​Марде дар арсаи сиёсат

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик ба си сол аст, ки як марҳалаи таърихиро дар ҳоли тай кардан аст. Ба ҳамагон маълуму машҳур аст, ки Тоҷикистон дар авохири садаи бистум, мисли дигар кишварҳои бародар нав аз ҳайати давлати абарқудрати ҷаҳон Иттиҳоди Шуравӣ баромада буд, соҳиби Истиқлоли давлатӣ гашт. Аён аст, ки он солҳо авзои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа ва мамлакат хело ва хело муташанниҷ буду ҳамоно вазъи мамлакат нооромтар мешуд. Аз як тараф ба майдон омадани гурӯҳҳои нави мухолифин ва аз тарафи дигар бошад мамлакатро гуруснагии ом рӯз аз рӯз фаро мегирифту халқи тоҷик маҷбур буданд ба давлатҳои хориҷа гуреза шаванд, яъне тақдири давлату миллати тоҷик ҳамоно бадтар мешуд ва ҳам наздик буд,Тоҷикистони тозаистиқлол аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардад.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда шахсияте, ба тақдири мардуми тоҷик ба сари сиёсат омад, ки сарнавишти ояндаи миллатро тавонист ба сӯи қуллаҳои фатҳ ва ё аз торикиву зулмат ба суи равшаниву нур биёварад. Дар ҳақиқат он шахс тавонист, халқи тоҷикро сарҷамъ ва дар зери як ливо муттаҳид кунад. Чун ба оинаи таърих назар мекунем, бароямон аниқу дақиқ аст, ки ба сулҳу оромии ин ё он қавму мамлакат касе сабаб мешаваду давлату миллатро аз вартаи нестӣ наҷот медиҳад. Ин шахситяи нотакрор, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавонист ба кишвари азиз сулҳу амониро барпо кунад. Бояд таззакур дод, ки соҳибистиқлол шудани кишвари ҷавон Тоҷикистони тозаистиқлол ва интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари кишвар як марҳили нави бурдориву муваффақиятҳо ва марҳилаи ободонии кишвар баъди ҳазор соли парокандагиву ҷудоии миллати тоҷик дар арсаи давлатдории тоҷикон буд.

Аз замони интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби роҳбари давлат зина ба зина ва марҳила ба марҳила Ҷумҳурии Тоҷикиситон рушд карда роҳаш ба роҳи музаффариятҳост.

Хизматҳои ин абармарди сиёсатро метавон ба хатҳои зарҳалин ба дафтари таърих навишт ва ин хизматҳо арзандаи таҳсин аст, ки ба ҳар шахс насиб намегардад, ки давлату миллати хешро, ки дар ҳоли нестшавӣ буд, халқашро сарҷамъ карда сулҳро барқарор кунад.

Мардуми кишвар хуб огоҳанд, ки чи рӯзҳоро паси сар карда буданд ва таърих исботгари он аст,ки дар солҳои аввалисоҳибистиқлолӣ кишвар дар чӣ ҳолат қарор дошт ва имрӯз дар чӣ ҳолат аст.

Оид ба ин хизматҳои шоён ва корнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадорон, бузургон, олимону донишмандони ҷаҳонӣ чунин ибрози ақида кардаанд:

Президент Эмомалӣ Раҳмон медонад, ки ӯ чӣ мехоҳад, ояндаи Тоҷикистонро ва роҳҳои ҳамкории мутақобилаи моро – Россия ва Тоҷикистонро хуб мебинад.

Геннадий СЕЛЕЗНЁВ, Раиси думаи Федератсияи Россия (солҳои 1996-2003)

Ҷаҳони ислом, кишварҳои арабу аҷам бояд ба Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон арҷ бигузоранд, чунки маҳз бо ибтикори ӯ бори нахуст дар ҷаҳон соли бузургдошти Имоми Аъзам дар сатҳи давлатӣэълон карда шуд ва симпоузиуми байналмиллалӣ бахшида ба 1310 – солагии Имом Абуҳанифа доир гардид.

Муҳаммадсодиқ Чокар, собиқ вазири оид ба корҳои ҳаҷи Ҷумҳурии Афғонистон

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ интизор буд ва умед мекашид, аз Мовароуннаҳр боз нафаре пайдо хоҳад шуд, ки тамоми форс-тоҷик-даризабононро аз нав дар шарқ муттаҳҳид менамояд. Имрӯз ман мегӯям, ки он нафар сарвари давлати Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст.

Офтоби Асғар, профессор, устоди бахши форсии донишгоҳи ховаршиносии Панҷоби Покистон

Халқ сиёсати Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ мекунад, ин имкон медиҳад, ки ислоҳоти иқтисодӣ, ислоҳоти замин ва хусусигардонии амвол ба нафъи ҷомеаи Тоҷикистонравона карда шаванд. Сандуқи байналмиллалии асъор танҳо дар шароити сулҳ ва ризоят омода аст, ки барномаҳои иқтисодии минбаъдаро маблағгузорӣ кунад.

Мишел Камдессю, директори иҷроияи сандуқи байналмиллалии асъор(солҳои 1987-2000)

Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори собитқадам ва боистеъдод аст. Ин сифатҳо ӯро ҳамчун сарвари давлат на танҳо дар ватани худаш, балки дар хориҷи он низ мавриди эътибор гардонидаанд.

Владимир Воронин, Президенти Ҷумҳурии Молдова (2001-2009)

Президент Эмомалӣ Раҳмон солҳо боз Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад ва кишварро ба роҳидуруст мебарад. Вай ҷомеаро ба субот овард.

Евгений Примаков, ходими давлатӣ ва сиёсии Россия, раиси ҳукумати ФР (солҳои 1998-1999).

Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи барои кишвараш бениҳоят мураккаб инони давлатро ба даст гирифт. Аммо ӯ тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳродар кишвар барқарор созад ва ба арсаи байналмиллалӣворид шавад, чунин сиёсатмадорон ангуштгуморанд.

Ҷорҷ Буш, Президенти Иёлоти муттаҳидаи Амрико (солҳои 2001-2009)

Танҳо пешвоёни миллии нодир ва дурандеш, мисли Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон метавонанд фазои неку созандаро аз миёни марзҳо ба василаи талошҳои самимиву содиқона, ки барои манфиати ҳамаи инсоният равона шудаанд, фароҳам оварда, дар минтақа паҳн кунанд, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат марди нотакрор аст.

Тариқ Иқбол СУМРО, сафири фавқулода ва мухтори ҶумҳурииИсломии Покистон дар Тоҷикистон

Маро бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои неку эътимодноки дерина мепайванданд. Мо медонем, ки Эмомалӣ Раҳмон шарики боэътимод ва дӯсти бовафост. Ба изҳори қаномандӣ зикр менамоям, ки муносибат байни давлатҳои мо дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва муттааҳидӣ ба таври муназзам рушд меёбад.

Владимир ПУТИН, Президенти Федератсияи Русия

Моро кӯшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президенти Раҳмонов ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, ошти миллӣ ва раванди созандадар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Бовар дорам, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикстон самари нек хоҳанд овард.

Кочерил Раман Нараянан, собиқ президенти Ҳиндустон

Рушди бемайлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масири пешрафту шукуфоӣ тӯли солҳои ахир далели возеҳи роҳбарии дурандешона ва хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тавзеи муносибатҳои Покистону Тоҷикистон низбозтоби дидгоҳу ҳадафҳои муштараки моҷиҳати таъмини сулҳ, пешрафт ва шукуфоӣ на танҳо дар ду кишвари мо, балки дар тамоми минтақа мебошад.

Навоз ШАРИФ, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон

Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд Президенти Тоҷикистон тавонист, формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад.

Расул ҒАМЗАТОВ, шоири халқии Доғистон

Прездент Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари давлати Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо азми дуруст пеш мебарад. Ӯ ҷомеаро ба устуворӣ ва субот оварда расонд. Дил мехоҳад, ки он боз ҳам мустаҳкам ва боэътимодтар бошад.

Евгений ПРИМАКОВ, академик

Роҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, ватанаштоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дӯст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омода аст, ҷонбозиҳо кунад. Бо чунин раис тоҷикон ҳатман ба сулҳу оштӣ даст хоҳад ёфт.

Собиқ вазири мудофиаи Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд

Ман нисбати Эмомалӣ Раҳмон ба поси эҳёи ҳамкориҳои олимони тоҷик бо олимони ИДМ, на дар сухан, балки дар амал, барои эҳёи шӯҳрати пешини олимони тоҷик дар чунин давраи барои ҷумҳурӣдушвор арҷгузорам. Вай академияи илмҳоро тавре, ки лозим аст дастгирӣ мекунад.

Борис Патон, Президенти академияи илмҳои Украина (1962-2020)

Дар симои президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷиконро мебинам ва бо итминон таъкидменамоям, ки ин бузургвор бо зинда карданиномҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад, зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст.

Чингиз Айтматов, нависандаи номвари қирғиз

Дар ин росто фикри як зумра, олимон ва сиёсатмадорони тоҷик низ хело назаррас аст.

Фаъолияти Президенти Тоҷикистон ба устувор кардани истиқлоли фарҳангии тоҷикон равона гардидааст. Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфт, ман дар индарозам аз ҳеҷ сарвари Тоҷикситон нашнуда будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд.

Муҳаммадҷон ШАКУРӢ,академик

Шахситяи нотакрори таърихӣ – Эмомалӣ Раҳмон ба оламиён чеҳраҳои мондагори тоҷиконро муаррифӣ кард, таваҷҷуҳи аҳли илмро ба давлати тоҷикон бештар ва фарҳангу адабиёти моро дар арсаи ҷаҳонӣтарғибу ташвиқ намуд.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оидба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа.

Дар офариниши рамзҳои муқаддаси Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани ору номуси миллӣ заҳматҳои Президент беандозааст. Эмомалӣ Раҳмон тимсоли дурахшони ватанхоҳиву миллатдӯстист, ки мо инро бояд аз ӯ омӯзем.

ГУЛНАЗАР, Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ

Ками дар кам воқеъ мешаванд, ки ҷанги шаҳрвандӣ бидуни ғолибону мағлубон ба сулҳ анҷом пазирад. Таҷрибаи давлати мо исбот мекунад, суботи дасти дӯстӣ қодир аст санги адоват бишканад. Президенти мо сиёсати худро на ба хотири сиёсат, балки аз барои халқи худ амалӣ месозад.

Саттор ТУРСУН, Нависандаи халқии Тоҷикистон

Баъд аз он ки ман ба истеъфо рафтам, дар бораи имрӯзу фардои Ватан ва халқи ҷафокашидаи хеш бисёр андеша мекардам. Вале, вақте ки дар симоиЭмомалӣ Раҳмон як инсони наҷиб ва сиёсатмадори хирадмандро кашф намудам, боварам ба фардои неки Тоҷикистон комил шуд. Зеро халқи Тоҷикистон тақдири худро ба дастони эътимодбахш супурдааст.

Раҳмон НАБИЕВ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бовар кунед, ки ман барои ба сиёсат баргаштан розигӣ намедодам, агар итминон намедоштам, ки тақдир ба мо Президенти оқил, бовиҷдон ва боистеъдодеро дар симои Эмомалӣ Раҳмон ато кардааст.

Қаҳҳор МАҲКАМОВ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хулоса, корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар кишварамон, балки дар миқёси ҷаҳон маъруф асту машҳур. Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон тули ин солҳо ба халқу давлату миллат содиқ монда барои барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллати тоҷикҳатто ҷони худро дареғ надошт.

Нишонбой МАДУМАРИЁН

магистрантисоли аввали

факултети забонҳои шарқ,

МТД ”ДДХ ба номи

академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ