​Дастгирии иҷтимоии устодону донишҷӯён

Барои дар сатҳи зарурӣ ба амал баровардани сиёсати ояндаофар ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва дар ин замина, ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои устодон, кормандон ва олимону донишҷӯён, инчунин ҳифзи иҷтимоии онҳо дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” тадбирҳои назаррас роҳандозӣ шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати кормандону омӯзгорон ва стипендияи донишҷӯён ба андозаи 15 фоиз баланд бардошта шуд. Ин тадбир дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2020 таҳти №1580 дар мавриди аз 1 сентябри соли 2020 баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ рӯйи кор омад.

Дар давраи сипаригашта дар баробари пардохт намудани саривақтии музди меҳнат ва стипендияи донишҷӯён, ба сиҳатии устодону кормандон ва донишҷӯён таваҷҷуҳи асосӣ равона гашт. Ин буд, кибарои табобати мубталоёни бемории КОВИД-19 ва пешгирии он бо дастур ва супориши ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода маблағҳои зарурӣ ҷудо гашта, ҷиҳати расонидани ёрии моддӣ, таъмин намудани беморон бо маводи доруворӣ, харидорӣ ва таъмини устодону донишҷӯён бо маҳлулҳои безараркунанда (антисептик, собуни моеъ, хлор), ниқоби тиббӣ, ҳароратсанҷи масофавии электронӣ,таъсиси 14 воҳиди кории ҳамшираи шафқат ва сафарбар намудани онҳо ба биноҳои таълимӣ-факултетҳои донишгоҳ ва амсоли инҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шуд.

Бояд баён дошт, ки 35% омӯзгорони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”-ро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин ҳама аз ғамхориҳои Пешвои муаззами миллатамон нисбати мутахасисони ҷавон ва ояндаи миллат дарак медиҳад.

Давоми соли равон дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат 1430 нафар кормандон ва омӯзгорон, донишҷӯёни фаъол, ғолибони олимпиадаҳо, донишҷӯёни ятим, нимятим ва маъюбу камбизоат ҳавасманд гардонида шуданд, ки ҳамаи он маҳз ба хотири дастгирии моддиву маънавии устодону донишҷӯён нигаронида шудааст.

Сол ба сол шумораи гирандагони стипендия дар донишгоҳ афзуда истодааст. Айни ҳол 7 гирандаи стипендияи президентӣ, 22 стипендияи Раиси вилоят, 6 нафар стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд ва 3101 стипендияи донишгоҳӣ дар маҷмӯъ, 3136 стипендия ба қайд гирифта шудаанд. Тазаккур бояд дод, ки баҳри дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани донишҷӯёни болаёқат ҳар сол барои таъмини иштироки донишҷӯён ба олимпиадаҳо, конференсияҳо, мусобиқоти варзишӣ ва стипендияи донишгоҳӣ маблағҳои мақсаднок равона карда мешавад.

Дар таъмини раванди таълим воситаҳои техникӣ: таҷҳизоти мултимедӣ дар ҳамаи аудиторияҳои таълимӣ, тахтаи электронӣ, проектор, экран барои проектор, принтер, сервер, гармусарддиҳанда, ноутбук ва компутер бо пайвастшавии хатти шабакаи ягонаи интернет мавҷуд мебошанд, ки устодону донишҷӯён аз он васеъ истифода менамоянд.

Маъруфҷон Маҳмудов, сармуҳосиби раёсати донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ