​2020 – соли рушд ва бобарор дар равандҳои фаъолият

Соли 2020 Тоҷикистон яке аз давраҳои муҳими сиёсиву таърихиро паси сар карда, ба марҳалаи бемайлони рушд ворид шуд. Дар ин давраи басо муҳими таърихӣ ҷиҳати рушду пешрафти назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ заминаҳои мусоид фароҳам гардида, обрӯву нуфузи кишвари азизи мо дар арсаи ҷаҳонӣ дучанд афзуд, ки дар ин замина, ҳаёти мардум куллан тағйир ёфт.

Яке аз воқеаҳои муҳими сиёсӣ Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар сатҳи матлуб баргузор гардида, бори дигар эътимоду боварии мардуми шарафманди кишвар ба ояндаи дурахшони Ватан ва Пешвои муаззами худро собит кард.

Тазаккур бояд дод, ки Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо раҳбарии сиёсатмадори дурбину дурандеш Эмомалӣ Раҳмон рӯзгори душворро паси сар карда, имрӯз ба марҳалаи сифатан нав ворид ва дар ҳоли рушду тараққиёт аст. Дар зарфи ин солҳо дар натиҷаи татбиқи бомарому босамари ҳадафҳои муҳими стратегии кишвар, ки ҳар яке дар самтҳои муайяну мушаххас рушду инкишофи иқтисодиву иҷтимоиро фароҳам карданд, ҳаёти кишвару мардуми он куллан дигаргун шуд. Тамоми дастоварду комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ном ва кору пайкори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванд аст. Бинобар ин, мардуми қадршиносу заршиноси тоҷик дар интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Эмомалӣ Раҳмон боз як бурди таърихиро соҳиб шуд.

Дар баробари соҳоти мухталиф таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба соҳаи илму маориф ба таври рӯзафзун эҳсос шуда, ҳамасола иқдому ташаббусҳои нав ба нав ҷиҳати дастгириву рушди соҳа рӯи кор меоянд. Таъмини таҳкими сифатноки таълим аз таъкидҳои доимии Пешвои муаззами миллат аст. Дар ин раванд, ба масъалаи рушди фанҳои дақиқ, омӯзиши технологияи муосир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир мешаванд. Воқеан, пешрафти босуръати илму техника ва маҷрои рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ тақозо мекунад, ки ба раванди таълим диду назари нав андӯзем.

Дар партави сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар тайёр намудани мутахассисони омӯзгориву ғайриомӯзгорӣ бо назардошти талаботи бозори муосири меҳнат нақши муассир дорад.

Натиҷаҳои фаъолияти муассиса давоми соли 2020 бозгӯи онанд, ки раванди таълиму тарбия мувофиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат сурат гирифта, дар ҳама самт дастоварду муваффақият ба мушоҳида мерасанд.

Шӯрои олимони донишгоҳ, ки ҳамчун мақоми олии идоракунии донишгоҳ мавқеи хос дорад, ҷаласаҳояш мунтазам баргузор гардида, дар онҳо муҳимтарин масъалаҳо муҳокима ва ҳаллу фасл гардиданд. Қарорҳои шӯро ва раёсати донишгоҳ ҷиҳати беҳтар намудану пешрафти раванди таълиму тарбия натиҷаи хуб ба бор оварданд. Дар ин давра баҳри баланд бардоштани нуфузу эътибори донишгоҳ ташаббусу иқдомҳои зиёд рӯи даст гирифта шуда, натиҷаи он таваҷҷуҳи рӯзафзуни хатмкунандагон ба муассисаи мо мебошад. Соли таҳсили 2020-2021 ба донишгоҳ 3 735 нафар дохил шуданд, ки ин шумора нисбати соли гузашта 181 нафар зиёд мебошад. Маҷмӯан, дар муассиса 23 130 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, 10302 нафар (3752 буҷавӣ) дар шуъбаи рӯзона ва 12828 нафар (1144 буҷавӣ) дар шуъбаи ғоибона(фосилавӣ) таҳсил менамоянд. Тибқи Квотаи президентӣ 870 нафар, аз онҳо 494нафар духтарон дар шуъбаи рӯзона ва 9 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд.

Боиси ифтихор аст, ки шумораи гирандагони стипендия дар донишгоҳ сол аз сол афзуда, алҳол 14 нафар стипендияи президентӣ, 3 нафар стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 нафар стипендияи Раиси вилоят, 6 нафар стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд ва 3 198 нафар стипендияи донишгоҳиро мегиранд.

Натиҷаи ҳамин дастгириҳо буд, ки давоми сол магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва донишгоҳӣ дар самти илм ва инноватсия ва варзишӣ фаъолона иштирок намуда, ба ҷойҳои сазовор ноил гардиданд. Аз ҷумла, дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” 3 ҷойи якум ва 2 ҷои дуюм, 3 ҷои сеюм, дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 6 нафар мақомҳои ифтихорӣ, дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» 7 ҷойи намоёнро ба даст оварданд. Ҳамчунин, дар Озмуни байналхалқии “Беҳтарин олими ҷавон-2020”, ки дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, Шодмон Нурматов, докторанти факултети геоэкология ва Анисахон Ёқубова, омӯзгори факултети филологияи рус бо медал ва дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуданд.

Варзишгар-донишҷӯён дар мусобиқаҳои сатҳи байналхалқӣ, ҷумҳуриявиву вилоятӣ ва шаҳрӣ ва донишгоҳӣ иштироки фаъол доштанд. Спартакидаи донишҷӯён аз рӯи 7 намуди варзиш дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор гардида, варзишгарони мо ғолиби давраи вилоятӣ ва дар спартакиадаи ҷумҳуриявӣ бо гирифтани 21 медали тилло, 14 медали нуқра ва 23 биринҷӣ сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 18 факултет ва 80 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ҷараён дорад. Ҳоло дар донишгоҳаз рӯи 80 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил сурат мегирад. Раёсати донишгоҳ бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат ба таъсиси ихтисосҳои нав эътибори махсус медиҳад. Яке аз падидаҳои муҳими сол таъсиси 10 ихтисоси нав мебошад, ки дар тарбияи кадрҳои тахассусманд заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. Бар иловаи ин, раёсати донишгоҳ тасмим дорад дар соли хониши 2020-2021 22 ихтисоси муосир ва ҷавобгӯ ба ниёзи замонро таъсису ба роҳ монад.

Айни замон дар донишгоҳ 875 нафар омӯзгори штатӣ, аз ҷумла, 44 доктори илм, профессор, 9 номзади илм, профессор, 297 номзади илм, дотсент, 47 номзади илм, сармуаллим, 7 номзади илм, муаллим, 213 сармуаллим, 258 муаллим фаъолият мебаранд, ки 50% теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд. Танҳо соли 2020 дар шӯрои десартатсионии донишгоҳ 33 рисолаи номзадӣ ва 13 рисолаи докторӣ ҳимоя шуданд, ки дастоварди намоёни илмӣ мебошад.

Раёсати донишгоҳ иқтидор ва имкониятҳои худро ба баланд бардоштани сифати таълиму тадрис равона карда, аз усулҳои гуногун истифода мебарад. Дар давраи ҳисоботӣ дар сатҳи кафедраҳо, факултет ва донишгоҳ 644 дарси кушод ташкил ва гузаронида шуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани малакаву маҳорати педагогӣ, таҷрибаивазкунӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълим мусоидат намуданд.

Ба ғайр аз ин, мониторинги сифати таълим дар сатҳи кафедра, садорати факултет ва раёсат ба ҳукми анъана даромада, ин иқдом ба сифати таълим аҳамияти бузург дорад. Ҳамчунин, барои муайян кардани сатҳу сифати дониши донишҷӯён дар факултетҳо мунтазам санҷишҳои махсус гузаронида мешавад.

Дар давраи ҳисоботӣ пурсиши афкори донишҷӯён бо усулҳои хаттӣ ва тавассути низоми идоракунии иттилоотӣ ба роҳ монда, зиёда аз 11 500 донишҷӯ ва беш аз 800 омӯзгорро фаро гирифт. Чунин раванд имкон дод, ки фикру дархости донишҷӯёну омӯзгорон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи таълим ба инобат гирифта шавад. Таҳсилоти фосилавӣ тақозои замон буда, дар донишгоҳ фаъолияти назаррас дорад. Ҳоло фаъолияти он аз рӯи 35 ихтисос дар 16 факултет ба роҳ монда шудааст.

Яке аз принсипҳои муҳими донишгоҳ бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагон мебошад. Аз рӯйи ихтисосҳои ғайриомӯзгорӣ донишгоҳ бо 64 корхона, ташкилот ва муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии шаҳру навоҳии вилоят ҳамкории судманд дошта, онҳо сарчашмаҳои асосии таъмини донишҷӯён бо ҷои кор мебошанд.

Барои мутахассиси баркамоли соҳа шудан марҳалаи таҷрибаомӯзӣ нақши муҳим дошта, раёсати донишгоҳ ба ин самти фаъолият эътибори пайваста зоҳир мекунад. Соли 2020 дар 106 муассисаи таълимӣ 3 395 нафар сафарбар шуданд. Ҳамзамон, 1 065 донишҷӯи шуъбаи ғоибона, аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мебаранд.

Масъалаи забономӯзии ҷавонон, ки аз дастури муҳиму саривақтии Пешвои муаззами миллат мебошад, дар донишгоҳ низ мавриди назари ҳамешагӣ қарор дорад. Айни замон дар факултетҳои донишгоҳ 25 гурӯҳи таҳсилашон бо забони русӣ, як гурӯҳ бо забони англисӣ ва зиёда аз 20 гурўҳи таҳсилашон бо забони ӯзбекӣ фаъолият доранд. Диққати довталабон низ барои таҳсил ба ин гурӯҳҳо бештар буда, бар иловаи шаҳрвандони кишвар, онҳо аз дигар кишварҳои ҳамҷавор низ донишҷӯёнро дарбар гирифтаанд. Робитаҳои дӯстӣ миёни кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон барои таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои якдигар роҳ ҳамвор кард. Феълан, донишҷӯён аз ҳамсоякишвари дӯст дар факултетҳои донишгоҳи мо таҳсил карда, аз сатҳу сифати таҳсил қаноатманданд.

Эълон гардидани 20-солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақик ва риёзӣ заминаҳои устуворро барои тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон фароҳам кард. Дар ин партав дар донишгоҳ як зумра ташаббусу иқдомҳои саривақтӣ рӯи кор омаданд. Таъсис ва таҷдиди лабараторияҳо, гербарияи ботаникӣ, фароҳам овардани имконияти васеи таълим барои омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, эълони озмунҳо ба хотири ҳавасмандгардонии донишҷӯён аз қабили ин ташаббусҳо мебошанд.

Дастгирии моддиву маънавии устодони донишгоҳ дар меҳвари фаъолият қарор дорад. Бо қарори Шӯрои олимон шурӯъ аз моҳи январи соли 2021 музди маоши кормандон аз ҳисоби фонди захиравӣ 10 % баланд бардошта хоҳад шуд. Иқдоми мазкур ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат рӯи кор омадааст. Ба нашри осори устодон, ки василаи дигари ҳавасмандгардонӣ ва омили муҳими мусоидат ба раванди таълиму тарбия мебошад, эътибори пайваста дода, давоми соли 2020 беш аз 138 номгӯи асарҳои устодони донишгоҳ аз чоп баромаданд.

Яке аз навгониҳо дар соҳаи табъу нашр ҳамин буд, ки соли ҷорӣ раёсати донишгоҳ бештар ба нашри китобҳои дарсии устодони донишгоҳ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, бо тавсияи Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 китобро ба табъ расонид.

Айни замон Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогӣ, Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ ва Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои табиатшиносӣ фаъолияти бомаром доранд.

Шароити замон аз ҷавонон тақозо мекунад, ки ба навъовариву ихтироъ рӯ оранд. Моҳияти ин гуфтаро устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба хубӣ дарк карда, дар давраи сипаришуда аз рӯйи 2 ихтироот устодон 2 нахустпатенти Маркази миллии патенту иттилоотро ба даст оварда, 1 ихтирои дигар барои гирифтани патент пешниҳод шудааст.

Нақши донишгоҳ дар ташкилу баргузории чорабиниҳои сатҳи гуногун дар миқёси вилоят намоён буда, дар ин давра 3 500 чорабинӣ аз тарафи раёсати донишгоҳ, садорати факултаҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ба роҳ монда шуданд, ки аз лексия, сӯҳбат, вохӯрӣ, мизи мудаввар ва ғайра иборат мебошанд.

Дар раванди робитаҳои байналмилалӣ донишгоҳ боз бо 7 муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ҳоло муассиса беш аз 70 донишгоҳ ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотии хориҷӣ дар асоси шартномаҳо ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондааст.

Соли 2020 донишгоҳ ба таъмини вазъи моддиву техникӣ эътибори махсус дод. Дар таъмини раванди таълим воситаҳои техникӣ, таҷҳизоти мултимедӣ дар ҳамаи аудиторияҳои таълимӣ, 196 тахтаи электронӣ, 439 проектор, 356 экран барои проектор, 315 принтер, 45 сервер, 230 гармусарддиҳанда, 222 ноутбук ва 2510 компутер бо пайвастшавии хатти шабакаи ягонаи интернет мавҷуд мебошанд, ки устодону донишҷӯён аз он васеъ истифода мебаранд. Ба ҳисоби миёна дар донишгоҳ барои 4 нафар донишҷӯ 1 компутер рост меояд.

Дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмиру азнавсозии биноҳо, корҳои ободониву созандагӣ эътибори махсус зоҳир гардида, биноҳои таълимии 1 ва 2 бо системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст карда шуданд. Бо назардошти вазъи кунунии эпидемиологӣ чораҳои безараргардонӣ бефосила гузаронида шуда, дар ҳамаи факулта ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ имкониятҳо барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ фароҳам оварда шудаанд.

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифаҳои дар ҷараёни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, хусусан, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир, сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, ҳамчун, забонҳои муоширати байналмилалӣ, баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон саъю талош намуда, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона намуда, бо ин роҳ баҳри пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи худро мегузорад.

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,

ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик

Бобоҷон Ғафуров”, профессор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ