Фарҳанг, худшиносӣ ва амнияти миллӣ

Вазифаи асосиизиёиёни мо дар шароити имрўзапеш аз ҳама ҷалби ҷавонон ба омўзиши таърих, маданият, забон ва дастовардҳои илму фарҳанг мебошад. Аз ин ҷо бармеояд, ки ин таъкид муҳимтарин василаи тарбияи ҷавонон дар рўҳияи миллӣ маҳсуб меёбад.

Таърихнигори сатҳи ҷаҳонӣ , академик Бобоҷон Ғафуров низ мояи ифтихор будани фарҳанги моро зери назар дошта, фармудааст: ”Ин ҳақиқат, ки мо дар сафи пеши тамаддуни умумибашарӣ ҷой гирифтаем, хоҳиши худнамоии мо нест,ҳақиқате нест,ки мо онро ҳатман исбот карданӣ бошем. Ин ҳукми таърих аст. Таърихи инсоният ҳамин гуна ҷараён гирифтааст, ки мо дар сафи пеши тамаддуни ҷаҳонӣ қарор гирифтаем”.

Ин суханони бадарди аллома Бобоҷон Ғафуров як навъ ҷавобе ба душманони миллати тоҷик буд, ки он замон моро аз ҳаққи ифтихори гузаштаи пуршаънамон маҳрум карданӣ буданд. Бо гузаштиайём, рўҳи истиқлолхоҳиихалқмузаффар шуд. Таърих бо ҳама шиканҷаву ҷабре, ки ба халқи тоҷику форс раво дидааст,суханихудро гуфт, исбот шуд, ки воқеан тоҷиконлоиқи чунин ифтихорусарбаландиҳоянд. Вақте президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон китобибозабониҳиндӣ тарҷумашудаи “Тоҷикон”-ро ба Президентикишвар Эмомалӣ Раҳмон супорид, ки ҳақиқат бори дигар чу алмос дурахшид ва ба қавли Мавлоно,дўстонро шод карду душманонро кўр кард. Ҳамзамон, ба шарофати истиқлол китоби бузурги аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ба забони ўзбекӣ низ нашр гардидааст.

Соҳибихтиёрии давлатӣ барои ҳар кишвари мустақил дастоварди муҳим ба шумор меравад, зеро маҳз бо будани ин ормон ва хоҳиши олии миллат бо қадру заковати худ онро дар амал татбиқ менамояд.Барои давлатҳои муосири дунё соҳибихтиёрӣ ба тарзҳои гуногун ба даст омадааст,ба баъзеҳо бо муборизаи тўлонӣ ба дигарҳо дар натиҷаи тағйир ёфтани низоми муносибатҳои байналмиллалӣ ва ниҳоятан ба гуруҳи сеюм дар натиҷаи аз байн рафтани давлатҳои пурқудрат дастёб гардидааст.Манзурамон аз ин суханон онаст, ки новобаста аз чӣ гуна ба даст омадани соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муҳими худшиносии миллӣ дар таърихшинохта шудааст.

Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодипарасту озодихоҳ буданд. Бо амри тақдир ва бар асари солҳои 90-уми асри гузашта миллати тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Миллати тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дўст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.

Дар тўли солҳои соҳибистиқлолӣ халқи мо тавонист саҳифаҳои таърихии гузаштагони бузургамонро аз нав зинда созад.Истиқлолият ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш аст, истиқлолият хештаншиносист ва дар ин раванд мо аз суннатҳои маънавии бузургони гузаштаи худ чун ёдгории “ Авесто”, давлатдории Оли Сомон, Исмоили Сомонӣ,Фирдавсӣ, Умари Хайём, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ,Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Имоми Аъзам, С.Айнӣ, Б.Ғафуров, Мирзо Турсунзода, А.Лоҳутӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур,Нусратулло Махсум ва дигарон, ки дар саҳнаи пайкори муқаддасоти миллӣ мубориза бурданд ифтихор намоем. Дар ин радиф чорабиниҳои бузурги фарҳангие, ки як рукни муҳими сиёсати фарҳангии Сарвари давлат, бузургдошти шахсиятҳои адабию фарҳангӣ маҳсуб меёбад, ки ин таҷлили солгарди фарзандони фарзонаи миллат, ҷашни шаҳрҳои бостонии кишвар мебошад.

Таҷлили ҷашнвораҳои шукўҳманди 1100 солагии давлати Сомониён,1000солагии Носири Хусрав, 2700солагии китоби муқаддаси “Авесто”, 2500 солагии Истаравшан, 2700 солагии Кўлоб, соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон шудани соли 2006, 800 солагии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ,1150 солагии Устод Рўдакӣ, 600 солагии А.Ҷомӣ ва эълони соли забони тоҷикӣ ва ғайраҳо мебошад, киин ҷашнвораҳо арҷгузорӣ ва ба ҷо овардани эҳтиром ба гузаштаи худ, барои ҷавонон эҳсоси хештаншиносию ватандорӣ, тақвияти худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори миллии ҳар як фард маҳсуб меёбад. Дар ин радиф эълони Соли бузургдошти Имом Абуҳанифа – пешвои мазҳабии миллати тоҷик ҷодаи навинро дар ҳуввияти миллӣ бо изҳори ҳувияти мазҳабӣ ҳамвор намуда буд.

Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ“Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ” қайд карданд: “Имрўз замоне фаро расидааст, ки андешаҳо ва ақоиди камоли мутафаккирони бузург мавриди омўзиш ва баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор гирад. Ин вазифаи шарафмандонаи муҳаққиқони имрўза ва оянда аст. Мо мероси гузаштаи манавӣ ва шахсиятҳои барўманди илмӣ, динӣ, адабӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии халқи худро бояд хуб шиносем ва бо истифода аз осори ғанӣ ва боарзиши онҳо ҷомеаи имрўзаро дар рўҳияи эҳтиром ба гузаштагон тарбия карда, ба ин васила як давлати озод, обод, орӣ аз таассубу ихтилоф эҷод намоем,ҷаҳони манавии ҷавонони худро ғанӣ созем,зеро ояндаи кишвару давлат ба шахсият, дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносии миллии онҳо сахт вобаста аст.”

Яке аз комёбиҳои мо дар раванди худшиносии миллӣ ин ба таври ҷиддӣ ба масъалаи забони тоҷикӣ-давлатӣ рўй овардан аст.

Забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад.

Чунончи ҳамаи мо медонем аз рўзҳои аввали истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон ба инкишофи илм, фарҳанг, тарбияи хештаншиносӣ, ватандустӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир менамояд. Маҳз дар даврони Истиқлолият паҳлўҳои гуногуни тарбияи миллӣ таҷдиду такони тоза гирифтанд. Ба шарофати ғамхориҳои доимии Ҳукумат садҳо муассисаҳои фарҳангӣ, театрҳо, толорҳои варзишӣ, осорхонаву китобхонаҳо, ёдгориҳо рўи таъмиру таҷдидро дид ва даҳҳо биноҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар баробари ба даст овардани Истиқлолият нақш ва иштироки ҷавонон дар рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳанг, сиёсат назаррас гардид. Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд,ки тақдири ояндаи халқу давлат бар дўши онҳост. Ҳифзу ободкардан ва ба мерос гузоштан ба насли оянда ин вазифаи асосиионҳо дар назди халқу ватани хеш мебошад. Бинобар ин ҷавонони мо бояд соҳибтахассус ва ахлоқи некро доро бошанд ва арзишҳои фарҳангии миллати хешро бишносанд,бахусус ҷавонони имрўзаи мо низ бояд аз решаҳои тамаддуни қадима, забону фарҳанги миллӣ ва оини давлатдории халқу худ огаҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи саввум баҳри устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу анъанаҳои миллии тоҷикон саъю талош намоянд. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар қисми чоруми Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унсурҳои таркибӣ ва мазмуни тарбияи миллӣ омадааст: “ Анъана, суннатҳои воло, арзишҳои миллии халқи тоҷик, ки дар давоми қарнҳо ба тарзи ҳаёти мо ворид шуданд, маданият ё маҷмўи сифатҳои онро ташкил медиҳанд, ҷавҳар, хосият ё маҷмўи сифатҳои тоҷикон аз илму донишомўзӣ, заҳматписандию таҳаммул, сару кор бо замин, оштию сулҳпазирӣ, тадбирҷўӣ, худшиносӣ, талоши фарҳангӣ, меҳмондорию меҳмоннавозӣ, устувории оила, ифтихори ватандорӣ, касбу ҳунаромўзӣ, дўстиву рафоқат, иззату эҳтиромипадару модар, некӣ ва накўкорӣ, адлу адолатҷўӣ, дастгирии ятимону муҳтоҷон ва ғайра иборатанд”.

Тарбияи миллӣ ташакккули тафаккури шаҳрвандонро дар назар дорад. Он ифтихор аз миллати хеш,эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон,урфу одат ва анъанаҳои миллӣ,пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрўзаи миллат,аз нав эҳё намудани урфу одат ва анъаноти арзишманди миллӣ,дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, ин илм ва фарҳанги миллӣ ва эҳтироми миллатҳои дигарро фаро мегирад.Бинобар ин системаи таълиму тарбия дар ҷумҳурӣ бояд ба илм,фарҳанг ва таърихи ниёгонамон сахт вобаста бошад ва асоси онро бояд худшиносии миллӣ ташкил кунад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки тарбияи донишҷўён бо роҳи ибратгирӣ аз сарнавишт ва фаъолияти шахсиятхои таърихӣ, фарҳангӣ, адабӣ низ аҳамияти калон дорад. Осори безаволи онҳо метавонад манбаи бебаҳои хештаншиносӣ ва миллатдустӣ бошад,онҳоро водор созад ва аз ин гуна дарсҳо натиҷаҳои ахлоқӣ гирад ва ба маънавиёташон такмил бахшад.

Даҳҳо ва садҳо фарзандони ба ору номуси халқро ном бурдан мумкин аст, ки барои озодӣ,ободӣ ва обрўи миллату ватан фидокориву ҷоннисориҳо намудаанд. Аз байни онҳофарзандони барўманди халқ устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигаронро ном бурдан мумкин аст, ки барои ташаккули миллат, болоравии ҳисси худшиносӣ хизматӣ бузург намудаанд. Садриддин Айнӣ мавҷудияти халқи тоҷикро ҳамчун миллати қадимаи Осиёи Марказӣ исбот намуда, таърихи адабиёти моро эҷод намудааст.

Фарҳанги гузаштаи мо фарҳанги ҳикматҳост,ҷавонони мо қисмати ин ҳикматҳоро дар фаъолияти ҳаррўзаи худ истифода баранд. Дар ҷарёни дарсҳо, ба хусус педагогика, таърихи маориф ва афкори педагогӣ, маҳорати педагогӣаз мисол овардани осори ниёгон дар он аст, ки дар пешрафти кори таълиму тарбия беқарор намудани хусусиятҳои миллӣ, нигоҳдории арзишҳои офаридаи гузаштагон, равнақу ривоҷи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, фаҳмиши арзишҳои умумибашариро тақозо менамояд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон мо фақат дар ҳамон сурат эҳтироми бузургонамонро комилан ба ҷо меорем, ки осори онҳоро омўзем, фарзандонамонро дар рўҳияи таълимоти онҳо тарбия кунем, фармудаи онҳоро дастури амал қарор диҳем, то ки оянда ҳам аз байни онҳо Рўдакиҳо, Фирдавсиҳо, Бўалиҳо, Хайёмҳо, Мирсаидҳо ба воя расанду мо дар рушду нумўитамаддуни башар саҳмгузор бошем.

Ҷавҳари сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф бояд масъалаҳои дар низоми таҳсил ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгўи талаботи бозори меҳнат ташкил диҳанд. Зеро сатҳи тараққиёти ин ё он давлат, пеш аз ҳама ,аз фаолияти босамари кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногун вобаста мебошад.

Ҳадафҳои таъмини амнияти миллӣ, пойдорӣ ва бақои миллату давлат. Бинобар ин, зарур аст, ки фармудаанд Пешвои миллат – дар зеҳну шуури афроди ҷомеа сатҳи мувофиқ ва муассири масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шавад, то ҳар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ масъулияти хоса эҳсос намуда, барои иҷроиқарзи фарзандии худ ҳамеша омода бошад. Дар ин озмунгоҳи ҳассоси таърих моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолиятион ва ҷомеаи худро аз пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.

Ба ҳар яки мо омўзгорон маълум аст, ки илму маориф яке аз самтҳои муҳими амнияти миллиидавлатӣ буда, пешрафти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи таълим вобаста аст. Дар замони дастовардҳои бузурги илмиву технологӣ ва кашфиёти нав ба нави ақли инсонӣ мо омўзгоронро зарур аст, ки насли наврасро дар рўҳияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоем. Дар ҷавонон ҳисси дўст доштану ҳифз кардани ин сарзамини аҷдодӣ, ободу зебо гардонидани ватани биҳиштосо, нерўманду пуриқтидор сохтани давлати тоҷикон ба тарзи бояду шояд ба ҳар як фарзанди бо нангу номуси ин марзу бум вазифаи имониву виҷдони худ шуморем ва дар ҳама ҷо сарбаландӣ изҳорнамоем, ки“Ман тоҷикам! Ман ворисиИсмоили Сомониву Баламӣ, Рўдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Ҳофиз, Ибни Синову Мавлоно, Саъдиву Камол, Имом Ғаззоливу Имоми Аъзам ва садҳо ҳазорон фарзонаву алломаҳо ҳастем”.

Бигзор ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамеша нерўи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд ва дар ин ҷода ҳаряки мо омўзгорон ҳиссагузор бошем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ