Пешвои миллат сарвари абадии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Солҳои истиқлолият ва соҳибихтёрӣ барои ҳар як сокини Тоҷикистон давраи озмоишҳои басо вазнини ҳаёт, давраи расидан ба ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва оштии миллӣ буд. “Истиқлолияти давлатии мо, - гуфта буд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз дар оғози роҳ ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ягон кишвари тоза мустақилгардидаи собиқ давлати абарқудрат дар он айём ба чунин вазъи душвору фоҷиабор гирифтор нашуда буд.

Қувваҳои бадхоҳ ва ашхоси гумроҳ бо нақшаву дастурҳои хоҷагони хориҷии худ, ки мехостанд бар хилофи иродаи мардуми тоҷик фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари халқи мо бор кунанд ва ҳатто саросемавор нақшаи бунёди давлати исломиро кашида буданд, Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги бародаркуш гирифтор карданд.

Мутаассифона, дар он айём ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси кишвари тозаистиқлоли мо фирефтаи мафкура ва нақшаҳои харобкоронаи Ҳизби наҳзати ислом гашта буданд...

Ман дар суханрониҳои худ борҳо иброз доштаам, ки сулҳи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои он ҳазорҳо нафар фарзандони миллати тоҷик ҷони худро нисор карданд ва халқи тоҷик дар ин раванд душвориҳои сахту сангини зиёдеро паси сар намуд.

Вобаста ба ин, борҳо гуфтаам ва имрӯз қотеона такрор месозам, ки қаҳрамони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ танҳо хурду бузурги халқи тоҷик аст”.

Қобили зикр аст, ки дар арафаи баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ як гурўҳ ходимони намоёни давлатӣ, илму фарҳанг, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони ҳизбҳои сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо иқдоми нек – ташкил кардани як ташкилоти умумихалқӣ, ки доираи ҳарчи васеътари мардумро фаро гирад, баромад карданд.

Ибтидои моҳи июни соли 1997 нахустин машварати ташаббускорон дар ҳайати мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва муносибати байни миллатҳо Давлаталӣ Давлатов, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳҳоб Набиев, ноиби президенти Ҷамъияти саҳҳомии «Интурист-Тоҷикистон» Султон Мирзошоев, Шоирони халқии Тоҷикистон Мўъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигарон баргузор гардид.Доир ба муайян намудани номгузории ташкилот таклифҳои муфид пешниҳод карда шуданд. Боиси зикр аст, ки иқдоми мазкурро созмонҳои байналмилалии муқими Душанбешаҳр ҷонибдорӣ намуданд.Чунончӣ Намояндаи махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид Дитрих Меррем доир ба таъсис, сохтор вазифаҳо ва номгузории ташкилот маслиҳатҳо медод.

Баъди машваратҳо ба ташкилот унвони «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» лоиқдониста шуд.

20 июни соли 1997 дар маҷлисгоҳи Макази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Комитети тадорукоти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барпо гардид.

Дар ҷаласа Кумитаи тадорукоти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил карда шуд. Султон Мирзошоев раиси Кумитаи тадорукот интихоб гардид.

23 июни соли 1997 дар ҷаласаи навбатии Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузашт, ҳуҷҷати муҳим «Принсипҳои асосии консепсияи ризоияти ҷомеа дар Тоҷикитон» қабул гардид ва аъзоёни Шўрои ҷамъиятӣ таъсис додани Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуданд.

25 июни соли 1997 дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот дар баробари тасдиқ намудани нақшаи корӣ, комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи Оинномаи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Бо мақсади гузаронидани маъракаи фаҳмондадиҳӣ ва таъсис додани шўроҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз ҳисоби аъзоёни Кумитаи тадорукот гурўҳҳои корӣ таъсис дода шуданд.

Баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ саҳифаи зарин миллати тоҷик гардид.

Раванди таърихии расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон шароити мусоидро фароҳам овард.

Чамъомадҳо барои ҷонибдории Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар аксари деҳаҳо, шаҳракҳо, дар марказҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳои кишвар гузаштанд.

Аз ҷумла гурўҳи корие, ки ба он мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатов роҳбарӣ мекарду ба ҳайати он ноиби президенти Ҷамъияти саҳҳомии «Интурист Тоҷикистон» Султон Мирзошоев, раиси Бунёди забони тоҷикӣ Лоиқ Шералӣ, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳҳоб Набиев шомил буданд, ба вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд)сафарбар шуданд.

14 июли соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд конференсияи таъсиси Шўрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар конференсия раиси Кумитаи тадорукоти Ҳаракат С.Мирзошоев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Д.Давлатов, Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ аз хусуси мақсаду маром ва вазифаҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, пуштибонии одамони кишвар ҳарф зада, иброз доштанд, ки ҳаракати нав нигоҳдории сулҳу салоҳ, таъмини ваҳдати мардум ва якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободонии кишвар ва баланд бардоштани дараҷаи зисту зиндагонии одамон туфайли меҳнати садоқатмандона аз ҷумлаи вазифа ва мақсаду мароми Оинномавии Ҳаракат ба шумор меравад.

Иштирокчиёни конференсия якдилона таъсисёбии Шўрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуда, котиби масъули шўъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, профессор Атахон Сайфуллоевро раиси он интихоб карданд.

Натиҷаи ин дастгириҳо буд, ки дар вилоятҳо, аксарияти шаҳру ноҳияҳо шўроҳои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил ёфтанду фарзандони арзандаи кишвар сарварии шўроҳоро ба ўҳда гирифтанд.

Дар арафаи баргузории Маҷлиси муассисони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назаров лоиҳаи Нишони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро пешкаш намуд, ки он мақбули аъзоёни Кумитаи тадорукот гардид.

Инак, он рўзи фархунда ва таърихӣ фаро расид. 18 июли соли 1997 дар Театри опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Маҷлиси муссисони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба кори худ оғоз кард. Дар он 600 нафар вакилон аз вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҳизбҳои сиёсию иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои илмию эҷодӣ ширкат намуданд. Вакилон якдилона Султон Мирзошоевро раис, Ваҳҳоб Набиевро котиби Маҷлиси муассисони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб карданд.

Дар Маҷлиси муассисон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи барномавӣ баромад кард.

Вакилон якдилона таъсисёбии Ҳаракати умумиҷумҳуриявии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро тарафдорӣ намуданд. Оинномаи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон қабул ва тасдиқ карда шуд.

Вакилони Маҷлиси муассисон бо назардошти хизматҳои шоиста дар роҳи пурмашаққати истиқрори сулҳу салоҳ, ваҳдату оштии миллӣ, якпорчагии сарзамин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро якдилона раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб намуданд.

Ташкилёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон самараи сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ буда, мардуми Тоҷикистонро ба ояндаи зебо ҳидоят мекард.

20 августи соли 1997 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро таҳти №355 номнавис кард.

Он рўзҳои фаромўшнашавандаро ёдоварӣ намуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кайд менамояд: “Дар раванди татбиқи тадбирҳои пешбиникардаи Созишномаи сулҳ яқин гашт, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардонидани ормонҳои сулҳу субот ҳамаи нерӯҳои ватандӯсту ватанпарвар, ҳизбҳои сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба ҳам муттаҳид карда шаванд. Ва дар ин замина зарурате пеш омад, ки дар баробари Шӯрои ҷамъиятӣ як ташкилоти умумихалқӣ, ки доираи ҳарчи васеътари мардумро фаро гирад, таъсис дода шавад. Ин корро мо дар шакли Ҳаракати умумихалқии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон анҷом додем”.

Ҷолиби зикр аст, ки фаъолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон шаклу усулҳои самараноки корҳои тарғиботию ташвиқотиро ҷустуҷў мекарданд. Чунончӣ, бо мақсади шиносоӣ бо зисту зинадгонии мардуми шарифи вилояти Ленинобод гурўҳи калони ходимони давлатию ҳизбӣ, аҳли илму адаб ва намояндагони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд.

Рўзи 28 апрели соли 1998 дар маҷлисгоҳи Комбинати шоҳибофии вилоят Конфренсияи илмӣ-таҷрибавӣ дар мавзўи «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, аҳамияти Ҳаракат дар таҳкими сулҳ ва пойдории давлатии Тоҷикистон» барпо гардид. Дар қисми илмии ин ҷамъомади бонуфуз академик Мухторов Аҳрор, академик Нўъмон Неъматов, Шоири халқии Тоҷикистон, муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣва эҳёи Тоҷикистон Мўмин Қаноат, академик Р.Масов, Шоири халқи Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ, мушовири давлатии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон Давлаталӣ Давлатов баромад карданд.

Дар бахши амалии конференсия раисони Шўроҳои вилояти ленинободии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Атахон Сайфуллоев, Хатлон – Аҳмадҷон Ализода, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – Давлатқадам Хушқадамов, ходими намоёни давлатӣ, пири рўзгордида Назаршо Додхудоев мубодилаи афкор намуданд.

Рўзҳои 29-30 апрел бошад, мулоқотҳои хотирмон бо коргарону деҳқонон, аҳли зиё дар шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва Истаравшан ба амал омаданд. Мулоқотҳо исбот намуданд, ки таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар байни тоҷикон, обрўю эътибори афзояндаи Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба он шаҳодат медиҳад, ки Ҳаракати мазкур яке аз иттиҳодияҳои бонуфузу пурқувват дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистон хоҳад шуд.

Ин ташаббуси неке, ки аз Хуҷанди бостонӣ оғоз гардида, ба анъана табдил ёфт. Дар арафаи ҷашни яксолагии баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аъзоёни Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз минтақаҳои гуногуни кишвар аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан карданд.

Чунин иқдом дар Вилояти Мухтори Кўҳистон Бадахшон шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ амалӣ гардид.

Ин чорабиниҳо ба мустаҳкам гардидани робитаи вилоятҳову шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат намуданд.

Имсол аз таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бист сол сипарӣ мегардад. Агар дар панҷсолаи аввал ин ташкилот асосан дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо амал карда бошад, дар солҳои минбаъда доираи фаъолияти он вусъат ёфта, созмонҳои ибтидоии он дар дурдасттарин гўшаҳои мамлакат низ таъсис дода шуданд.

Нашрияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон- «Ваҳдат» пайваста тозатарин хабарҳои кишвару сайёраро дар саҳифаҳояш дарҷ намуда дар байни муштариёнаш ба маҳбубият соҳиб гаштааст.

«Китобхонаи Ваҳдат» силсилаи китобчаҳои академик Раҷаб Амонов «Ваҳдат ғояи асосии миллату давлат», Ваҳҳоб Набиев, Маҳмадулло Наимов «Академик Бобоҷон Fафуров ва масъалаҳои муносибати байни миллатҳо», маҷмўаҳои «Истиқлолият, иттиҳоди миллӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ – неъмати бебаҳо», «Таронаи ваҳдат» ва дигарҳоро нашр намуда дар тарғиби сулҳу ваҳдат саҳми босазо гузошт.

Шўрои вилояти суғдии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушд ва таҳкими ваҳдати миллӣ, дўсти халқхо, якпорчагии мамлакат, бо назардошта аҳамиятии таърихии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон баҳри арҷгузорӣ аз корнамои муборизони роҳи ваҳдат, гиромидошти хотираи сарсупурдагони роҳи ваҳдату якдилӣ, таҳкими раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, демократикунонии минбаъдаи ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолияти пурсамареро амалӣ менамояд. Нашрияи «Шўълаи умед» мададгору тарғиботчии ғояҳои ваҳдати миллӣ аст.

Бо ташаббусу дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъсис ёфтани маҳфили доимоамалкунандаи «Адибони ваҳдатсаро» иқдоми нав дар ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангӣ мебошад.

«Дар марҳилаи кунунӣ, - таъкид менамояд Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, мардуми шарифи Тоҷикистон дар рўҳияи баланди ватандўстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ, созандагиву ободкории кишвари азизамонро ҳадафи асосии хеш қарор додаанд, ки бешубҳа аз кори бобарориҲаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон башорат медиҳад.

Ба ин маънӣ пойдории сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ, инчунин таъсиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад. Он аз андешаи миллии тоҷикон ҳамчун воситаи муҳими бақои миллат сарчашма гирифта, ҷомеаи муосири моро ба бунёдкорӣ ва ободонии минбаъдаи Ватан роҳнамоӣ менамояд».

Мувофиқи Оинномаи дар Анҷумани сеюми Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон тасдиқ гардида, ташкилот «Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» номида шуд.

Боиси ифтихору фараҳмандист, ки тибқи Қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» Эмомалӣ Раҳмон Раиси якумраи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.

Ҳамин тавр, Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар пешрафти фарҳангӣ сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу суббот саҳми арзанда гузошта, дар сафҳои худ нерўи пешбарандаи ва бунёдкорӣ ҷомеаи моро гирд овардааст ва намунаи барҷастаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

В.М.Набиев, доктори илмҳои таърих, профессор

А.И.Усмонов, доктори илмҳои таърих, профессор

З.З.Кабилов, муаллими калон

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ