияти қонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаи таърихииваҳдати миллӣ тоҷикон ахбороти пурратар баён карда шуд ва он ба воситаҳои ахбори умум дар арсаи байналмилалӣ пахн карда шуд. Ин баромадҳои пурмазмуни Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон кишвари моро ба ҷаҳониёншиносонидан ва обрӯю эътибори байналмилалиихалқи тоҷик боз ҳам баланд бардошта шуданд.

Муносибатҳоидӯстиитоҷиконуӯзбекон дар давраи нав иктиқлолият боз ҳам рушд ёфт. Дар солҳои соҳибистиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи барқарор шудани сулҳу Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо бо иштироки меҳмонони аз дуру наздик, ташкилотҳои байналмилалӣ, давлатҳои ҷаҳон,аз он ҷумла аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон конференсияҳо, симпозиумҳои илмию амалӣ, воҳӯриҳоиаҳамияти байналмилалидоштаи сершуморгузаронида шуд: / 1000 – солагии “Шохнома”- Абулқосими Фирдавсӣ ва Носир Хисрав, 1100 – солагии давлати Сомониён,100, 110 – солагии академик Б.Ғафуров, 2700-солагии“Авесто”, “ Соли 2003 – Соли Оби тозаи нӯшокӣ”, “Солҳои 2005 – 2015 – Об барои ҳаёт”, “Соли 2013-соли дипломатияи об-муносибатҳои обӣ”, “Солҳои 2018-2028- Об барои рушди устувор», 2500 – солагии Истаравшан, 2700 – солагииКўлоб, 80-солагии Душанбе,800 – солагии Ҷалолиддин Балҳӣ, 1310 – солагии Имоми Аъзам, 1150- солагии А.Рудакӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 110 – солагииМ.Турсунзода, 80 – солагии Лоиқ Шералӣ, 3000 – солагии Ҳисори Шодмон, 600 – солагии Мавлона Абдураҳмони Ҷомӣ, 700 – солагии Мир Сайид Али Ҳамадонӣ, Соли 2015 - Соли гулҳо ва роҳҳои обод, Соли оила, 75- солагии Ғалаба Бузург, Соли 2017- соли Ҷавонон, Соли 2018- соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Солҳои 2019- 2021 солҳои Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистону Ўзбекистон, ҷашн ва идҳои соҳибистиқлолият ва дигар тантанаҳои бисёргузаронида истодааст ва бахшида ба ин ҷашнҳои таърихӣ асарҳои сершумор нашр карда шудааст, ки дар онҳо дӯстии халқҳо ва дӯстии халқҳои тоҷикону ӯзбекон тараннум карда шудааст. Ин ҷашнҳои таърихӣ дар ҳамаи кишварамон минтақаҳо ва водиҳо мардумро ба ҳамдигар наздик менамоянд ва ба вуҷуд омадани дӯстии халқҳои тоҷикону ӯзбекон пойдевор шуда хизмат менамоянд.

Ин намуддӯстӣ инкишофидурахшонро тасдиқ намуда мисолҳои бешумор, факту рақамҳоро овардан мумкин аст. Масалан, бо таклифиПрезиденти Ҷумҳурии Ўзбекистон мӯҳтарам Шавкат Миромонович МирзиёевПрезиденти кишварамон – Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари расмӣ намуданд.Дар доираи сафари кори (17-18 августи соли 2018) давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳёгари соҳибистиқлолияти халқи тоҷик,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев “Барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дўстӣ, таъмини муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ўзбеку тоҷик, барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ўзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиатинаслҳои имрўзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақаи мо” бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ўзбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” сарфароз гардонида шудаанд. (17 августи соли 2018, шаҳри Тошкент). Дар даври сафари байни ҷумҳуриҳои Ўзбекистон ва Тоҷикистон 26 санад ба имзо расид.

18 августисоли 2018дар шаҳри бостонии Самарқанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Эҳёгари соҳибистиқлолияти халқи тоҷик,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмондар Ҷумҳурии Ўзбекистон бо ҳамроҳи Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев аз зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон шодравон Ислом Каримов оғоз гардид, бо нишони эҳтиром ва қадршиносӣ дар назди марқади шодравон Ислом Каримов гулчанбар гузошта, бо дуову фотеҳаи нек руҳашро шод карданд, ҳамчунин аз расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек, осорхонаи “Афросиёб”, Оромгоҳи Амир Темур ва майдони “Регистон”(мадрасаҳои “Улуғбек”, “Тиллокорӣ” ва “Шердор”) боздид ба амал оварда, бо таърихи бою рангини ин марказҳои қадима шиносоӣ пайдо карданд.

Расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек соли 1428 сохта шуда, қисми асосии он аз девор бо ҳудуди 40 метр ва бо қисми кории аз 20 то 80 дараҷа иборат буд. Даррасадхонаи Мирзо Улуғбек соли 1437 Қўрғон – номгўйи осмони ситоразор тартиб дода шуда,дар он 1018 ситора дарҷ гардидааст. Дар ҳамин ҷо дарозии соли ситоравӣ 365 рўзу 6 соату 10 дақиқа бо хатоии 58 сония муайян карда шудааст. Расадхона дар теппаи Куҳаки сохта шудааст.

Оромгоҳи Амир Темур аз ҷониби Амир Темур солҳои 1403-1405 барои набераи дўстоштааш Муҳаммад Султон сохта шудааст. Бунёди мақбараро набераи дигари Амир Темур- Улуғбек ба охир расонид. Дар ин ҷо оромгоҳи Амир Темур, Мирзо Улуғбек. Муҳаммад Султон, Саид Умар, Шоҳруҳ Мирзо, Мироншоҳ, Абдулло Мирзо, Абдураҳмон Мирзо ва устоди Амир Темур Мир Саид Барака мавҷуд аст.Дар даромадгоҳи оромгоҳ навиштаҷоти “Мақбараи Амир Темур. Асрҳои Х1У-ХУ” ҳаккокӣ шудааст.

Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёевро, кибо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (10-11.06.2021 ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқлолгирифтанд. Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дўстӣ вашарикии стратегии да давлат дар мулоқоти хосаиСарони давлатҳо оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.Дар толори сафеди Қасри миллат ду Президент дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба таври маҷозӣ ду иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ- бинои Мактабитаҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Маҷмааитандурустии «Дўстии Тоҷикистону Ўзбекистон» бо 200 катро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Мавриди зикр аст, ки соли гузошта дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд як мактаби нав барои шашсаду сӣ ҷой, ки онро дўстони ўзбек сохтаанд, ба истифода дода шуд. Сохтмони як муассисаи томактабӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар шаҳри Риштони вилояти Фарғона барои 200 ҷой дар арафаи анҷомёбист.

Баррасии таҳияи филми таърихӣ оид ба ҳаёту фаъолиятиАбдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ўзбекистон карда шуд. Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду давлат дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо маросими имзои36 санадҳои навӣҳамкорӣ баргузор шуд.

Изҳорот барои матбуот ба натиҷаҳои музокироти Тоҷикистон ва Ўзбекистон дар барои сафари расмииПрезиденти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.

Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев қабул қарда шуд. Сарони давлатҳо ба ҷашни фарорасидаи 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон таваҷҷуҳи хос дошта, бо изҳори омадагии минбаъд низ андешидани тадбирҳои зарурӣ баҳригустариши шарикии роҳбурдӣ, иборат аз 26 қисм нуқтаҳои асосиро баён намуданд.

Боздиди Сарониду давлат аз табиати нотакрори Тоҷикистон ва Сарвари ҷумҳурии дўсту ҳамсояи Ўзбекистон мўҳтарам Шавкат Мирзиёнв бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бўстонсаройи беруназшаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд. Аз меҳмоннавозии тоҷикона то сайри шомгоҳӣ дар табиати афсункори Тоҷикистон, иштирок дар барномаи фарҳангии «Шоми дўстӣ» вамукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳмони олимақом Шавкат Мирзиёев ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуданд. Дар бўстонсарои шаҳрӣ зиёфати ғайрирасмӣ оромт, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дўстӣ табдил ёфт.

Субҳи 11 июн Президенти Ўзбекистонмўҳтарам Шавкат Мирзиёев дар идомаи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрибостонии Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд. Президенти ду кишвардар Қасритаърихии Арбоб бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд. Аз тамошои «Қолинҳои Қайроққум», боздидиНБО “Қайроққум” топешниҳоди семинарҳои омўзишӣ дар МД «Боғимиллии Ваҳдат».Рўзҳои 10-11-июни соли 2021 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди вилояти Суғд сурат гирифт, бо натиҷаҳои неку борабор ва созанда барои рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ, ҳамсоягӣ ва дўстию бародарӣ, ба анҷом расил.Хулоса,аз рўи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва дар маҷмуъ зимни сафари расмӣ 36 санади нави ҳамкорӣба имзо расид.Саронидавлатҳои Тоҷикистону Ўзбекистон тавонистанд бо иродаи қавии сиёсӣ, хоҳишу талошҳо ва ташаббусҳои созанда мардумони солҳо дар орзуи дидорро ба ҳам расонанд, марзҳову дилҳо ва оғуши гарм кушода, муносибатҳои ҳамкории ду кишварро ба сатҳи шарикии стратегӣ бароранд. Баъди анҷоми сафари расмӣ Ш.М.мирзиёев бо як ҷаҳон таассурот аз меҳмоннавозию инсондўстии хоси Пешвои миллат ва пазироиисамимии мардуми соҳибфарҳанги тоҷик аз шаҳри Хуҷанд ба ватан баргаштанд. Пешвои миллат, ЭмомалӣРаҳмон«Қадамингизга ҳасанот» - гуфта, меҳмонро тоҷикона бо меҳри хоса ва риояи эҳтироми як мизбон, қадршиносӣ намуданд.Дўстии мо-калиди ҳалли ҳамаи масъалаҳо ва вазифаҳои ҳалшаванда аст.

Дар натиҷаи сафари корӣ калимаҳои ба ҳамдигар наздик ва як маънои дўстӣ, ваҳдат, ҳамкорӣ, бародарӣ, иттифоқӣ, ҳамсафарӣдар рафти муносибатҳои ҳамкорӣ ва муваффақиятҳои инкишоф, гул-гул шукуфони, бунёдкорию созандагӣ, ташвиқотчигиютарғиботчигӣ пойдевори ғалабаҳои бузург шуда хизмат менамояд, дар ин корномаҳои ҳамкориҳои ҳамаро ба ҳамдигар наздик менамояд ва ба мустаҳкамию абадӣ шудани муносибатҳо ёрииамалӣ мерасонад, ташкил намуданд.

Маводҳои дар боло оварда шуда, ба муносибатҳои дӯстонаихалқҳои тоҷику ӯзбек мисолҳоишарафманд шуда метавонад. ҳамқориҳои дӯстии ҳар ду халқ: тоҷик - ӯзбек дар таърихиҷаҳон, аз он ҷумладар таърихи дӯстиитоҷику ӯзбек аз давраҳои қадимтарин сарчашма мегирад.

Барои он, ки инмуносибатҳои дӯстӣ, ҳамкорӣ, доду гирифт, қудаю андачигӣ, ҳамхунию авлодӣ, алоқаҳои илмию адабӣ, маданию мафкуравӣ, иқтисодию иҷтимоӣ аз қарнҳо ба қарнҳо гузашта, баҳар гуна зиддияти мураккабиҳо нигоҳ накарда,дар муносибатҳо ва тараққиётииқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ боз ҳам инкишоф карда, обу тоб ёфта такмил намуда, ба ҳам дигар ёрии дӯстона намуданд.

Дар рафти муносибатҳои дӯстонакамбудиҳоро ислоҳ карда, боғояҳои пешқадами маърифатнокӣ, маданиятнокӣ, бузургмеҳрӣ пур карда, тафаккур, забондонӣ,таърихшиносӣ,урфу одатҳо,салому алек,ҳамсуҳбатӣ, хайру хушӣ, табрикотӣ, гузаронидани ҷашну маросимҳо, тӯю сурҳо,меҳмондорую меҳмоннавозӣ, тадбирҳо ва дар бисёр дигар ҳолатҳои ҳаётан муҳим ба ҳамдигар чунон наздик шуда рафтааст, ки ҳеҷ гоҳ онҳоро аз як дигар ҷудо кардан мумкин нест.

Тоҷикону ӯзбекон фақат дар суханронию забон каме фарқ доранд, аммо онҳо якдигарротез мефаҳманд. Дар тамомиасарҳои илмию адабиётҳои гуногун равандиҳамкории дӯстонаи тоҷику ӯзбек бо як ҳурмату эҳтиромбаён карда шудааст.

Ин намуддӯстӣ инкишофидурахшонро тасдиқ намуда мисолҳои бешумор, факту рақамҳоро овардан мумкин аст. Масалан, бо таклифиПрезиденти Ҷумҳурии Ўзбекистон мӯҳтарам Шавкат Миромонович МирзиёевПрезиденти кишварамон – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон як чанд бор сафари расмӣ намуданд.Ғайр аз он дар вохӯриҳои бахшида ба муносибатҳоибайналмилалӣ сарварони ду халқи тоҷику ӯзбеквоҳӯрида, ба мустаҳкам кардани муносибатҳои дӯсти эътибори махсус медиҳанд.

Рахимов Абдулфаттох Ибрагимович, доктори илмхои география, профессор,

Юлдошев Рустам Рўзибоевич, Эркаев Сафар Абдулхайрович, дотсентони,ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, номзодхои илмҳои таърих

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ