Эмомалӣ Раҳмон мояи ифтихор ва сарсабзи кишвар!
Фарди алоҳида аз оғози ҳаёт то ба охир бо орзую омол ва ниятҳои бешумор умр ба сар мебарад.Аммо, на ҳар нафарро насиб мегардад, ки ҳамаи нияту мақсадҳояш “ҷомаи амал пӯшад”. Хусусан, орзуи шахси соҳибмаърифату соҳибобрӯ дар байни ҷомеа гаштанро аксарият аз овони кӯдакӣ дар замири қалби худ ҷой медиҳанд. Барои мардуми ориёитабор хислатҳо орият, номус, ғурури миллӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву поктинатӣ, некхоҳиву некбинӣ ва дигар фазилатҳои инсондӯстона дар ирсиятиаҷдодӣ ҷой гирифтаву меҳри воло ба табиатдӯстӣшамимаион хислатҳост. Зуҳуроти ҳамаи фазилатҳои номбурда дар симоиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллї-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудор буда,нишонаи бузургии шахсиятро ифода намуда ҳадяи Офаридгор ба ӯ арзёбӣ мешавад. Дар саҳнаи сиёсат дар замони муосири пур аз пурпечутобимуосир чунин симоҳои барҷаста ангуштшуморанд, аз хислатҳои покиву истедъоди таҳкику таҳлил саломатии қавиро тақозо менамояд.
Ҳар боре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромаду вохуриҳои худсӯҳбатҳои кушоду дӯстона ба эътиқоди комилу фахр ба ҷавонону шаҳрвандони кишвар таъкид мекунанд, ки мусулмонӣ на бо забон бошад. Зеро, ибодату зикри Худо дар “дили шаб”, лаҳзаҳое, ки қалб фориғ аз ғамҳои зиндагист ва бо тарки хоби ширин амали шоистаи устуворӣ ва комилии имон асту онро доимо меомӯзонанд. Худи ин суханҳою амал барои дигарон мактаби бузурги башардӯстӣ асту миллионҳо нафар шаҳрвандони кишварро бо сиёсати хирадмандона ва башардустонаи худ тарбият намуда, ба шоҳроҳи ҳаёт мегуселонанд.
Дар атрофи сиёсати ҷавонпарварона ва сулҳофаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гаштаву ҳар як суханони падаронаи ин нафарро барои зиндагї ва кори худ ҳамчун сармашқи асосї қарор додан бароям мояи ифтихор аст, зеро корнамоиҳои ин шахси абармардро номбар кардаву ба ёд оварда дар чашмонам ашки шодї резон мешавад. Зеро аз миллати пароканда шудаистода як давлати соҳибтамаддун бунёд намуда мардумро зери як парчам гирд овардан кори осон набуд. Имруз ман ҳамчун як шаҳрванди асили кишвар бо ҳисси ифтихор ва боварї гуфта метавонам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Пешвои азизи худ боз ҳам гул гул шукуфтаву ҳамчун кишвари биҳиштосо ва дустдоранда дар байни кишварҳои ҷаҳон пазируфта мешавад. Дар ин рузи пуршараф барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз самими қалб таманно мекунам, ки Офаридгор умри дарозу саломатии бардавом дода бошад боз ҳам, дар оянда баҳри рушду камоли Тоҷикистони азизамон саҳми бузурги худро гузошта бошанд.
Ҷӯраев Манучеҳр- муаллими кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ