Сафари корӣ ба Бадахшони кўҳӣ

Дар таърихи 19-уми августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси як қатор иншооти таъиноташ гуногун ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Зимни сафари корӣ Пешвои миллат аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рўшон ва шаҳри Хоруғи вилоят дидан намуда, як қатор корхонаву коргоҳҳои таъиноташ мухталифро ба сохтмонаш оғоз, ё худ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Мисол, дар ноҳияи Дарвоз корхонаи "Карон-калсит" ба истифода дода шуд, ки дар як сол истеҳсоли 100 ҳазор тонна маҳсулот дар назар дошта шудааст. Бояд гуфт, ки ин корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда,он дар назди захираи бузурги санги мармари сафед, ки микрокалсит аз ин навъи санг омода мегардад, бунёд ёфтааст. Ногуфта намонад, ки дар ин коргоҳ 40 нафар бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гаштанд.

Ифтитоҳи корхонаҳои хурду бузург дар кишвар қадамҳои устуворро дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии кишвар пеш мегузорад. Албатта, корхонаҳои навтаъсис аз як тараф ба пешравии иқтисодиёти кишвар боис гардад, аз ҷониби дигар дараҷаи бекории аҳолиро паст намуда, сатҳу сифати зиндагии мардумро каме ҳам бошад беҳбуд мебахшад. Танҳо бо ҳамин роҳ, яъне ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсолии гуногун, дастгирӣ намудани соҳибкории хурду бузург ва бо ин роҳ баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва коҳиш додани ҳаҷми маҳсулоти воридотӣ мо метавонем иқтисодиёти кишварро пурзўр намоем. Ба ҷуз ин, дигар роҳу усул вуҷуд надорад. Дар ин росто, давлату ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкорон ва соҳибкории хурду миёна тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардааст, то ки иқтисодиёти устувори кишварро таъмин намуда, сатҳи некўаҳволии мардумро баланд бардорад.

Бояд гуфт, ки дар замони истиқлолият дар ҳудуди вилоят 31 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 11 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 3 миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад.

Ҳамчунин, зимни сафари корӣ Сарвари давлат бо зиёиёну роҳбарон ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои ташрифоварда, мулоқот намуданд.

Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рўшон ва Хоруғро натиҷагирӣ карда, тибқи мушоҳидаҳо гуфта метавонем, ки вилоят дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати кишвар ва заҳмату меҳнати ватандўстонаву ободкоронаи мардуми сарбаландаш ба таври назаррас пешрафт намуда, оҳиста-оҳиста сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешавад.

Меҳроби Ватан

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ