Боз як хуршед моро тарк гуфт…
Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз марги номзади илмҳои химия, дотсент
Артиқова Дилором Ахмедовна сахт андуҳгин аст.
Реҳлати шодравонДилором Артиқова, ки аз устодони асили донишгоҳ ва дар роҳи илм устувор буданд, барои ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон талафоти гарон маҳсуб меёбад.
Номбурда9 августи соли 1960 таваллуд шудааст. Соли 1982 Институти Давлатии Педагогии Ленинобод ба номи Киров (имрӯза МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”) –ро бо ихтисоси муаллими биология ва химия хатм кардааст.
Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба ҳайси лаборанти кафедраи фанҳои умумии филиали институти политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст.
Давоми фаъолият Артиқова Дилором дар вазифаҳои гуногун, шуруъ аз аспиранти пажӯҳишгоҳи химияи АИ ҶТ, корманди илмии пажӯҳишгоҳи АИ ҶТ, котиби илмии Шӯрои Презиуми АИ ҶТ, дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва амалии факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кор намудааст.
Саҳми ӯ дар тарбияи шогирдон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва устуворӣ дар роҳи илм муассир аст. Номи ӯ ҳамчун инсони нексиришт, устоди асил ва педагоги муваффақ зиндаву мондагор хоҳад мон.
Руҳи шодравон Артиқова Дилором шод бошад!