Сафари Пешвои Миллат ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон
Санаи 19 августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси як қатор иншооти таъйиноташон гуногун ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Хоруғ натиҷагирӣ карда, таъкид доштанд, ки аз рӯи мушоҳидаҳо вилоят дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии Давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмату талошҳои ватандӯстонаи мардуми сарбаланди он ба таври назаррас обод ва сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуда истодааст. Кўҳистони Бадахшон барои рушди тамоми намудхои туризм имкониятҳои фаровон дорад ва дар ояндаи наздик бо фароҳам сохтани инфрасохтори мувофиқ он ба беҳтарин минтакаҳои сайёхии натанхо кишвар, балки ҷаҳон тадбил меёбад. Барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳияи Дарвоз Пешвои миллат дар истироҳатгоҳи «Чорчаман» меҳмонхонаи наву замонавии «Чорчаман Хилс»-ро, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба хотири ободии як гӯшаи диёр, ҷалби сайёҳон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ бахшиданд. Тамоми таҷҳизот, мебел ва дигар лавозимоти меҳмонхона, инчунин, хизматрасонӣ, ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик тавонист ба ҳамин гуна дастовардҳои назаррас ноил гардад. Ташаббусҳову иқдомҳои наҷибона ва инсонпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон дар боби ҳимояи арзишҳои олии инсонӣ, мубориза бо равандҳои номатлуби зидди башарӣ, роҳандозии ҳамкорию робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо давлатҳои хурду бузурги олам Тоҷикистонро ба кишваре табдил дод, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт намунаи ибрати дигар кишварҳо гардидааст. Дар партави ин сиёсат халқи тоҷик қудрати созандагии хешро амиқ эҳсос намуда симои мамлакатро аз дурдасттарин деҳот то шаҳрҳои бузург, тадриҷан дигаргун намуда Тоҷикистонро ҳусни тоза бахшид. Ин ҳама талошҳою кушишҳои шабонарӯзии Пешвои миллат баҳри ободии кишвар ва зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Саркорбобоева Мунзифа