​Пешвои маорифпарвар

Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз.

Зи бе донишӣ кор гардад дароз.

Илму дониш,маърифату фарҳанг чароѓи хомўш нашуданист, ки инсон ба воситаи он ҳар гуна мушкилотро ҳал мекунад ва ба рўи худ ҳар гуна дари бахту саодатро мекушояд. Пешрафти тамоми ҷабҳаҳои рўзгор ба илм вобастагии зиёд дорад. Боиси хушнудист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои маорифпарвари миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рўзи 17 -уми августи соли 2020 вобста ба Рўзи дониш дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар робита ба илму маориф баромад намуд, ки бешакку шубҳа ин нишонаи хайрхаҳии сарвармон ба илму маъориф ва фарҳанги арзишманди ин миллат аст.

Ин иқдоми хирадмандонаи Сарвари давлат саривақтӣ буда, дар ривоҷу равнақи илму фарҳанги миллӣ нишонгари хиради азалии миллати фарҳандўсти Сарвари тоҷикон мебошад. Алалхусус, барои мо омўзгорон ва кормандони соҳаи илму маориф боиси шукргузорист ки, понздаҳ фоиз ба маошамон илова гардид.

Президенти муҳтарам қайд карданд, ки соҳаи маориф бояд ба илмҳои гуманитарӣ ва табиӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд чунки ватани мо аз лиҳози сарватҳои зеризаминӣ хеле зиёд аст, аммо мутаассифона, мумутахассисони баландпоя дар ин масъала нокифоя аст, ки онҳоро коркард намуда, мавриди истифодаи васеъ қарор диҳад. Инчуни қайд намуданд, ки соҳибкороне ки саҳми худро дар бино намудани муассисаҳои таълими дареғнадоштанд, бояд гоҳу ногаҳ ба ҳамон бинои сохташудааш омада, бо хонандагон вохурӣ намояд, талабагон бошанд бояд донанд, ки ин биноро кӣ сохтааст, кӣ саҳмгузорӣ кардааства ёдовар шуданд, ки ин амал боиси савоб ва хайр аст ва дар таърих мемонад таърихро ҳеҷ кас сўзонида, нобуд карда наметавонад. Мувофиқи таълимоти дини Ислом ҳам сохтани чунин биноҳо садақаи ҷорияа аст, ки ҳатто инсон баъд аз гузаштанаш аз ин дунё савобаш қатъ намегардад.

Пешвои миллат аз соҳибкорони боҳиммату бонангу номусу саховатмандпеша изҳори миннатдорӣ намуда,барои онҳо барори кору муваффақиятро баён намуданд.

Ҷаҳони пурталотуми имрўза мардуми саёраро ба мушкилоту тазодҳои зиёди хеле сангин рўбарў намудааст, ки хатарноктарини онҳо тероризми байналмилалӣ, радикализму экстремизми динӣ, гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир ва паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ мебошад.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки мардуми шарифи кишвар ин иқдоми неку хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро хуб пазируфта, ба доштани чунин Сарвари хирадманду маорифпарвар ифтихор менамоянд.

Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ