Эмомалӣ Раҳмон - сарвари сулҳпарвар ва адолатхоҳ
Тоҷикистониён имрӯз дар фазои оромӣ, тинҷӣ ва осудагӣ хушбахтона ҳаёт ба сар мебаранд, ки ин ҳама аз заҳмату меҳнати содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми кишвар аст. Дар рушд ва инкишофи давлати миллии тоҷикон баъд аз ҳазорсолаҳо талошу хизматҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хеле калон буда, ин марҳиларо давраи “Маданияти давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” ё худ “Мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон” номидан мумкин аст.
Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту нангин гузашта, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши “Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, киин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст. Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имомо Ғаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарзангро ато кардаанд.
Даврони Истиқлолият барои мо имконивоқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватанқ ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид.
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замон мардуми олам дар пайравии сарварони замони худ, ки эшон раҳкушову раҳнамои миллат маҳсуб мешуданд, зиндагӣ мекарданд ва бо дастуру раҳнамоии онҳо ҳаёти худро босамар мегузарониданд, мушкилоти рӯзмарраи хешро бартарф менамуданд. Дар марҳалаи муҳим ва тақдирсози ин ё он қавму миллат, пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳиму афзалиятноки ҷомеа-иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илм, маънавиёт, фарҳанг, ҳифзи саломатии аҳолӣ, шуғлнокӣ, таъмини ҳуқуқ, адолат ва амсоли инҳо маҳз аз сарварону пешвоёни оқил, одилу хирадманди он вобастагӣ дорад.
Аз ин лиҳоз, таъмини фазои орому осуда дар кишвар, таҳкими сулҳу ваҳдат, муттаҳидию якпорчагӣ, муҳайё сохтани шароити мусоид барои ҳаёти осоишта, таҳсил, истироҳат, таъмини ҳифзи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандон ва дигар нишондиҳандаҳои мусбии ҷомеа маҳз аз соҳибмаърифатӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, санъати баланди роҳбарӣ дар идоракунӣ, далерию шуҷоатмандӣ ва кордонию дурандешии сарвар вобастагӣ дорад. Зеро сарварӣ масъулияти баланд ва санъати худододи идоракуниро талаб менамояд. Ҳар инсон чун ҷузъи ҷомеа марҳала ба марҳала ташаккул меёбад ва вобаста ба муносибату сатҳи тафаккур ва қобилияти баланди ташкилию эҷодӣ ва корбарӣ байни халқ обрӯю нуфуз пайдо мекунад. Яке аз аввалин талаботи сарварӣ ин манфиатҳои шахсиро сарфи назар карда, манфиати ҷомеаро муқаддам шуморидан аст.
Таърих, воқеаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва бартараф кардани душвориҳои зиёди зиндагии мардум бо роҳбариву нишондоди Сарвари сулҳпарвар, адолатхоҳ, маорифпарвар, созанда ва бунёдкор, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собит кард, ки Пешвои миллати мо аз зумраи он сарвароне мебошад, ки ҳастии хешро барои мардум ва зиндагии шоистаи он бахшидаанд.
Сарвари ватандӯсту ватанпарвар Э.Раҳмон таъриху фарҳанги гузаштаи тоҷиконро зинда сохта, аз ҳаёти гузаштаи хеш сабақ омӯхт ва куҳантарин будани давлати худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Ин ҷо метавон хидмати Сарвари оқилу одил Э.Раҳмонро бо кору фаъолияти ҳазор сол қабл, яъне давраи Амир Исмоили Сомонӣ ҳамчун оина ва инъикоскунанда рӯ ба рӯ гузошт.
Ӯлмасова М.А. - сармуаллимаи кафедраи сиёсатшиносӣ