Мо бо Шумоем Пешвои муаззами миллат!
Моҳи сипаришударо моҳи сиёсӣ ва ё тақдирсози халқи тоҷик ном бурдан аз манфиат холӣ нест. Зеробо иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мардумии халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эътироф намуд. Дар ҳақ, халқ бо чашми сару ақли дили худ, мақому манзалат ва нақши Пешвои миллатро дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург медонад. Бинобар он, хурду бузург бо як овоз таъкид мекарданд, ки мо як Сарвар дорем, мо як Пешво дорем, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд!
Санаи 30.10.2020 дар Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби кишварАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон чун рӯзи таърихиву фаромӯшнашаванда буд. Зеро, зуҳури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарнавишти миллати мо ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва устувории рукнҳои мамлакат боис ва роҳи ояндаи Тоҷикистонро равшану мунаввар гардонид. Дар суханронии хеш Садри муаззами миллат қайд намуданд, ки “Имрӯз хуб дарк мекунам, ки ихлосу эътимоди мардум масъулияти маро барои ба ҷо овардани рисолати бузурги давлатдорӣ, яъне роҳбарӣ кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмин намудани фаъолияти муназзаму босамари рукнҳои давлатдорӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва муҳимтар аз ҳама, боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагиву рӯзгори сокинони мамлакат бамаротиб меафзояд.” Албатта, маҳз шоҳкориву сарсупурдагии ин Абармарди миллат дар дили ҳар як сокини кишвар бовариву эътимодро ҷой ниҳоду мардум ба ободиву озодии худ ва ин сарзамину гулзамин эътиқод пайдо намуд. Алалхусус замони савгандёдкунӣ вақте суханони пурэҳсоси Пешвои миллат “Ман ҳамаи шумо - халқи азизам ва хурду бузурги Тоҷикистонро сидқан дӯст медорам ва то нафаси вопасин ба шумо содиқона хизмат мекунам” баён гардиданд, хурду бузург ашки шодиву хурсандӣ ва шукри будани Родмарди миллатро мекарданд... Ҷавобан ба ин савганд бар Садри муаззами миллат, бо ифтихор мегӯем: Мо бо Шумоём Пешвои муаззами миллат!!! Мо пайрави кору пайкори Шумоём!!! Ва мекушем, ки баҳри ободиву осоиштагии ин давлату ин миллат зери ҳидояту дастурҳои Шумо саҳмгузор бошем!!!
Шарифзода М.