Савганде, ки худ садоқат ба ватан аст
Амри мусаллам аст, ки корномаҳои созанда ва ташаббусу ибтикороти инсон ҳамеша омили нусрату шукуфоии рӯзгори вай ва наҷобату аҷобати зиндагонии ӯ гардидаву мегардад. Мардуми тоҷик низ ҳамеша шукргузор ҳастанд, ки тавасссути раҳнамоиву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола тадбирҳои созандагӣ, ибтикороти зебоиофарин, ташаббусҳои шоён ривоҷ касб намуда, саросари Тоҷикистони азиз ободу шукуфову зебо мегардад. Ин ҳақиқат дар дарозои даҳсолаҳои охир ба ҳақиқати равшан пешорўи мардум љилвагар аст, яъне Пешвои миллат ба ҳар ваъдае, ки додаанд ва ҳар қасаме, ки назди мардуми хеш хурдаанд, ҳамеша содиқу вафодоранд. Эълони солҳои 2019- 2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар амри нуфузи ин корномаҳои муваффақонаи созандагӣ дар тамоми мамлакат, хоса деҳоти Тоҷикистон нақши муассир гузошта, истиқболи мардуми кишвар тавассути тадбирҳо ва ташаббусҳои офаринандагӣ, бунёдкорӣ аз 30-.солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон роҳи расидан ба ҳадафҳои наҷиб ва рушди баробари шаҳру деҳоти кишварро равшану пайдо мегардонад. Ҷилваи нусрат ва шукуҳи ин иқдомот ва ибтикороти созандагиро ҳамеша мо дар ҷараёни сафарҳои кории Пешвои миллатба мушоҳида мегирем, ки дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азиз аз Зарафшон то Бадахшон, Суғд то ба Хатлон, Кӯлобу Ҳисору Рашт, яъне тамоми қаламрави кишвар ба мушоҳида мегирему аз ҳосили ташаббусҳои зиндагисоз ва нусратёр мефахрему меболем.
Ин корномаҳо ҳамарӯзаву ҳамасола ба хотири шукуфоии Тоҷикистони азиз идома доранд ва баромади Пешвои муаззами миллат боз ҳам моро бовар мекунонад, ки аз камоли садоқат чунин барномаҳои бузург моро интизор аст. Ҳамакнун имрӯз бо илҳом аз тадбирҳои созандаи Пешвои миллат шаҳрвандони кишвар, сокинони касбу кори гуногун низ аз худ ташаббусҳои созанда зоҳир намуда, дар ободонии маҳаллу гузару деҳаи худ иқдом мекунанд. Пешвои миллат, зимни эълони солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардум ва ҳамзамон тадбирҳои созанда ба пешвози 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки яке аз ҳадафҳои асосии мо дар ин ростотаъмини баробари рушди тамоми гӯшаву канори кишвар, яъне пешрафти якҷояи шаҳру деҳот ба шумор меравад. воқеан, имрӯз вақте ба ҳар шарҳу ноҳияҳои кишвар, ба деҳоти мухталифи Тоҷикистон сафар мекунем, ҳақиқати ин амр ҷилвагар мешавад. Дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон мактабҳо, муассисаҳои маърифатии дигар, бемористонҳоиҷавобгӯ ба меъёрҳои замон сохта ва ба истифода дода мешаванд, ки фарқ аз ҳам надоранд.
Нуралӣ Нурзод, устоди ДДХ