Тарбияи рафтори маданӣ дар таълими хонандагони хурдсол

Тарбияи узви комили ҷомеа ва инсони комил яке аз муҳимтарин вазифаҳои низоми муосири таҳсилот ба шумор меравад. Имрӯзҳо дар ҷомеаи демократии мо масъулияти шахсии инсон дар назди худ ва ҷомеа, дараҷаи вазифа ва маънавиёти ӯ, ташаккулу камолоти ахлоқии шахсият беш дар пеш аҳамияти калонро дорост. Ҳамзамон бо таҳияи талаботи муайяни ахлоқӣ, танзими муносибати ҳаётии одамон дар ҷомеаи имрӯза, дар шуури ҳар як шахс ворид сохтани талаботи мазкур ва тасаввуроти ба он алоқамандро тақозо менамояд.

Тарбияи рафтори маданӣ қисми муҳими тарбияи мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсият ба шумор меравад. Моҳияти тарбияи рафтори маданӣ дар он аст, ки талаботи ахлоқи ҷамъиятиро ба хусусияти пурқиммати ахлоқии шахс табдил медиҳад, яъне ба он муваффақ шудан зарур аст, ки ҳар як шахси ба ҳаёт қадамгузоранда хусусиятҳои пурқиммату пешқадами ҷамъиятӣ ва ахлоқиро чун неъмати ботинан зоҳиршаванда зарур дарк намояд.

Кори бо мақсади муайян равона кардашуда ва мунтазам оид ба тарбияи малакаю одатҳои рафтори маданӣ аз рӯзи ба мактаб омадани бачагон шурӯъ мегардад. Маҳз дар синфҳои ибтидоӣ асосҳои ботартибӣ, покизакорӣ, хушмуомилагӣ, росткорӣ гузошта мешаванд, дар мактаб, хона, дар кӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба таври маданӣ рафтор кардан омӯзонида мешаванд. Агар қоидаҳои оддитарини рафтори маданӣ ба бачагон аз хурдсолӣ омӯзонида нашаванд, баътар ин норасоиро ислоҳ намудан ва басе кори мушкил маҳсуб меёбад, яъне мактаббачагонеро, ки дар онҳо одатҳои бад реша давондаанд, аз нав тарбия кардан лозим меояд. Бояд зикр кард, ки дар натиҷаи рушд надодани одатҳои мусбии кӯдакон сиҳат инкишофи рафторҳои маданӣ халал мерасонад.

Дар мактаби ибтидоӣ кӯдакон бояд доир ба қоидаҳои асосии рафтори маданӣ дониши васеъ ҳосил намуда, онҳо дар рафтору гуфтори худ истифода намоянд. Ыоидаҳои аниқи одобу рафтор бисёранд, аммо бо ҳамаи онҳо шинос кардани мактаббачагон мушкил аст ва шояд лозим ҳам набошад.Бинобар ин бисёр зарур аст, ки ба мактаббачагон на танҳо қоидаҳои рафтор омӯзонида шаванд, балки дар баробари он вобаста ба руҳи қоидаҳо амал карда тавонистан, яъне дар асоси қоидаҳои пешакӣ маълум дар ваъияти нав ёфтани тарзи дурусти рафторро ҳам омӯзонидан лозим аст. Ин масъала мураккаб аст, ва барои бомуваффақият ҳал намудани он иҷрои корҳои зерин зарур аст.

Ҳангоми кор бурдан бо кӯдакон ба онҳо иҷро намудани қоидаҳои рафторро дар ваъиятҳои гуногуне, ки бештар дучор меоянд, омӯзонидан лозим аст: аз жумма дар мактаб, дар кӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ. Бо ин кор қоидаҳои аниқ ҳатман такрор меёбанд. Ин кор барои он зарур аст, ки кӯдак дар шароитҳои гуногун ба ҷо овардани айнан як қоидаро ёд гирад. Дар хотир доштан лозим аст, ки барои мактаббачагони хурдсол аз як вазъият ба вазъияти дигар гузаронидани дониш на ҳамеша кори осон аст. Масалан, кӯдак медонад, ки дар мактаб на фақат бо муаллимаи худ, балки бо ҳамаи калонсолон салом кардан лозим аст. Ҳатто талабаи синфи якум ҳам ин қоидаро зуд аз худ мекунад. Ӯ дар мактаб ҳамеша бо ҳамаи муаллимон, падару модарон салом мекунад. Аммо берун аз мактаб, дар кӯча мумкин ин қоидаро иҷро накунад. Ӯ ин корро қасдан ё фаромӯшона намекунад. Фақат ӯ намедонад, ки ҳангоми дар кӯча, дар манзил, дар назди кино бо шиносҳо (муаллим, падарё модари рафиқаш ва ғайра) дучор омадан ба онҳосалом додан лозим аст. Ё ки мисоли дигар мегирем кӯдакон дар мошинҳои мусофиркаш ва ғайра бо калонсолон ҷой доданро ёд гирифтаанд. Онҳо ин корро бо хоҳиши худ бе бахотиррасонӣ ба ҷо меоранд. Лекин бибииталабаеба мактаб одам. Талаба нишастаасту бибиаш рос истодааст, баъзан бо талаба гап ҳам зада истодааст. Ӯ намефаҳмад, ки ӯро ба нишастан таклиф кунад. Бача ба он одат кунонида шудааст, ки танҳо дар нақлиёт ба калонсолон ҷой додан лозим аст.

Маданияти рафтор аз бисёр ҷиҳатҳо бо қоидаҳои ахлоқӣ ҳам алоқаи зич дорад. Масалан, асоси бисёр қоидаҳои аниқи хушмуомилагӣ, бодиққатӣ, боадабӣ, бентизомиро ҷараёни ахлоқии ҷамъияти мо: инсондӯстии иҷтимоӣ, коллективият, дӯстӣ, рафоқат, ҳис намудани масъулият барои рафтору кирдори худ ташкил медиҳад. Кӯдак ба фаҳмиданӣ тақдир намудани зарурати иҷрои қоидаҳо аз нуқтаи назари маънавӣ тадриҷан сар мекунад. Ягонагии дониш, малака ваодат барои аз худ намудани ахлоқи матин, ташаккулёбии сифатҳои муайяни шахс сабаб мешаванд. Барои ҳамеша хушмуомила, хидматгузор, боинтизом будан сифатҳои хушмуомилагӣ, боинтизомӣ, хирадмангузориро аз худ кардан лозим аст. Рафтори худро фаҳмидани кӯдак тадриҷан бо роҳбарии муаллим, бо таъсири афкори ҷамъиятии ҷамъгардидаи коллеклтив ба амал меояд.

Дар ҳар як синф кӯдакон ҳаммаи қисмҳои таркибии асоси рафтори маданӣ: гигиенаи шахсӣ, хушмуомилагӣ, бо интизоми хизматгузорӣ, маданияти нутқ ва ғайраро аз худ мекунанд. Доираи қоидаҳои кӯдакон дар синфҳои оянда бояд аз худ кунанд, васе мешавад, мактаббачагон тадриҷан бо қоидаҳои мураккабтар нозуктар шинос мешаванд. Муаллим аз рӯи ҳар як фасли асосии кор як машғулият мегузаронад, дар як сол шаш машғулият, ки ба он машғулияти хотимавӣ ва бозии барои ҳамаи синфҳои ибтидои умумӣ, ҳам дохил мешаванд гузаронидани махсус аз рӯи мавзӯи пешакӣ ба нақша гирифташуда машғулиятҳои муташаккилона маънои онро надорад, ки муаллим бо талабагон оид ба тарбияи маданияти рафтор муттасил кор намебарад.

Табиист, ки муаллим ба далелҳои аз тарафи кӯдакон вайрон карда шудани қоидаҳои рафтор ҳам, ки аз доираи мавзӯи дар айни замон бо онҳо кор бурда истода берун мебароянд, чашм намепӯшанд. Агар муаллимбинад,ки кӯдак кадом як қоидаеро иҷро накарда истодааст, барои он, ки онҳоро намедонад ва онҳо баъд махсус кор карда баромада мешаванд, вай, аллбата, дар айни ҳол чи тавр рафтор карданро нишон медиҳанд.

Маданияти рафтор ба маданияти ботинии одам, талаботи эстетикӣ, майлу одатҳои мақбули умум зич алоқаманд аст. Маданияти ботинӣ аз бисёр ҷиҳат рафтору кирдори зоҳирии одамро муайян мекунад, вале ҷиҳати зоҳирии рафтор ҳам ба маданияти ботинӣ таъсир мерасонад-одамро маҷбур мекунад, ки ботамкин, ботинан бофаросат,худроидора карда метавонистагӣ бошад. Бепарвоӣ ба шаклизоҳирӣ, дағалӣ, бедиққатӣ, беадабӣ тадриҷан сифатҳои манфии дахлдори шахсро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, аз хурдсолӣ кӯдаконро бо донистани қоидаҳои рафтори маданӣ ва одатҳои иҷро кардани онҳо муслаллаҳ кардан лозим аст.

Таҷрибаи шахсии муносибатҳои кӯдак ҳанӯз хеле камбағал аст, кӯдак бисёр вақт танҳо ба сабаби надонистани он, ки кай, дар куҷо ва чӣ хел бояд рафтор кард, беадабӣ мекунад. Аксар вақт кӯдакон ба рафтори падару модар, калонсолоне, ки барои онҳо шахси баобрӯй мебошанд, назорат карда, қоидаи рафтори боадабонаи тақлидкуниро аз худ менамоянд. Бо вуҷуди ин аз тарафи кӯдакон дарк намудани рафтори худашон, кору амали худашон-шарти зарурии ташаккулёбии малака ва одатҳои фоидакони ҷамъиятии қоидаҳои маънавии рафтор мебошад. Одам дар назди ҷамъият, коллектив, одамони дигар фақат бо он рафтор комилан бошуурона ҷавоб дода метавонад, ки маънои онро аз нуқтаи назари манфиату зарурати ҷамъиятӣ фаҳмад ва баҳо диҳад.

Рафтори маданӣ дараҷаи баланду сайқалёфтаи амалу рафторҳои инсонист, ки такомулоташон дар фаъолияти соҳаҳои гуногуни ҳаёт падидор мешавад.

Маданияти рафтор ҳамаи соҳаҳои ҳаётро дар бар мегирад, аз ҷумла маданияти нутқ, намуди зоҳирии шахс, маданияти муносибатҳоибайниҳамдигарӣ,маданиятикор ва ғайраҳо нишондиҳандаҳои он мебошад. Маданияти рафтор бо маданияти ботинии одам,талаботиэстетикӣ, майлу одатҳои мақбули умум зич алоқаманд аст. Маданияти ботинӣ аз бисёр ҷихат рафтору кирдори зоҳирии одамро муайян мекунад, вале ҷиҳати зоҳирии рафтор ҳам ба маданияти ботинӣ таъсир мерасонад ва дар инсон хусусиятҳои ботамкинӣ, бофаросатӣ ва худдориро ташаккул медиҳад.

Тарбияи рафтори маданӣ дар ҷараёни таълиму тарбияи хонандагони синфҳои ибтидоӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти педагогиро дар бар мегирад. Зеро мақсади асосии тарбияи рафтори маданӣ пеш аз ҳама интизомнокию маданиятнокиро дар шууру ҳисси хонандагон ташаккул додан аст. Самаранокии фаъолияти ҳар як хонанда низ ба меъёри риояи қоидаҳои рафтор дар ҷамъият, дар мактаб, дар хона, дар кӯча ва ғайра буда, тавассуди одаткунонӣ тарбия карда мешавад. Одаткунонӣ асосии тарбияи рафтори мактаббачагони хурдсол буда, дар онҳо малакаю маҳорати дуруст ва бехато иҷро намудани рафтору кирдорро ташаккул медиҳад. Зеро дараҷаи маданиятнокии одамон аз сатҳу сифати фаъолиятҳои онҳо муайян карда мешавад ва он асосан аз хурдсолӣ оғоз мегардад. Ҳангоми муошират, муносибат, ҳамкорӣ, супориш додану талаб намудан муаллиро зарур аст, ки бо хонандагон муносибати маънавию маданиро ба роҳ монад, зеро ҳар як рафтру гуфтори ӯ барои шогирдонаш ибрат мебошад. Бачагон хеле ҳассос ва мушоҳидакоранд, ҳамаи амалҳои омӯзгорро мушоҳида намуда, тақлидкорӣ мекунанд. Чизҳои дида ва шунидаашонро барои иҷро намудан кӯшиш менамояндва дар вақти бозиҳояшон он амалҳоро иситифода мебаранд, ки инро мо машқ ҳам гуфта метавонем, зеро ҳангоми иҷроиш бачагон ҳатогиҳои якдигарро ислоҳ мекунанд, тарзи дурусти онро ба якдигар нишон медиҳанд ва ин амалҳо хоҳ ҳусусияти бад дошта бошад, хоҳ нек, дар рафтору кирдори бачагон одат мешавад. Барои ҳамин ҳам калонсолонро зарур аст, ки ҳатто дар вақти бозии бачагон низ боэътибор шаванд, гуфтору рафтор ва амалҳои нодурусти онҳоро сари вақт ноаён ислоҳ намуда, барои шавқовар шудани бозиашон маслиҳат диҳанд ва ғайра. Зеро бозӣ таҷрибаи ҳаётии онҳоро бой намуда, ба мустақилона кору рафтор намудан омода месозад.

Тарбияи инсони комил дар педагогикаи муосири тоҷик дар асоси қадимтарин ақидаҳои педагогии ниёгони мо сурат мегирад ва яке аз бузургтарин сарчашмаҳои он қитоби муқаддаси «Авасто» мебошад, дар он омадааст:» пиндори нек, кирдори нек ва гуфтори нек»

Адабиёт ҳамеша инъикосгари зиндагии иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардум будааст.

Педагогикаи муосири миллӣ ақидахои педагогӣ ва арзишҳои умумибашариро, ки дар эчодиёти муттафаккирони асрхои миёнаи точику форс инъикос ёфтаанд, фаро мегирад.Низоми таълим ва афкори педагогии Точикистони сохибистиклол чомеаро ба арзишхои моддию маънавӣ, назарияхои пешкадам ва сарчашмахои нодир, мероси адибону олимони бузург - Рудакӣ, Фирдавсӣ, Абуали ибни Сино, Берунӣ, Форобӣ, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон ҷалб менамояд. Дар педагогикаи миллӣ мухимтарин категорияхои фалсафию ахлоқӣ аз қабили маънавият, озодӣ, ҷавонмардӣ ва ғайра, дарҷ ёфтаанд, ки ин арзишҳо ба ахлоқи умумиинсонӣ, пешрафти иҷтимоии халки точик мусоидат менамояд.

Дар давраи кунунии инкишофи чомеа ташаккули инсони

комил аҳамияти хоса касб мекунад. Аз ин лихоз, вазифаи муҳими омӯзгорони имрӯза аз захираи бузурги ғояхои иҷтимоӣ, меъёрхои маънавӣ ва анъанаҳои фарҳангӣ интихоб намудани арзишҳоест, ки тарбияи босифати насли наврасро таъмин менамояд.

Муваффақият дар тарбияи маданияти рафтор аз бисёр ҷиҳат ба интихоби дурусти усулҳои кор бо кӯдакон вобастааст. Усулҳои асоситарин - ба иҷро намудани қоидаҳои рафтори маданӣ одат кунонидани мактаббачагон ва ба онҳо фаҳмонидани қоидаҳои дахлдори ахлоқӣ мебошанд. Воситаи беҳтарин ба маданияти рафтор одат кунонидани мактаббачагони хурдсол машқҳое, мебошад, ки ба ҳаёти ҳаррӯзаи кӯдакон дохил шуда ва аз ҷараёни машғулиятҳои пай дар пай гузаронида мешаванд. Мазмуни машқҳо ва шакли онҳо ба хусусияти қоидае, ки кор карда мешавад, вобастааст. Ҳамин тавр, масалан, машғулиятҳое ҳастанд, ки муаллим дар ин ё он ваъият чи хел рафтор карданро мефаҳмонад: рафиқро чи хел ба меҳмонӣ даъват кардан лозим, дар назди дастархон худро чи хел нигоҳ доштан лозим, қоидаи боадабиро чи гуна ба ҷо овардан мумкин аст. Дар худи ҳамин машғулият кӯдакон ҳаракатҳои мулаллимро такрор мекунанд, дуруст рафтор карданро ёд мегиранд. Баъд ин машқҳо ба фаъолияти ҳархелаи кӯдакон дохил карда мешаванд. Кӯдакон ба театр мераванд, дар рӯзи тавлиди рафиқашон иштирок мекунанд. Дар чунин ҷойҳо онҳо бояд мустақилона, бе назорати бевоситаи калонсолон, мувофиқи қоидаҳои ба онҳо маълум амал кунанд. Муаллим ба рафтори кӯдакон назорат мекунад, он хатоӣ ва нуқсонҳое, ки онҳо содир менамоянд, он рафтори хурду дурусти онҳоро, ки дар корҳои минбаъда ба онҳо такя кардан мумкин шавад, қайд менамоянд.

Иҷро намудани супоришҳои ҷамъиятӣ аз кӯдакон на танҳо иҷро карда тавонистани ягон кор, балки риоя намудани қоидаҳои муайяни рафторро низ талаб мекунад. Масалан, хонандгони синфи 4 ба хонандагони синфи якум сарварӣ мекунанд, бо кӯдакони синни томактабӣ бозӣ мекунанд, дар ошӯёнаи худ навбатчӣ мешаванд, қоғазпора (макулатура) ҷамъ менамоянд. Бо ин роҳ кӯдакон бо бисёр одамон: калонсолон, бачагони хурду калон, ҳамсолони худ алоқаманд мебошад. Алоқамандӣ бо онҳо аз мактаббача донистани бисёр қоидаҳои рафтори маданиро талаб мекунад. Қоидаро риоя карда натавонистани кӯдакон дар ҳаёти ҳаррӯза зарур аст. Бинобар ин кӯдакон кӯшиш мекунанд, ки он чи дар машғулиятҳои махсус меомӯзанд, дар хотир нигоҳ доранд ва донишҳои азхудкардаашонро дар амал татбиқ намоянд. Ин ҳолат оид ба тарбияи маданияти рафтор то андозае кори муаллимро осон мекунад.

Дар ҷараёни кори муаллим ба кӯдакон эзоҳдиҳии қоидаҳои ахлоқ, ки бо қоидаҳои рафтори маданӣ алоқаманданд, низ аҳамияти калон дорад. Усулҳои эзоҳдиҳӣ гуногунанд: нақли муаллим, сӯҳбати ахлоқӣ, муҳокимаи воқеаҳои ҳаёти мактабӣ, суҳбат аз рӯи ҳикояи хондашуда, овезаҳо оид ба маданияти рафтор. Вазифаи асосии таълими ахлоқ аз ташаккулдиҳии тасаввуроти маънавӣ ва тасаввурот дар бораи хайрхоҳӣ, адолатпарастӣ, инсондӯстӣ, дӯстӣ, рафоқат ва ғайра иборат мебошад. Ҳангоми фаҳмонидани қоидаҳои рафтори маданӣ диққати кӯдаконро ба тарзҳои рафтор ва оқидаҳи онҳо барои одамони дигар ҷалб намудан зарур аст. Дар он сурат қоида на ҳамчун талаботи тасодуфӣ ва беасос, балки ҳамчун зарурати оқилонаи аниқ барои мактаббачагони хурдсол намудор мешаванд.

Абдулфайзов А.А.,

муаллими кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ

ва касбии факултети педагогии

ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ