​Дарси сулҳ ва пурҳикмати Пешвои миллат – роҳнамои мо

Бояд қоил шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба мактабу маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда истодааст. Имрӯзҳо дар баробари сохтмони зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои томактабии замонавӣ, таъмиру таҷдиди биноҳои таълимӣ Ҳукумати кишвар ба сифати таҳсилот диққати бештар дода, ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос чораҳои амалӣ меандешад.

Лозим ба таъкид аст, ки бинобар хуруҷ ва паҳншавии босуръати бемории пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ҷиҳати ҳимояи саломатии олимону устодон, омӯзгорону шогирдон ва кормандони соҳаи илму маориф бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ соли таҳсили 2019-2020 барвақт қатъ гардида, муҳлати таътил нисбатан дароз карда шуд. Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чунин тадбири оқилона Ҳукумати кишвар тавонист саломатии аҳли маориф, устодон, омӯзгорон, кормандон ва шогирдони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабиро аз гирифтор шудан ба ин беморӣ эмин дорад.

Дар баробари аҳли маорифи кишвар, устодону кормандони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» соли таҳсили навро бо шунидани суханронии Асосгузори сулху ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон оғоз намуданд.

Соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш бо дарси сулҳ ва пурҳикмати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон оғоз гардид. Дар оғози суханронии худ, Сарвари кишвар - Эмомалӣ Раҳмон, аз неъмати беназир ва пурқимат будани сулҳ ва оромӣ ёд намуда, таъкид сохтанд, ки тамоми мардуми кишвар, махсусан ҷавонону наврасон бояд ба қадри сулҳ ва оромии кишвар бирасанд ва баҳри ҳифзи он тамоми тавони худро сарф намоянд. Аз ҷумла, зикр намуданд, ки «мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд. Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд». Сипас, Президенти кишвар устодону омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки ҳини таълим башогирдон аз таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллат ёд намуда, онҳоро баҳри ҳифзу пойдории сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ омода намоянд.

Бинобар таъкиди Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон дарси сулҳ ба маънои дигар, дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих аст. Президенти кишвар дар баробари зикри ғамхориҳои беназири Ҳукумати кишвар нисбат ба мактаб ва маориф аз аҳли маорифи кишвар талаб намуданд, ки дар баробари диққати ҷиддӣ додан ба омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ба омӯзиши илмҳои гуманитарӣ, забони тоҷикӣ, таърих, забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисӣ аҳамияти махсус диҳанд ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва самаранок истифода намудани ҳар як соати дарсӣ саъй намоянд.

Мо, устодон ва омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ тамоми дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ карор дода, ҷиҳати дар амал ҷорӣ намудани онҳо ва тарбия намудани кадрҳои баландихтисос тамоми донишу маҳорати касбии худро сарф хоҳем кард.

Кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ