Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангӣ дар Тоҷикистон

Таҳаввулоти таърихии охири қарни XX дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дигаргуниҳои куллиро ба амал овард. Ин марҳила бо хусусиятҳои хос ва омилҳои ташаккули таърихиаш басо пурнишеб ва созандаву бунёдкор буд. Маҳз дар ин даврони пурэҳсос истиқлолият ва худогоҳию хештаншиносии миллӣ афзун гардид.

Дар баробари пошхӯрии давлати шӯравӣ ва эълони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо мудохилаи бевоситаи қувваҳои беруна, ноӯҳдабароии мақомоти ҳокимияти давлатии он давраи Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ шурӯъ шуд, ки зарари иқтисодии он беш аз 10 млрд. доллари ИМА мебошад. Дар ин ҷанг беш аз 150 ҳазор кӯдак ятим монданд. Ин даҳшатро дида, қувваҳои солим дар Тоҷикистон ноил шудан ба сулҳу ягонагии миллиро мақсади асосии худ қарор доданд.Ибтидои сулҳу созишро Сардори давлати навинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сессияи таърихии XVI-ум дар шаҳри Хуҷанд гузошт[1]. Иқдоми Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиҳати методологӣ аҳамияти ниҳоят бузург дошт, зеро ӯ миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накард ва савганд хӯрд, ки вазифааш аз он иборат аст, ки охирин шаҳрванди фирории Тоҷикистонро ба Ватан баргардонад, миллатро сарҷамъ намуда, ҳама дар якҷоягӣ дар заминаи ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро бунёд созанд. Бо изҳороти худ Роҳбари давлат аз ибтидо дарҳоро барои гуфтушуниди созанда кушод ва ин заминаи бисёр муҳим барои дар оянда оғоз шудани музокироти тоҷикон гардид. Қувваҳои солим ва ватанхоҳи ҷониби дигар низ ба ҳамин гуна ақида омаданд ва хулоса карданд, ки роҳи ягонаи наҷоти миллат дар музокирот ва ба сулҳ омадани он мебошад. Қобили тазаккур аст, ки маҳз мавқеи созандаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ пойдевори устувори бомуваффақият анҷом гирифтани ин музокирот буд.

Мушкилоти асоситарин дар роҳи ба сулҳу созиш омадан – ин дар ҷонибҳои мухолиф ҷойгир шудан ва доман густурдани ақидаи ҷанг, нобоварӣ ва бадбинӣ дар байни онҳо буд. Таърихи ҷангҳои шаҳрвандӣ аз он дарак медиҳад, ки барои бартараф намудани мафкураи ҷангҷӯёна дар дохили як миллат тақрибан умри як насл лозим аст. Мухолифини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон онҳое буданд, ки байни миллати тоҷик доимо тафриқа меандохтанд ва ба идомаи ҷанги шаҳрвандӣ умед доштанд. Вале идомаи ҷанги шаҳрвандӣ заволу аз байн рафтани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд ва дар он сурат, бешак, Тоҷикистон ҳамчун давлат аз байн мерафт. Роҳбарони ҳар ду ҷониб, махсусан Эмомалӣ Раҳмон ба хулоса омад, ки наҷоти миллат дар бахшидани гуноҳҳои якдигар, ба фазои ягонаи ҳуқуқӣ баргардонидани Тоҷикистон, риояи конститутсия ва арзишҳои динӣ ба шумор меравад. Бинобар ин ҷонибҳо дар асоси гузашти тарафайн тавонистанд ки заминаи нобоварии миллӣ ва шуури ҷангҷӯёнаро бартараф намоянд. Маҳз ҳамин нукта асос гардид, ки тарафҳои бо ҳам мухолиф ба якдигар бовар карданд, беш аз 7 ҳазор сарбозони ИНОТ ба ҳайати қувваҳои низомии давлат пайвастаанд. Саҳми30% дар ҳайати идораи давлат амалӣ шуд. Комиссияи оштии миллӣ заминаи асосии ислоҳоти конститутсиониро ба вуҷуд овард ва дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиротҳо ворид карда шуд. Интихоботи демократӣ ва алтернативии Президент доир гардид. Дар натиҷа дар Тоҷикистон фазои нави иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавӣ ба миён омад. Бори аввал моҳияти дунявии давлат ҳимоя гардид. Системаи парламентаризм ташаккул ёфта, парламенти касбӣ пайдо шуд. Дар натиҷа фазои мусоид ба вуҷуд омад ва давлат имконият пайдо кард, ки ба ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ намуда, барномаҳои рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатиро амалӣ гардонад. Ин боиси дар як сол камаш 8% афзудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гардида, даромадҳои пулии мардум дар ин тӯли 10 сол ба маротиб афзуд. Пули миллӣ ҷорӣ шуд. Имрӯз Тоҷикистон новобаста ба мушкилотҳои аз сар гузаронидааш субъекти фаъоли муносибатҳои байналхалқӣ мебошад ва бо бештар аз 100 давлат робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дорад.

Сулҳу ваҳдат ба ҳаёти шаҳрвандон аз ҷиҳати сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ таъсири амиқ гузошт, ки онро чунин шарҳ додан мумкин аст:

  • роҳи инкишофи муносибатҳои бозорӣ интихоб шуда, дар асоси он ислоҳоти иқтисодӣ амалӣ гардид;
  • самти афзалиятноки ин инкишоф татбиқи сиёсати иҷтимоӣ буда, масъалаҳои маош, нафақа ва кӯмакҳои иҷтимоӣ давра ба давра ҳалли мусбати худашонро ёфтанд;
  • озодиҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, динӣ пурра таъмин шуда, имрӯз аз рӯи эътирофи ташкилотҳои байналхалқӣ Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ давлате мебошад, ки меъёрҳои байналхалқии ҳуқуқи инсон пурра ҳимоя мешаванд;
  • Тоҷикистон ба асли худ баргашта, таърихи гузаштаи худро, мансубияти худро ба тамаддуни ориёӣ омӯхта гиромӣ медорад. Барои ба низом даровардани расму оин ва анъанаҳо тадбирҳои амалӣ андешида истодааст. Мақсади ҳамаи ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Бе сулҳу салоҳ мавҷудияти давлати миллӣ имконнопазир мебошад. Маҳз сулҳ, ваҳдат ва ягонагии миллӣ заминаи наҷоти миллати тоҷик гардиданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон идеологияи ваҳдат ва ягонагии миллиро асос гузошт, ки имрӯз идеологияи ягонаи миллати тоҷик аст ва намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣаз ин асоси идеологӣ ҷонибдорӣ мекунад.

Дар замони дигаргуниҳои қонунии ҳаёти ҷомеа тавассути ба даст овардани истиқлолият ва худшиносӣ, ки сарвати бузургтарини иҷтимою таърихӣ, дороии нодири тамоми халкҳо мебошад, мардуми тоҷик саҳифаҳои сарнавиштсози таърихро бо талошу ҷоннисорӣ, муборизаву қурбонӣ ва фидокорӣ аз сар гузаронида, Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангиро ба даст овард ва табиист, ки барои истиқлоли фарҳангӣ, бунёди рукнҳои ҳастии маънавӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ заминаи боэътимод гузошта шуд.

Дар саргаҳи ин марҳилаи сарнавиштсози начандон дури таърихӣ меъмори сулҳу ваҳдат Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонбист сол муқаддам ба пайкори созандаву устувор, рисолати тавонои ҷомеашиносӣ ва сиёсатмадорӣ ҷомеаро ба сӯи ягонагӣ, муттаҳидӣ, ватанпарварӣ, парвариши андешаву шуури миллӣ ҳидоят намуд ва саранҷом сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллӣ заминаи наҷоти миллати тоҷик гардид. Ин буд, ки маҳз бо ҷидду ҷаҳд ва ҷоннисориҳои Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Маҳз аз ҳамин рӯзи сарнавиштсози таърихӣ мазмуни асосии сиёсати давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлолро сулҳ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ташкил дод ва ҷомеаро аз парешонӣ ва вартаи ҳалокат эмин нигоҳ дошт.

Муҳимтарин омилҳои ба даст овардани ваҳдат, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ кӯшишҳои пайваста ва сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат буда, нақши шахсияти тавоно ва рисолатманд, муҳаббати беандоза ба Ватан, таърихи ниёгон ва забону фарҳанг боиси парвариши андешаву шуури миллӣ, устуворӣ ва осоиштагии ҷомеа, рушди давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ шуд ва дар саросари мамлакат волоияти қонун таъмин гардид. Таъмини рушди иқтисодиву адолати иҷтимоӣ, маърифати баланду худшиносии мардум, ҳуқуқу озодии инсон, устуворшавии арзишҳои демократӣ, созмонҳои ҷамъиятию ғайриҳукуматӣ тарбияи маърифати баланди сиёсии шаҳрвандон, рӯҳи арзишҳои ватанпарастӣ ва эҳтироми мероси маънавии ниёгон омилҳои воқеии расидан ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Дар ин марҳила шахсияти нерӯманд ва қудрати тавонои сиёсатмадории Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ходиминамоёни сиёсӣ ва давлатӣ шинохта шуда, дар бунёди ҷомеаи навин давлатдории миллӣ саҳми намоён гузоштааст.

Шахсияти бузург ва рисолатманди Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ягонагӣ ба мардум, таваҷҷӯҳ ба гузаштаи таърихии халқ ва асолати фарҳангию маънавии миллӣ, ҳуввият ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон пойдор гашта, дар ҷӯши ҳодисаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии замон мақому шӯҳрат пайдо намуда, дар авҷи дигаргуниҳои бузурги иҷтимоӣ ва ҳодисаву воқеаҳои санавиштсози таърихӣ бештар намудор гардидааст.

Таваҷҷӯҳ ба шахсият, сарнавишти шахсони бузург ва гузаштаи таърихи халқ, як шакли худшиносист, ки аз худшиносии шахс то ба дараҷаи худшиносии миллӣ омада мерасад. Асоси он омӯзишивоқеияти таърихӣ ва танҳо зодаи афкору ақоиди ҳақиқати таърихии маҳдуднагашта буда, дар ин замина дастовардҳои фарҳангию маънавии миллӣ ба хубӣ дарк мегарданд.

Дар ҳамин асос Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки “таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориаш дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияту корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвари худро муайян карда метавонем... Танҳо оинаи таърих пайванди моро ба гузаштагонамон қавӣ месозад, барои беҳбудии ояндаи ҷамъият ва ободии кишвар роҳ мекушояд”.

Дар даврони истиқлолият сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини тоҷикон барқарор шуд ва халқи тоҷик ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир ва фитрати асил саҳифаҳои сарнавиштсози таърихиро бо талошу ҷоннисорӣ, муборизаву қурбонӣ ва худсӯзиву фидосозӣ аз сар гузаронида, соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллиро ба даст овард. Ҳар замоне, ба вижа замони тозаистиқлолӣ, ба рушди маънавии ҷомеа вобастагӣ дорад, зеро ҳама давру замонҳо унсури маънавӣ дар шуури мардум нақши муҳими созанда ва бунёдгузорро мегузошт. Маҳз ин омил барои ба даст овардани истиқлол ва худшиносии миллӣ ва ҳамгироии омилҳои иҷтимоиву сиёсӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад, пешрафти давлат ва бақову ҳастии онро таъмин менамояд. Барои ба даст овардан ва устувор гардонидани ин ғояҳои олии сарнавиштсоз таъмини истиқлоли фарҳангӣ аз корҳои муҳим ва шарафноки зиёиёни эҷодкор мебошад. Ба қавли академик М.Шукуров “истиқлоли фарҳангӣ ва устувори бунёди маънавии ҳастии миллат шарти аввал дар таъмини бақои умри миллат аст... Истиқлоли фарҳангӣ роҳе ба сӯи эҳёи миллӣ, расидан ба сатҳи ҷаҳонӣ буда, миллатро аз роҳи маънавият ба арсаи олам мебарорад”.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳастиашро баҳри эҳтироми муқаддасоти Ватан, бузургдошти анъанава расму ойини ниёгон, ҳимояи манфиати мардум ва маънавиятҷӯию худшиносӣ фидо сохт. Вай рисолати эҳёкунандаи ифтихорот ва муқаддасоти миллиро ба ӯҳда дошта, онро ошкоро ва ҷасурона таблиғу ташвиқ намуда, ҳама нерӯи худро дар роҳи созандагӣ, худшиносӣ, ватанпарварӣ ва бедории фарҳангӣ ба кор бурд. Бо сарнавишти ибратбахш ва шахсияти нерӯманду тавоно, дилу нияти пок, садоқатмандӣ ва муҳаббат ба Ватан чун бунёдгузор ва меъмори идеологияи сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллӣ дар истеҳкоми маънавиёту фарҳанг, парвариши худшиносӣ, бедории фарҳангӣ ва андешаву шуури миллӣ нақши босазо гузошта, пойдевори давлатдории навини миллатро устувор гардонд.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 январи соли 2021 чунин қайд гардидааст, ки “Ҳадафи олии давлат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад”. Халқи тоҷик дар муттаҳидӣ ва тифоқӣ бо Сарвари давлат бо меҳнати бошарафи худ Ватани маҳбубро дар арсаи байналхалқӣ обод намуда, обрӯю нуфузи давлати тоҷиконро афзун мегардонад. Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангии кишвар тамоми шароитро баҳри пешбурди сиёсати созанда ва бунёдкорона муҳайё менамояд.

Ӯлмасова М.А.-сармуаллимаи кафедраи сиёсатшиносӣ

Холдоров О.н.и.с., сармуаллими кафедраи сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ