Сиёсати хирадмандона ва дурандешона
Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳиму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳои абарманди даврони истиқлолият ба ҳисоб рафта дар назди ҷомеаи имруза корнамоиҳои бузурге дар ҷодаи пеш бурдани сиёсати идоракунии давлат мебошад. Зеро дар як муддати муайян ин марди Худо тавонистанд кишвари парокандагаштаро сарҷам намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари тозаистиқлол дар арсаи байналмилалӣ муаррифї намоянд. Дарҳамон солҳои пурпечутоб яъне солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои миллати тоҷик дар идоракуни давлати нафаре лозим буд, ки миллатро сарҷам намояндва мардум ин бузургиро дар симои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидаву боварї ба ояндаи дурахшони худ карданд. Воқеан ҳам мардуми шарафманди кишвар дар интихоби худ сад дар сад рози ҳастанду имрузу фардои зиндагии дурахшони худро дар симои Пешвои миллат мебинанд.
Пешвои муаззами миллат барои баланд намудани иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат, қабул намудани ҳадафҳои миллӣ ва ҳамчунин бунёд намудани инфрасохторҳои гуногун ин сарчашма барои баланд бардоштани зиндагии шоистаи мардум замина мегузорад.
Сафаринавбатие, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 19-22 август ба ВМКБ бо фаъолони ин кишвари куҳистони суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд. Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Хоруғро натиҷагирӣ карда, таъкид доштанд, ки аз рӯи мушоҳидаҳо вилоят дар натиҷаи таваҷҷӯҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмату талошҳои ватандӯстонаи мардуми сарбаланди он ба тавриназаррас обод шуда, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шуда истодааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо фаъолони вилоят изҳор доштанд, ки маҳз бо мақсади таъмин намудани рушду тараққиёти вилоят асри 21-умро сари рушди Бадахшон ва ин минтақаи биҳиштосои кишварро- дарвозаи тиллоии Тоҷикистон эълон намуданд.
Такя ба ин суханони созандаю дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имруз мо шаҳрвандони ватандӯсту ватанпарвар дар тамоми ҷода дастгирӣ намуда, сиёсати хирадмандонаро сармашқи кори худ хоҳем қарор дод. Барои гулгулшукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон саҳм гузошта бошем.
Рӯзиев Самандар, муаллими кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ