Ваҳдат ва худшиносии миллӣ омили муҳими таҳкими тарзи ҳаёт

Ваҳдати миллии тоҷикон пояи сулҳу субот, бузургтарин ва арзишмандтарин дастоварди миллати тоқик ва даврони истиқлолият маҳсуб меёбад. Ваҳдати миллӣ тифли нозпарвареро мемонад, ки ҳамеша ҳифзу эҳтиёт мебояд кард. Ин тифли бо баҳои ҷон парвардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол сисола гардида, хеле рушду камол ёфт, мустаҳкам шуд ва маъниву арзишҳои бебаҳо касб намуда, ба миллати куҳанбунёди мо ояндаи дурахшону пурсаодатро кафолат медиҳад. Сулҳу ваҳдат ифтихори миллат, таҷассумкунандаи оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ, омили осоиштагии мардум буда, шахсро ба фикр кардан водор месозанд. Ваҳдат ифодакунандаи ба ҳам омадан, аз як гиребон сар баровардан, ҳамдигарфаҳмӣ, поктинатӣ, миллатдӯстӣ ба шумор рафта, беҳтарин неъмати бебаҳо, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду нумӯи даврони ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ҳар чӣ қадаре, ки солҳо сипарӣ шаванд, ҳамон қадар арзишнокӣ ва мақому манзалати Ваҳдати миллӣ бештару барҷастатар ва пурҷило аён мегардад. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони бурунмарзӣ мавқеъ ва мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯзҳо иттифок, муташкилӣ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва як қатор ташкилотҳои олам гардидааст.

Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Худшиносӣ – ин саъю кӯшиши худро шинохтани одам – хусусиятҳои психикӣ ва ҷисмонии худ, қобилиятҳои худ ва дар яклухтӣ ҳамаи нозуксанҷии шахсияти худ мебошад. Худшиносӣ ин раванди аз тарафи шахс сарфаҳм рафтани худ маҳсуб ёфта, ба воситаи он одам худро чун шахс фаҳмида мегирад, “Ман”-и худро мешиносад, қобилиятҳои психологӣ ва ҷисмонии худро меомӯзад. Худшиносӣ чун раванди психикӣ бутунӣ, ягонагӣ ва инкишофи шахсро таъмин намуда, дар айёми кӯдакӣ ба вуҷуд меояд ва татбиқи он дар муддати тамоми ҳаёту фаъолият амалӣ шудан мегирад. Раванди худшиносӣ зина ба зина бо андозаи инъикос ёфтани олами беруна ва оҳиста-оҳиста шинохтани худ чун симои беҳамто ташаккул меёбад. Худшиносии шахс се дараҷаро дарбар мегирад, ки онҳо ба се соҳаи ташкили фард мувофиқат мекунанд. Дар дараҷаи биологӣ шинохтани худ чун организми алоҳида, автономӣ содир карда мешавад. Дараҷаи иҷтимоӣ қобилиятнокиро нисбат ба омӯхтан, азбаркунии маҳоратҳо ва азхудкунии меъёрҳои рафторро дар ҷомеа ифода менамояд. Дараҷаи шахсӣ бошад, қобилиятнокии амалисозии интихоб, қабул намудани қарор, мувофиқнамоии рафтори худ, ташкили ҳаёти худро пешниҳод мекунад.

Ба туфайли худшиносӣ одам бораи худ бисёр чизҳои нав, аҷоибу шавқовареро, ки онро ӯ пештар намедонист ва намефаҳмид ва ҳатто бисёр чизҳое, ки ҳеҷ кас дар бораи худ ҳеҷ гоҳ намедонист, шинохта гирифта метавонад. Бар замми ин, одам ба туфайли худшиносӣ қобилиятнок мегардад, ки худро хуб фаҳмида гирад ва ҷои муносиби худро дар ҳаёт дарёфт намояд. Худшиносӣ ба ҳар як одам ҷиҳати ба даст овардани боварӣ ба худ ва имкониятҳои худ ёрӣ расонида, ба ӯ баҳри татбиқи ҳамаи хоҳишу мақсадҳояш қувват мебахшад.

Раванди худшиносӣ тибқи консепсияи илмии дар психология мавҷудбуда дорои як қатор тавсифдиҳандаҳои маъногӣ мебошад ва бо ҷанбаҳои мауайян пешниҳодшуда аст:

-саломатии одам (психологӣ ва психикӣ);

-иқтидори шахсӣ (татбиқи самараноки иқтидор);

-гармония (олами дохилӣ ва камолоти психологӣ).

Ҳамаи ин ҷанбаҳо байни ҳам таъсири мутақобила мерасонанд ва маҳсулнокии баланди худшиносии шахсро асоснок намуда, ба таври бутун амал мекунанд.

Барои худро шинохтан мо бояд аз болои худ мушоҳида барем. Баъзан аз болои худ чашмҳои одамони бегона мушоҳида кардан ва дар бораи худ бо ақли дигарон фикр карданамон зарур аст. Ин бошад барои худмушоҳидакунӣ бо мақсади худшиносӣ ёрӣ мерасонад. Ҳамчунон дуруст интихоб кардани чашмони одамони бегона ва ақли дигарон муҳим арзёбӣ мегардад. Ба системаи арзишнокии худ, тарзи ҳаёти худ, талаботҳо, мақсадҳо, хоҳишҳо ва орзуҳои худ диққат диҳед, ки онҳо ба шумо барои дар лаҳзаи додашуда чӣ гуна шахс буданатон ёрӣ мерасонад. Инчунин лаҳзаи хеле муҳим дар масъалаи худшиносӣ – ин муносибат бо чунин сифатҳои инсонӣ, монанди хаёл ва ирода мебошад. Хаёл хосияти пурарзиши психика буда, ирода ташкилдиҳандаи таркибии муҳимтарини психика, шакли махсуси фаъолнокии одам ба шумор меравад.

Ба худшиносӣ дар ҳолатҳои дилхоҳ бо истифодаи ҳар чӣ гуна методҳои бароятон дастрас машғул шудан зарур аст, ки ин ҳам шавқовару аҷоиб ва ҳам фоиданок мебошад. Дар ин машғулиятҳо маънӣ ҳаст ва он давра ба давра маъниву арзишҳои махсусро доро мегардад. Худшиносӣ худ аз худ яке аз маъниҳои ҳаёт ба шумор меравад. Ё худ ҳатто гуфтан мумкин бошад, ки онро бо маъниҳои калон бой гардонида истода, ҳаёти одамро пурра мекунад. Суқрот гуфта буд: “Худро бишнос ва он гоҳ ту тамоми оламро шинохта метавонӣ”. Бешубҳа, мо худро шинохта истода хеле чизҳои зиёди муҳимтаринеро ҳарчӣ бештар шинохта, дониста мегирем.

Ташкилдиҳандаи таркибии марказии шуури миллӣ ин худшуурнокии миллӣ ба шумор меравад. Худшуурнокии миллӣ – ин якҷоягии тасаввуротҳо, анъанаҳо ва мафҳуми намояндагони миллатҳо мебошад, ки он барои азнавҳосилкунии ин умумияти одамон ҳамчун бутун имкондиҳанда аст. Худшиносии миллӣ асоси системаи муносибатҳои баҳогӣ ва тасаввуротҳои арзишнокро ташкил медиҳад, ки он худмуайянкунии мувофиқи одамро дар ҳаёти маънавӣ ва иҷтимоӣ-сиёсияш талаб мекунад. Агар шуури миллӣ ақидаҳо, муносибатҳо ва тасаввуротҳои умумигардонидашудаи ин ё он умумияти миллӣ-этникиро инъикос намояд, он гоҳ худшиносии миллӣ фардӣ буда, пеш аз ҳама, дараҷаи аз тарафи фарди мушаххас азхудкунии ташкилдиҳандаҳои муайяни шуури миллиро, ки намояндаи гурӯҳҳои муайяни миллӣ-этникӣ мебошад, ифода мекунад. Ҳар як намояндаи миллат худро чун ҷузъи он дарк менамояд, аз лаҳзаи таваллуд ӯ барандаи фарҳанги миллӣ мегардад. Барои ҳар як одам ин шуур барои воридшавӣ ба системаи робитаҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, барои иҷтимоигароӣ асос ба шумор меравад.

Феномени худшиносии миллӣ аллакай дар зинаҳои барвақти таърихи инсонӣ ба вуҷуд меояд.

Танҳо бо роҳи ташаккул додани худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагиву муттаҳидии мардумро устувор гардонида метавонем. Маҳз дар сурати ваҳдат душворию монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгору зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизу маҳбубамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: “Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад”. Он дарахте, ки Президенти мамалакат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба бор оварда истодааст, ки бо онҳо мо тоҷикону Тоҷикистониён фахр мекунем, ифтихормандем.

Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу субот, оромӣ, тинҷиву амонӣ ва дӯстиву бародарӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз ба рӯз гул-гул мешукуфад, тарзи ҳаёт ташаккул ва такмил меёбад, иҷтимоиёташ беҳтар мегардад, иқтисодиёташ давра ба давра меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Воқеан ҳам, таи сӣ соли даврони истиқлолият ба туфайли худшиносии миллӣ, сулҳу ваҳдати пойдор дар Тоҷикистон ободиву пешравиҳои хеле назаррас ба амал омада, рушди устувори ҷомеаи навини демократӣ таъмин гашта истодааст.

Имрӯзҳо дар чеҳраи ҳар як шаҳрванди мамлакат шодиву нишоти зиндагӣ, шукргузорӣ аз чунин давлати соҳибистиқлол, хизматҳои арзандаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдати ҳамешагӣ танинандоз аст.

Бешубҳа, ризоят ва ваҳдати миллии ҷомеа, ки ба арзишҳои маънавӣ асос карда шуда, асрҳо озмоиш гардидааст, шарти зарурӣ ва рушди босубот ва босуръати Тоҷикистон, ҳаёти ором ва осудаҳолонаи шаҳрвандони он ба шумор мераванд.

Исмоилов Ш.Ғ., сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ

Исмоилова Г.С., муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ