​Оила – маскани нуру зиё

“Оила кори хеле муҳим ва масъулиятноки одам аст. Оила ҳаётро пуру паймонтар карда, хушбахтӣ меорад. Вале ҳар як оила, хусусан дар ҳаёти ҷамъият пеш аз ҳама масъалаи бузургест, ки аҳамияти давлатӣ дорад.”

А. С. Макаренко

Яке аз ҷузъҳои муҳими ҷамъият оила аст, яъне оила ячейкаи асосии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Инсон ба воситаи оиладорӣ натанҳо хушбахтиро ба даст меорад, балки асосан ҳамаи мушкилиҳою душвориҳои зиндагӣ пас аз оиладорӣ сар мешаванд, зеро ки инсон баъд аз хонадор шудан ба тарбияи насли наврас мепардозад ва ин яке аз вазифаҳои муҳимтарини инсоният аст. Тарбия кардан , ба воя расонидани фарзандон ва фазои солимро бахри хушбахтии оила фарохам овардан вазифаи аввалиндарачаи падару модар мебошад. Зеро бидуни фазои солими оила бунёди оилаи хушбахт гайриимкон аст. Ин гуфтаҳо маълум мекунанд, ки барои бахту саодати оила маданияти баланди умумӣ, маданияти эҳсосӣ лозим, ҳамчунин ҳисси олии вазифашиносӣ, барои ҳаёту рӯзгори одамӣ ва дар назди ҷамъият масъулият ҳис кардан аст ва ҷавонон барои никоҳ бояд натанҳо аз ҷиҳати маънавӣ, балки аз ҷиҳати руҳӣ низ тайёр бошанд, зеро ақди никоҳ натанҳо шодмонии муҳаббати хамсарон ва фарзанддорӣ аст, балки он мушкилоти ҳақиқии зиндагӣ, ташвишу тарадудҳои зиёдеро ҳам дорост.

Аз ин хотир, инсон бояд ҳамаҷониба омодаи зиндагии комил бошад ва баҳри расидан ба мақсадҳои неки зиндагӣ, ҳам аз ҷиҳати руҳонӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодию ичтимоӣ омода бошад. Ин нуқтаро сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳама баромаду ҷаласаҳои худ ба ҷавонон таъкид менамоянд. Сарвари давлат дар соли 2015 зимни ироаи Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олӣ гуфтанд, ки “ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Вобаста ба ин пешниҳод менамоям, ки соли 2015 дар кишвар “Соли оила” эълон карда шавад”. Аз ин хотир ҳар сол 15-уми май ҳамчун Рӯзи оила ҷашн гирифта мешавад. Президент таъкид карданд, ки “масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошад, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад”.

Пойдорӣ ва устувории оиларо муҳаббат ташкил медиҳад, зеро танҳо муҳаббати самимӣ метавонад оиларо мустаҳкам ва ҳама мушкилоти ба сар омадаро раф созад. Муҳаббат танҳо дар оила камолоту нафосати ҳақиқии маънавӣ пайдо мекунад. Муҳаббат маҷбур мекунад, ки одамон якдигарро авлодтар донанд. Агар дар оила муҳаббат бошад, зану шавҳар ба хотири он аз баъзе талаботҳои худ гузашт карда, ҳамдигарро ба хубӣ дарк мекунанд ва мушкилоти дар оила ба вуҷуд омадаро ба осонӣ ҳал менамоянд. Фарзандоне, ки дар чунин оила тарбия меёбанд, метавонанд дар оянд соҳиби обрӯ ва зиндагии шоиса гарданд. Набояд фаромӯш кард, ки ҳатто муҳаббати бепоёнро ҳам эҳтиёт кардан, ташкил карда тавонистан зарур аст.

Зиндагӣ, эй зиндадил, дони кӣ чист,

Ишқи якбин дар тамошои дуист.

Марду зан вобастаи якдигаранд,

Коиноти шавқро муратгаранд.

Зиндагии шоиста ва лоиқи инсон иборат аз гузаронидани умри инсон дар оромӣ, осудагӣ, сулҳу амонӣ, роҳату фароғат аст. Аз ин хотир фазои солимро ба хотири хушбахтии оила ва фарзандон фарохам овардан ахмияти нихоят бузург дорад. Фазои солим аз муоширати солим аст.

Умри инсон ҳамеша дар ҳаракат буда, мутаассифона он гузарон аст. Аз ин хотир хар як шахс бояд кӯшиш намояд, ки умри хешро ҳамеша бо осудагию хушҳолӣ сипарӣ кунад. Иҷрои ин вазифа ва қарзи муқаддас дар навбати аввал бар уҳдаи зан аст. Дар ҷараёни ҳаёти муштарак бо шавҳар дар оромӣ, рафоқат, самимият ва дӯстӣ зиндагӣ кардан зан мақоми хоса дорад. Дар баробари ин шавҳар уҳдадор аст, ки барои осудагии оила шароити муносиб фароҳам орад. Бузурге гуфтааст: “Ҳеҷ касро ба никоҳ шудан маҷбур намекунанд. Аммо ҳар касе, ки никоҳ шуд, бояд ба итоати қонуни никоҳ маҷбур карда шавад.

Дар бораи ахлоқи оиладорӣ ниёгонамон дар осорашон бисёр суханҳои пандомӯз ва ибратнок иброз кардаанд. Вале пеш аз ин равшан кардан зарур аст, ки мо зери калимаи “бахт” чиро мефаҳмем.

Бахт - ин дар натиҷаи ҳаракати инсонӣ ба даст овардани талаботҳои маънавӣ, иҷтимоӣ ва ноил гаштан ба мақсади шахсӣ ва ҷаъмиятӣ мебошад.

Бахт-зиндагӣ кардан ва мубориза бурдан.

Бахт-ин барои дунё ҷавоб додан.

Бахт-ин боварӣ ба ояндаи неки худ ва дигарон.

Дар зиндагӣ бо боварӣ умр ба сар бурдани зану шавҳар омили асосиет, зеро боварӣ ва эътимод решаи вафо буда, нахли бовафоӣ аз ҳамин реша об мегирад, сабзу пурбор мешавад, ба камол мерасад. Нобоварӣ, беэътимодӣ меҳри дил ва сафои манзилро аз байн мебарад.

Ба ақидаи Ибни Сино, вақте ки инсон хонаю манзил сохта, барои рӯзгор молро захира кард, ба каси харҷкунандаи он низ муҳтоҷ мегардад. Зани ҳақиқӣ шавҳари худро дӯст медорад ва ҳамеша дар хусуси муҳаббати ӯ фикр мекунад. Мутафаккир занҳои бешарму ҳаёро танқид намуда, собит кардааст, ки зани беишқу вафо эътибори оиларо ба нестӣ бурда, аз боварӣ ва муҳаббати шавҳар маҳрум мегардад. Ибни Сино муносибати марду занро таҳқиқ карда, дар бораи ишқ низ сухан ронда, таъкид кардааст, ки ишқи инсонӣ беҳтарин ва асоситарин ишқи олами моддӣ буда, нисбат ба он эҳтиром варзидани ҳар як инсон комилан шарт ва зарур мебошад. Ба гуфти ӯ ошиқон бояд якдигарро ҳурмат карда, ягонагӣ ва муттаҳидии худро вайрон накунанд. Ӯ инчунин қайд кардааст, ки асоси ишқро садоқат ташкил медиҳад. Ҳар қадар одамон содиқ бошанд, ҳамон қадар хушбахт хоҳанд шуд, вале агар ба ҷои садоқат хиёнату бевафоӣ ҳукмрон гардад, ишқ пойдор намемонад. Агар ишқ барҳам хурад, зиндагии инсон фасоду касод мешавад. Аммо, мутаассифона, дар замони имрӯз муҳаббат муқаддасот ва қадру қимати худро аз даст додааст, ки ин боиси зиёд шудани оилаваёроншавӣ дар миёни ҷавонон гаштааст.

Хулоса, оилае, ки пояаш ба муҳаббат асос ёфтааст ва муоширати солим дар ин оила дида мешавад, оилаи хушбахт аст. Дар мазраи диле, ки муҳаббат парварида мешавад, гули вафо, устуворӣ, матонат ва фазилатҳои неки инсони бояд шукуфон бошад. Ишқ одамро дар роҳи мурод пухтаву мубориз мегардонад. Дар чунин оилаҳо фарзандони неку хушрафтор, меҳнатдӯсту меҳрубон ба воя мерасанд. Меҳру муҳаббате, ки ҳамсарон ба фарзандонашон мебахшанд, дар оянда, дар наслҳои минбаъдаи онҳо низ боқӣ мемонад. Хулоса хамаи ин гуфтахо ба муоширати солим асос меёбад ва мо бояд нузукии муоширату муносибатро бо хамдигар хуб аз худ карда бошем.

Эсанов Ҷасур – донишҷӯи курси 2-юми факултети санътаи тасвирӣ ва технология

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ