​Амнияти давлат ва худшиносии миллӣ дар замони давлатдории Сомониён

Маълум аст, ки дар тўли дурударози будубоши тоифаҳои эронитабор, ба хусус ниёгони тоҷикон аз аҳди салтанати Ҳахоманишиён то замони давлатдории Сомониён дар рўзгори сиёсиву иҷтимоӣ ва мафкуравии эшон таҳаввулу табаддули мухталиф ба вуқўъ пайваст. Дар чунин даврони басо тўлонӣ маҳз ба туфайли як силсила омилҳо ниёгони тоҷикон тавонистанд, ки иртиботи таъриху фарҳанги хешро дар замони давлатдории хондаони мухталифи эронитаборон нигоҳ доранд. Аз байни чунин авомили гуногун метавон дуи онро алоҳида таъкид намуд, ки яке аз онҳо давом ёфтани андешаи сиёсии миллӣ ва дигаре идома пайдо кардани фарҳанги Аҷам маҳсуб мешавад. Агар омили нахустин боиси табдилёбии давлатдории Сомониён ба сармашқи комилиёри ағлаби давлатҳои дигар гашта бошад, пас маҳз дар натиҷаи давомёбии омили дувум бо вуҷуди аз ҷониби ғосибони аҷнабие, чун юнониҳо, румиҳо, арабҳо борҳо ба хок яксон шудани обидаҳои муҳташами фарҳангӣ ва тамаддуни оламшумул онҳо эҳё гардиданд. Агарчи пас аз ҳуҷуми аъроб қавмҳои ориёитабор исломро пазируфта, забони онро низ чанд муддат муваққатан ҳамчун забони расмӣ қабул намуда, ба ин восита се рукни муҳимми тамаддун: дин, забон ва алифбои хешро тағйир доданд ва мусулмон гардиданд, вале бар хилофи мардуми кишварҳои дигар, мисли Миср, Бобул, Ошур, ки зери фишори аҷнабиён ҳувияти милливу маънавияшонро аз даст дода, араб гардиданд, ҳастии маънавии худ, асолати тамаддуни хешро аз тасаллуту таҷовузи бегона ҳифз карданд.

Лозим ба тазаккур аст, ки гузаштагони дури халқи тоҷик пас аз футуҳоти аъроб забони барояшон бегонаро барои хондани Қуръон бо тезӣ ва хушҳолона қабул накарданд. Роҷеъ ба ин нукта ин ҷо овардани як навиштаи муаллифи «Таърихи Бухоро»-ро зарур медонем: «Қутайба ибни Муслим масҷиди ҷомеъ бино кард андар ҳисори Бухоро ба соли наваду чаҳор. Ва он мавзеъ бутхона (буд мар аҳли Бухороро. Фармуд,) то ҳар одина дар он ҷо ҷамъ шудандӣ, чунонки ҳар одина мунодӣ фармудӣ: «Ҳар кӣ ба номзи одина ҳозир шавад, ду дирам бидиҳам». Ва мардумони Бухоро ба аввали ислом дар намоз Қуръон ба порсӣ хондандӣ ва арабӣ натавонистандӣ омўхтан. Ва чун вақти рукўъ шудӣ, марде будӣ, ки дар паси эшон бонг задӣ: Бикунето, накунет. Ва чун саҷда хостандӣ кардан, бонг кардӣ: Нагуниё нагунӣ».

Аз кору пайкори пешоҳангону аламбардорони тоҷикон пайдост, ки онҳо дар ҷаҳондорӣ таҷрибаи ғанӣ андўхта, меҳвари сиёсат ва низоми давлатдории онҳо дар заминаи ғурури миллӣ, адлу инсоф, ҷавонмардию одамият, некиву мардумнавозӣ бунёд ёфта буд. Дар ин хусус дар осори алоҳидаи бархе аз таърихнигорон омадааст, ки «асри X ва бахше аз садаи XI айёми пирўзии рўҳонияти Аҷам, замони нусрат ва сурури халлоқияти миллии қавмҳои ориёӣ маҳсуб мешавад. Дар ин даврони шукўҳманд, ки даврони авҷи қудрат дар таърихи давлатдории тоҷикон ба шумор меояд, дудмони баландовозаи Сомониён бо доштани ғурури миллӣ ва таассуби фарҳангиву маънавӣ кохи муҳташам ва муаззами тамаддуни бузурги хешро бунёд намуданд, ки бо гузашти ҳазору сад сол ҳамоно мўҷиби ҳайрат ва тафохури пасовандон аст».

Садаи Х –ро барҳақ «асри заррини фарҳанги эронӣ» хондаанд, зеро маҳз дар ин даврон осоре ба табъ расидаанд, ки пояи устувори забону адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ба шумор омада, аҳли адаби даврони баъдӣ, ки воқеан меъморони сухан маҳсуб мешаванд, биноҳои дигари каломи бадеъро бар ҳамин асос бунёд ниҳодаанд. Дурусттар ин аст, ки осори эҷоднамудаи онҳо бино ҳам набуда, балки тазйину ороиши ҳамон кохи сухан аст, ки бунёд ва бунёди онро Фирдавсӣ барин абармардони сухан гузоштаанд. Ин аст, ки аз мутолиаи осори онҳо «… тарзи таҳрири ширинтар аз қанд … ба хубӣ дидаву фаҳмида мешавад». Гузаштагони мо «ин забонро ба мақоме расонидаанд, ки метавонад дақиқтарин маонӣ ва латифтарин эҳсосот ва амиқтарин афкорро ба фасеҳтарин ваҷҳ таъбир ва ба бадеътарин сурату қолаб баён кунад». Дар ин ҷода забони осори тарҷумавии аҳди Сомониён мақоми хосса ва мавқеи шоистаеро ишғол менамояд, ки яке аз онҳо «Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» аст. Асари мазкур дар радифи се осори мансури ин даврон чун «Муқаддимаи «Шоҳнома» -и Абўмансурӣ, «Тарҷумаи «Таърихи Табарӣ», «Ҳудуду-л-олам мина-л-машриқ ила-л-мағриб» -и маҷҳулмуаллиф аз ҷумлаи қадимтарин насри форсии дарӣ ҳисобида шуда, муҳаққиқон забони онро «форсии дарии соддаву латиф», «бисёр салису соддаву шево», «беҳтарин сармояву гаронмоятарин ганҷина … барои ҳифзу густариши забони форсӣ», «фарҳанги форсии бисёр ғаниву решадор дар кишварҳои форсизабон», «аз ғанитарин мутуни форсии қадим аз ҳайси луғоту таркиботи форсӣ» ба шумор овардаанд, ки воқеан дуруст аст.

Таърихи ба порсӣ тарҷума гардидани китоби мазкур дар оғози он чунин омадааст: «Ва ин китоб тафсири бузург аст аз ривояти Муҳаммад ибни Ҷарир ат-Табарӣ, раҳмату-л-лоҳи алайҳи, тарҷума карда ба забони порсӣ ва дарии роҳи рост. Ин китоб набишта ба забони тозӣ ва ба аснодҳои дароз буд. Ва биёварданд сўи амири саййиди Музаффар Абўсолеҳ Мансур ибни Нўҳ ибни Наср ибни Аҳмад ибни Исмоил, раҳмату-л-лоҳи алайҳим аҷмаъин. Пас душ(х)вор омад бар вай хондани ин китоб ва иборат кардани он ба забони тозӣ ва чунон хост, ки мар инро тарҷума кунад ба порсӣ. Пас, уламои Мовароуннаҳрро гирд кард ва ин аз эшон фатво кард, ки «раво бошад, ки мо ин китобро ба забони порсӣ гардонем». Гуфтанд: «Раво бошад хондан ва набиштани тафсири Қуръон ба порсӣ мар он касро, ки ў тозӣ надонад. Ва дигар он буд, к-ин забони порсӣ аз қадим боз донистанд аз рўзгори Одам то рўзгори Исмоил (а). Ҳама пайғомбарон ва мулукони замин ба порсӣ сухан гуфтандӣ…».

Ба ин тариқ, иддае беш аз бист нафар аз уламову фуқаҳои Мовароуннаҳр аз минтақаҳои Бухоро, Балх, Самарқанд, Испиҷоб, Фарғона ва монанди инҳо ба тарҷумаи тафсири мазкур пардохтанд.

Дар «Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» теъдоди зиёди вожаҳо бо имлои забонҳои куҳан ё миёнаи эронӣ забт шудаанд, ки онҳо дар осори дигари ин давра ва асрҳои минбаъда ба назар намерасанд: мазғ (эр.б. mazga), фурўх (>фурўғ), дек (эр.б. daika), буҷишк (эр. м. winjišk): … шамшери Абдурраҳмон бар сари Алӣ, разийа-л-л-Лоҳу анҳу, омад ва ба устухони сар бигзашт ва ба мазғи сар бирасид. Ва он ҷо мазгите буд аз санг ва он ҷо намоз кард ва он ҷо нони дек пухтанд…

Баъзе калимаҳо мувофиқи талаффузи яке аз забонҳои миёнаи шимолӣ-ғарбии эронӣ, мисли портӣ ба кор рафтаанд. Чунончи, дар асар калимаи хурўс дар чанд ҷой ба гунаи хурўҳ забт гардидааст: Дар осмони чаҳорум мурғеро дидам сапедтар аз оҷ бар мисоли хурўҳе… Ҷибрил, алайҳи-с-салом, гуфт: «Ин хурўҳе сапед аст…» Ҷумла хурўҳони замин овози ў бишнаванд.

Тавре ки маълум аст, s-и эронии қадим дар забонҳои шимолӣ-ғарбии эронӣ ба h, вале дар шохаи ҷанубӣ-ғарбӣ ба s мегузарад: mas-meh, kas-keh, winas-winahxros-xroh-.

Дар «Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» фақат дар як маврид шакли хурўс истифода шудааст.

Дар ҳамон рўзгори куҳан дар байни бархе аз муаллифони осори хаттӣ пиндоре ҳукмфармо буд, ки гўё забони тоҷикӣ дар нахустасрҳои миёна ва даврони баъдӣ танҳо забони ривояти тарона ва қиссаву афсона будааст, вале фарзандони фарзонаи тоҷик, ки ҳисси баланди худшиносӣ доштанд, ин гуна пиндорро ботил шуморида, дар исботи он дар заминаи маводи забони модарии хеш силсилаи калони истилоҳе ба вуҷуд оварданд, ки он аз тавонманди ин забон дар баёни андешаҳои илмӣ дарак медод.

Абўрайҳони Берунӣ дар осори худ «Ат-Тафҳим» ва «Китоб-ус-сайдана» бо ёрии пасвандҳои алоҳидаи калимасоз истилоҳоте, арзизгар, устурлобгар, лавҳгар, макргар, тадбиргар, тарина, ростина, боркада, сохт; муаллифи номаълуми «Ҳудуд-ул-олам» аносири луғавии боргоҳ (бандар), гузаргоҳ (гулўгоҳ), обгир (кўл), мурдоб (халиҷ), рўдина, рўдкадаро эҷод намуд, муаллифи «Шуморнома» ва «Ат-Тафҳим» ба ҷои истилоҳҳои риёзии ҷамъ, тарҳ, зарб, тақсим истилоҳоти тоҷикии аз феъл сохташудаи афзудан (ҷамъ), костан (тарҳ), задан (зарб), бахшидан (тақсим)-ро ба кор бурдаанд.

Ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки иддае аз чунин истилоҳу муштақот маҳсули андешаи худи муаллифони осори тазаккурёфта маҳсуб мешавад.

Соҳиби «Ал-абния ан-ҳақоиқ-ул-адвия» дар заминаи баъзе қолабҳои истилоҳсозӣ (мисли исм+асоси замони ҳозираи феъл) дастаи калони истилоҳро эҷод намуда, ба ин восита сермаҳсулии чунин қолабҳоро дар забони ниёгони хеш собит сохтаанд.

Албатта, кулли муаллифони осори илмии аҳди Сомониён дар корбурду эҷоди истилоҳу муштақот муносибати ягона надоштанд, яъне агар иддае аз эшон, мисли «Шуморнома» истилоҳоти арабиро танҳо ба воситаи калимаҳои тоҷикӣ шарҳ дода, дар андешаи бунёд истилоҳоти илмии форсӣ набошанд, пас соҳибони осори дигар баробари ба таври дақиқ шарҳдиҳии истилоҳоти арабӣ бо вожаҳои тоҷикӣ боз ҳамчанди порсӣ-тоҷикии онҳоро гузошта, ҳатто гоҳе дар ифодаи мафҳуми баъзе илмҳо, мисли риёзӣ аз истилоҳи форсӣ истифода мекунад. Чунин ҳам мешуд, ки баъзе аҳли илми он рўзгор, амсоли Абўрайҳони Берунӣ бархе аз истилоҳоти риёзии сустбунёди арабии он рўзгорро мазаммат мекарданд ва бемаънӣ мешумориданд.

Худшиносии ниёгони мо дар даврони салтанати Сомониён ба дараҷае буд, ки онҳо андешаҳои илмии хешро ҳатто дар қолаби назм ифода мекарданд. Далели боризи чунин иддао асаре мавсум ба «Донишнома» аст, ки ба илми тиб бахшида шуда, аз тарафи Ҳаким Майсарӣ таълиф гардидааст. Худи муаллифи асар дар як маврид авло будани баёни андешаҳояшро ба забони дарӣ таъкид мекунад:

Бигўям тозӣ, арна порсӣ нағз

Зи ҳар дар ман бигўям мояву мағз.

Ва пас гуфтам: «Замини мост Эрон,

Ки беш аз мардумонаш порсидон.

В-агар тозӣ кунам, некў набошад,

Ки ҳар касро аз ў нерў набошад.

Дарӣ гўям-ш, то ҳар кас бидонад

Ва ҳар кас бар забонаш барбиронад.

Кунун пири хирадмандаш бихонад,

Ҳама роҳи пизишкӣ з-ў бидонад.»

Лозим ба тазаккур аст, ки дар «Донишнома» хонанда дар радифи истилоҳоти бегонаи ба забони ниёгон роҳёфта инчунин дастаи калони донишвожаҳое мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки решаи сирф эронӣ дошта, бархе аз онҳо то имрўз дар забони тоҷикӣ ва шеваю лаҳҷаҳои он дар гардиш қарор доранд.

Ба ин тариқ, муаллифони осори хаттии замони Сомониён ҳамвора кўшиш бар он доштанд, ки забони модарияшон аз осеби даврон бегазанд монад, ба буни дарахти азамати забони порсии дарӣ газанде нарасад, он ба боди фаромўшӣ наравад, он рўзба рўз иқтидори нав ба нав пайдо намояд. Маҳз чунин иқдоми дурандешонаи ҳамин фарзандони фарзонаи миллат буд, ки забони тоҷикӣ дар даврони баъдии вуҷуди худ на танҳо рушди бештару тавсеа пайдо кард, балки яке аз забонҳои тавонои ҷаҳон дар инкишофи таркиби луғавии гурўҳи калони забонҳои дунё мусоидат намуд. Ин аст, ки он на фақат дар худшиносии тоҷикон, балки дар худшиносонии эшон нақша бориз гузошт.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ