​Муайянсозии қолабӣ (маъмулӣ) дар вазъияти гирифторӣ ба бемории COVID-19

Сироятёбӣ ба бемории COVID-19, ки аз моҳи декабри соли 2019 дар ҳудуди Хитой оғоз ёфта, алъон дар тамоми ҷаҳон паҳн шуда истодааст, ба ташхисоту муносибати ҷиддӣ эҳтиёҷ дорад, зеро дар муддати мадид хатари бузурги бемории мазкур ба ҳаёти инсон собит гардид.

Дар қисми муайяни беморон тағйиротҳои ҷиддӣ дар узвҳои дохилии организми онҳо ба мушоҳида расид, ки ин ҳодисаро метавон бо генерализатсияи сирояти коронавирусӣ ҳамбаста намуд: масалан, тағйиротҳо дар бофтаҳои лимфатикӣ, рӯдаҳо, пардаи нафиси майнаи сар, дил, ғадуди зери меъда, гурдаву талхадон ва монанди инҳо ба назар расиданд. Зарарёбии вазнину хатарноки ҷараёни гардиши хун бо инкишофи аломати лахташавии диссеминатсионии хуни дохилишараёнӣ, ки махсусан дар шушу гурда зоҳир ёфт, аз нишонаҳои аёни гирифторӣ ба ин беморӣ гардиданд. Зуҳуроти пайдошавии тағйиротҳо дар пӯст, ки хусусияти ба вуҷудоиашон ноаён аст – аз аломати сурхии баланди зери пӯст то дамидаҳои намудашон гуногун низ аз нишонаҳои ин беморист.

Ҳамин тавр, чунон ки дар зукоми A\HINI, мабдаи асосии морфологии COVID-19 ин зарарёбии диффузионии алвеолярӣ ба ҳисоб меравад. Истилоҳи илтиҳоби вирусии шуш (вирусная пневмония), ки имрӯзҳо дар тиб ба таври васеъ истифода меёбад, моҳиятан, инкишофи зуҳуроти номбурдаро инъикос менамояд. Дар навбати худ, зарарёбии вазнини диффузионии алвеолярӣ муродифи мафҳуми клиникии «аломати бемории шадиди роҳи нафас» мебошад.

Нишонаҳои клиникии сирояти шадиди роҳи нафас инҳо мебошанд:баландшавии ҳарорати бадан то 37,50С ва боз як ё якчанд аломатҳои зерин ба ҳисоб меравад: сулфаи хушк ё сулфа бо балғами на он қадар зиёд, диққи нафас, ҳиссиёти нафастангӣ дар қафаси сина, аз рӯи маълумотҳои пулсометрӣ (SpO2) -95% таъмини баризофаи таркиби хун бо оксиген, дард дар мавзеи гулӯ, рустшавии бинӣ ё ринит, вайроншавӣ ё талафёбии ҳиссиёти шомма, талафёбии эҳсосоти зоиқа, конъюнктивит, заъфу бемадорӣ, дарди мушакҳо, дарди сар, дилбеҳузурӣ, исҳол, дамидаҳои рӯи пӯст ва м. инҳо. Ҳамаи ин нишонаҳои беморӣ ҳангоми мавҷудияти ақаллан яке аз аломатҳои эпидемиологии зерин тасдиқ меёбанд:

-баргаштан аз сафари хориҳӣ то 14 рӯзи пайдошавии аломатҳои мазкур;

- мавҳудияти муоширати наздик бо ашхосе, ки дар 14 рӯзи охир оиди

COVID-19 зери назорат қарор дошту сипас, гирифтории ӯ ба ин беморӣ тасдиқ ёфт;

-мавҷудияти муоширати наздик дар 14 рӯзи охир бо ашхосе, ки бемории COVID-19 бо маълумотҳои ташхисгоҳ дар ӯ тасдиқи худро ёфтааст.

Инчунин, мавҷудияти нишонаҳои клиникӣ дар ҳамбастагӣ бо тағйиротҳо дар шуш аз рӯи маълумотҳои томографияи компутерӣ.

Мавҷудияти нишонаҳои клиникӣ дар ҳамбастагӣ бо тағйиротҳо дар шуш аз рӯи маълумотҳои тадқиқоти лазерӣ.

Натиҷаи мусбии тадқиқоти ташхисгоҳӣ ба мавҷудияти РНК SARSC0V-2 бо истифодаи методҳои амплификатсияи ишқорҳои нуклеинӣ новобаста аз нишонаҳои клиникӣ гирифторӣ ба бемории COVID-19–ро тасдиқ менамояд.

Барои беморони гирифторшуда ба вируси COVID-19 марҳилаи инкубатсионӣ (пинҳонӣ) аз 2 то 14, ба ҷадди миёна аз 5 то 7 шабонарӯзро ташкил медиҳад.

Ҳолати вазнини диққи нафас дар 6-8 рӯзи аз лаҳзаҳои аввали пайдоиши беморӣ сар мезанад. Дар байни аломатҳои нахустини беморӣ миалгия, мушаввашхотирӣ ё идроки бесубот, дарди сар, балғам бо хун, исҳол, дилбеҳузурӣ, дилзанӣ ва монанди инҳо мушоҳида карда мешаванд. Аломатҳои номбурда дар оғози сироятёбӣ ҳатто ҳангоми мавҷуд набудани ҳарорати баланди бадан метавонанд ба назар расанд.

Тақрибан дар 50%-и беморони бо ин вирус сироятёфта беморӣ бе аломатҳои назаррас ҳараён мегирад. Дар 80%-и маризон ин беморӣ бо мавҷудияти нишонаҳои клиникӣ дар шакли сабукибемории роҳи нафас ҳараён мегирад. Танҳо 20%- и ҳодисаи бемории мазкур ба таснифоти гурӯҳи вазнин дохил намуда шудаанд. Синну соли миёнаи беморӣ дар Чин 51-ро ташкил дода, шакли бештар вазнини беморӣ дар пиронсолон (синни аз 60 боло) мушоҳида гардид. Байни беморони ба ин вирус гирифторшуда дар аксари ҳолатҳо бемориҳои дар ин гуна маризон қаблан вуҷуддошта, ба монанди, бемории диабети қанд, фишори баланди хун, бемориҳои системаи рагу дил ба мушоҳида расиданд.

Барои дақиқ намудани гирифторӣ ба вируси COVID-19 аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳаи тиб чунин пешниҳодот ворид шудаанд:

-интихоби усулҳои визуалӣ ҳангоми эҳтимоли гирифторӣ ба бемории COVID-19, бо назардошти таҳҳизоти тиббии мавҷуда ва захираҳои кадрӣ;

-истифодаи усулҳо бо ташхиси нури рентгенӣ ба бемороне, ки дар онҳо аломатҳои сироятёбии роҳи нафас мавҷуд набуда, аммо натиҳаи тадқиқоти ташхисгоҳ ба мавҷудияти РНК SARSC0V-2 мусбист, тавсия дода намешавад.

Дар тавсияҳои клиникии марҳилаи мазкур қайд шудааст, ки истифодаи усули рентгенографӣ, томографияи компутерӣ ва ташхиси ултрасадоӣ барои дарёфти беморӣ ҳангоми мавҷуд надоштани нишонаҳои клиникии он мақсаднок нест.

Сирояти нави коронавирусӣ, ки аз ҳониби SARSC0V-2 таҳдид дорад, ба гурӯҳи бемориҳои ба ҳаёти инсон хатардошта ворид намуда шудааст.

Ба таври васеъ, натиҷанокии тадқиқотҳо ва табобати минбаъдаи маризон аз таҷриба ва ихтисосмандии табиби ҳозиқ вобастагии зиёд дорад.

Муҳиба Комилова, номзади илмҳои биологӣ,

сармуаллимаи кафедраи тиббӣ-биологии ДДХба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ