Пешвои мо – ифтихори мо

Имруз мардуми тољик гувоҳи боз як рузи таърихӣ дар сарнавишти Точикистони азизамон буд, ки фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Таърих гувоҳ аст, ки ин марди шуљоъ ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат даррафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам гузошта барои расидан ба натиљаҳои назаррас басо хизматҳои шоён намудааст.

Дар маросими савгандёдкунӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақшаҳои барномаиҳафт соли оянда суханронӣ намуда қайд кард, ки «нақшаҳои барои ҳафт сол пешбиникардаи мо барои рушди устувору бемайлони Тоҷикистони азизамон дар даҳсолаҳои оянда заминаи мустаҳкам мегузоранд». Мехоҳам чанде аз ин нуктаҳоро қайд намоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки илму маориф соҳаҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад, ва ислоҳотро дар ин самт идома дода, пояҳои моддиву техникии ин соҳаҳоро таҳким мебахшад ва мақоми омӯзгорро дар ҷомеа минбаъд низ баланд мебардорад. Боиси тазаккур аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштанисаҳми занон дар ҷомеа ибрози андеша намуда қайд намуд, кишароити ҳарчи беҳтар муҳайё мекунанд ва ташаббусҳои занону бонувони мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Инчунин ба хотири боз ҳам баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ва васеъ намудани фаъолияти онҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” - ро таҳия намуда амалӣ месозанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ќайд намуданд, ки дар ҳафт соли оянда ҷиҳати рушди маънавиёти ҷомеа, забони давлатӣ, фарҳанг, санъату мусиқӣ, театр, кино, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, иттилоот ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд ва барои истеъдодҳои ҷавон шароити арзанда муҳайё мекунад.

Мо боварии комил дорем, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар гўшаву канори диёри мо ободу зебо бо рушди бесобиќа вусъати тоза мегирад, ки аз ин хурсандии мо беҳаду канора аст. Мо бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунем.

Эй ҷону дил мунаввар, эй сўи нур раҳбар,

Аз ту зиё гирифта аҳли зиёи Миллат.

Эй раҳнамои ахтар андар самои даврон,

Эй дилфидои Миллат, эй љонфидои Миллат.

Шуд пеши роҳи Миллат во аз ту сўи давлат,

Пеши раҳи ту во бод, эй Пешвои Миллат!

(Низом Қосим)

Кузиева Н.Ҳ.-омузгори кафедраи сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ