​Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» - иқдоми беназири Пешвои миллат

Хушбахтона, дар тули солҳои соҳибистиқлолии мамлакат кишвари азизи мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду пешрафтҳои зиёде дар заминаҳои мухталиф ноил гардид. Ташаббусҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат тайи ин солҳо, воқеан дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд. Дар ин радиф мехоҳам махсусан ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» ишора намоям, ки будни шак дар сатҳи ҷаҳон беназир аст. Шояд озмуни китоб дар кишварҳои мухталиф баргузор гардад, аммо озмуни китобхонӣ ва китобдонӣ, ки дар меҳвари аҳдофи ин озмун қарор дорад, мешавад гуфт, ки дар дунё назир надорад. Дар кадом кишвари олам озмуни сар то сарии китобхонӣбаргузор шудааст?! Агар ҳам иқдомоте сурат гирифта бошад дар доираи маҳдуд будааст. Аммо дар кишвари мо ин озмун миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа аз кӯдакону наврасон гирифта, то пиронсолон ва одамони касбу кори гуногунро дар бар мегирад. Имрӯз дар дунё кишваре вуҷуд надорад, ки то ин ҳад шаҳрвандонашро ба китобхонӣ ҷалб созад ва озмуне дар ин сатҳ доир намояд. Аз бас ки худи Роҳбари давлат шахсияти нотакрор ва дорои хиради баланд ҳастанд, қадру азамати китоб ва мутолеаро ба хубӣ дарк мекунанд ва аз таъсири ин ганҷинаи маънавӣ дар пешрафту шукуфоии миллат ва парвариши руҳи ҷомеа огоҳанд. Зеро ҳарчи башарият андешидаву анҷом додааст дар китобҳо ҷамъоварӣ шудааст. Китоб сутуни мустаҳками тамаддунҳост. Ҷумлае аз Суқроти ҳаким мавҷуд аст, ки гуфта: «Ҷомеа вақте фарзонагӣ ва саодат меёбад, ки мутолеа кори рӯзонааш бошад».

Бо дар назардошти ин Президенти мамлакат озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро эълон карданд то қишри зиёди ҷомеаро ба мутолеаву омӯзиш ҷалб созанд. Мутмаинам, ки дар ояндаи наздик кишварҳои дигари олам низ ин иқдоми Роҳбари давлати тоҷиконро дар кишварҳои худашон амалӣ хоҳанд кард. Дар ин шакке нест! Зеро кишварҳо ба донишманд ниёз доранд ва донишманд шудан аз тариқи мутолеаи китоб муяссар хоҳад шуд. Инсонҳо ҳарчи бештар китоб хонанд ба ҳамон андоза аз лаззати зиндагӣ бархурдор хоҳанд шуд. Толстой мегӯяд «Дар дунё лаззате, ки бо лаззати мутолеа баробарӣ кунад, вуҷуд надорад». Ин андеша комилан дурусту саҳеҳ аст, зеро инсон тавассути китоб чизҳоеро мебинад ва бохабар мешавад, ки лаззатбахшу руҳпарваранд. Аз ҳамин тариқ аст, ки бо гузаштаи хеш метавон пайванд барқарор кард ва аз таҷрибаҳои зиндагии онҳо огоҳ гашт, ки барои тамаддунсозии имрӯзи мо хеле муҳим хоҳад буд.

Ду сол аст, ки рафти ин озмунро аз наздик мушоҳида мекунам. Воқеан шавқу завқи мардум нисбат ба мутолиаи китоб ва ҳузури фаъолонаи онҳо аз табақаҳои мухталифи ҷомеа мояи шигифтӣ, ҳайрат ва хурсандӣ аст. Як бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки Тоҷикистони азизи мо сарзамини истеъдодҳои бисёр шигарф аст. Дар миёни иштирокчиёни Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» навҷавонони фавқулоддае вуҷуд доранд, ки будани онҳо барои ояндаи кишвар бисёр муфид хоҳад буд. Зеро шахсиятҳоеро дидам, ки теъдоди зиёде аз осори адабиву фарҳангии моро мутолиа ва ҳифз кардаанд. Бидуни шак, Тоҷикистони азизи мо бо вуҷуди фарзандони донишманду хирмандаш имрӯзу ояндаи дурахшоне хоҳад дошт.

Ду сол мешавад, ки шогирдони азизам дар ин озмун ширкат мекунанд ва соли қабл дар номинаи адабиёти классикӣ яке аз онҳо ҷойи аввалро ишғол карда буд. Хушбахтона, имсол низ ду шогирдам дар даври ниҳоии озмун ширкат варзиданд ва ба тартиб Имориддинов Сарфарозиддин ва Ашуров Ҷавоҳир сазовори ҷойи аввал ва дувум гардиданд. Ин пирузии шогирдонро, ки ҷоизаи Пешвои миллатро дарёфт намуданд, барои худ ифтихор ва шарафи бузург медонам. Зеро ин озмун аз ҳар мусоибақаву озмунҳои дигар ба кулли фарқ мекунад.

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо маънавият ва донишу тафаккур дар иртибот аст ва ҳамин чизҳост, ки боиси шукуфоии миллатҳо мешавад. Китоб инсонро комил мекунад, тарбият месозад, ва ба ӯ неруву тавон ва заковати истисноӣ мебахшад, ки ҳаргиз заволпазир нест.

Ҷо дорад аз ин фурсат ба ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, академикАбдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муҳаммадюсуф Имомзода барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани ин маъракаи муҳими фарҳангӣ, бавежа даври ниҳоии он, аз номи худ ва шогирдонам изҳори сипос намоям, ки тули даҳ рӯз шабонарӯзӣ заҳмат кашиданд то ин озмун дар сатҳи матлуб доир гардад. Онҳо ҳар рӯз ба Китобхонаи миллӣ меомаданд ва аз наздик рафти озмунро назорат мекарданд ва ҳатто соатҳо Вазири муҳтарами маориф ва илм ба ҷавоби довталабон гӯш медоданд, ки аз ҳавсала, кордонӣ ва садоқату ишқу алоқаашон нисбат ба китобу маънавият гувоҳӣ медиҳад.

Аз ректори муҳтарами МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»,профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, ки фарҳангдӯст ҳастанд, барои дастгириҳо ва талошҳояшон дар татбиқи Амри роҳбари давлат ҷиҳати ширкати фаъолонаи донишҷӯён ва фароҳам сохтани имконоти муносиб барои онҳо изҳори сипоси махсус менамоям. Лозим ба таъкид аст , ки бо ташаббуси устоди муҳтарам соле қабл озмуни «Аз Рӯдакӣ то Фарзона» дар Донишгоҳ доир гашта буд ва тӯли наздик ба се соат шахсан худашон бо завқу шавқи беандоза онро тамошо карданд. Имрӯз ҳамон донишҷӯён дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори ҷойҳои авалу дувум гаштанд. Барои ҳавасманд намудани иштирокчиён ва ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” туҳфаҳои молявии махсус низ эҳдо намуданд, ки аз таваҷҷуҳ ва дастгирияшон миннатдории худ ва шогирдонамро изҳор медорам.

Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев, номзади илмҳои филологӣ,

дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ