Эмомалӣ Раҳмон-ифтихори миллати тоҷик!
Таърих гувоҳ аст, ки дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон дар ҳолати ногувор қарор дошт, ки барои бартараф кардани он ба тоҷикон зарур буд, ки пешвои худро дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба сулҳу осоиштагӣ ва баромадан аз бўҳрони сиёсиву иҷтимоӣ, интихоб намоянд.
Ҷоизи қайд аст, ки дар чунин шароит Иҷлосияи XVI- уми Шурои Олии Тоҷикистон дар қасри Арбоби колхози ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев гузаронида шуд ва дар он Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд.
Баъди интихоб гардидани Раиси Шўрои Олӣ чӣ қадар корҳои назаррасе аз ҷумлаи гуфтушунидҳо бо мухолифин, вохўрӣ бо гурезаҳо ва ҷонкоҳиҳои зиёд барои баргардонидани онҳо, пеш бурдани сиёсати дохиливу хориҷӣ барои баланд бардоштани сатҳи зинадгии мардум ва ғайраҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани сулҳу осоиштагӣ анҷом дода шуд, ки ниҳоят санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Воқеан, Тоҷикистон баъди ба имзо расидани ин санади муҳими таърихӣ қадамҳои устувори худро ба асри XXI ниҳод, ки дар ин солҳо ба чӣ қадар дастовардҳо ноил гардидем.
Ташаббусҳое, ки аз тарафи сарвари давлат пешниҳод мешаванд, дар арсаи ҷаҳонӣ ба хубӣ пазируфта шуда, эълон шудани сиёсати «дарҳои кушод» боз ҳам равобитиТоҷикистонро дар соҳаҳои гуногунбо давлатҳои дуру ҳамсоя дучанд гардонид. Зеро Тоҷикистон сиёсати сулҷўёнаро пеш гирифтааст ва ҳамаи ин аз кўшишу талошҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон ва баъдан дар дигар марҳилаҳои таърихӣ ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Точикистон ба тоҷикон имконияти нав ба навро барои пешбурду гул-гулшукуфоии мамлакат ба миён овард ва имрўз Тоҷикистони азизи мо ба яке аз давлатҳои пешрафтаистода табдил ёфтааст. Ин ҳама дастовардҳо аз сулҳу осоиштагӣ, ваҳдати миллӣ, меҳнати софдилонаи мардуми шарафманди тоҷик ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки воқеан сарвари хирадманд ва ифтихори миллати тоҷик мебошанд.
Абдуллоева А.Р. - сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ