​Амре барои мардум ва ба манфиати мардум

Доман паҳн кардани бемории сироятии коронавирус ё СOVID-19 дар саросари олам бори дигар инсонияти сайёраҳо ба ваҳдату ҳамдилӣ, иттиҳоду ягонагӣ даъват намуда, мардуми оламро ҳушдор дод, ки танҳо бо ҳам ва дар канори ҳам будан метавонад омили наҷоти башарият бошад. Аз ин рў, ҳақиқати ин амр сабақе барои тамоми мардуми сайёра гашт, то дар роҳи пешгирии доман паҳн кардани ин беморӣ якҷоя иқдомоти шоёне аз сар бигиранд ва кўмакҳои байниҳамдигарии давлатҳо роҳро дар боздошти суръати паҳншавии он воқеан ҳамвор намуд.

Дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввалини сар задани ин беморӣ ҳамин андешаву умумиинсонӣ нақш ва ҷойгоҳи муҳим касб намуда буд. Дар пасманзари ин сиёсати дурнигарона таъмини манфиатҳои ҳам мардуми тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон, инчунин мусоидат дар таъмини тандурустӣ ва офияти тамоми мардуми сайёра қарор гирифт. Ҳанўз домани бемории мазкур то ба Тоҷикистон нарасида буд, ки тавассути иқдомоти Пешвои миллатчандин маротиба барои расонидани кўмакҳои мухталиф ба мардуми кишварҳои олам ташаббусҳои наҷиб роҳандозӣ гардид. Анҷоми гуфтугўҳои телефонӣ бо сарони кишварҳои олам ва омодагии ҳамкорӣ дар роҳи ҳаллу фасли роҳҳои муваффақонаи пешгирӣ аз ин вабои аср самараҳои муҳими ин сиёсати фардосоз ва инсонгароёнаро тафсир намуд.

Вобаста ба ин, ҷиҳати пешгирии сирояти бемории мазкур дар ҳудуди Тоҷикистон низ тадбирҳои наҷибу оянданигарона аз сар гирифта шуд. Ба андешаи коршиносони дохиливу хориҷӣ то ҷое дар кутоҳтарин фурсат ҷилавгирӣ аз сироят ва коҳиш додани ҳадди паҳншавии беморӣ дар кишвари мо маҳз ба ҳамин ташаббусҳои оянданигаронаи Пешвои миллат дар самти дар муддати муайян омода намудани тамоми бемористонҳо, тақвияти корҳои тарѓиботӣ,хосатан дастгирии ҳамаҷонибаи давлатӣ аз кормандони соҳаи тандурустӣ ва мусоидати саривақтӣ ба табобати гирифторони беморӣ маҳсуб меёбад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки то имрўз чандин иқдомоти давлатӣ, дар сурати зиёд намудани маоши кормандони соҳаи тандурустӣ, ташкили суратҳисоби махсус барои табобати беморони гирифтори коронавирус ё СOVID-19 ва ба он дар навбати аввал маоши якмоҳаи худро гузаронидани Пешвои миллат ба раванди матлуби корҳои пешгирикунанда ва табобати саривақтии беморон мусоидат намуд. Баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои мухталифи олам, ки дар онҷо бар асари қатъи шудани парвозҳо низ дар шумори иқдомоти мардумпарваронаи Пешвои миллат қарор гирифт, ки дар зеҳну андешаи аҳолӣ, хоса ин гурўҳи ниёзманд асари матлуб ва таъсири пурфайз гузошт, ки шарҳи ин ҳиссиёти наҷибро мо аз гуфтори онҳо дар шабакаҳои телевизонӣ шоҳид гардидем.

Ҳамакнун ба имзо расидани ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи ҳамаи он тадбирҳои созанда воқеан тамоми қишрҳои аҳолии мамлакатро хушнуду сарфароз гардонид, зеро ин ибтикори инсонгароёнаи Пешвои миллат ифодагари диду назар ва андешаҳои фардосоз, инсонгароёна ва дар мадди аввал гузоштани манфиат ва ҳимояти мардуми мамлакат ба шумор меравад. Дар сархати аввали ин фармон боз ҳам манфиати аҳолӣ, хоса афроде қарор гирифтааст, ки гирифтори бемории сироятии СOVID-19 шудааст, ки мутобиқ ба он ҷубронпулиҳо барои онҳо бояд пардохта шавад. Мо ҳамагон огаҳем, ки барои саривақт табобат гирифтани ин беморон дар тамоми беморхонаҳо аз имконоти мавҷуда истифтода шуда, онҳо бо доруворӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои табобат таъмин карда шуда, табобати ройгон ба роҳ монда шуд. Ҳамакнун, дастгирии иҷтимоии давлатӣ барои пардохти ҷубронпулиҳо имконият медиҳад, ки ин беморон дар баробари ба таври пурра барқарор намудани саломатии хеш тавассути ин ѓамхории Пешвои миллат вазъи иҷтимоии хешро боз ҳам беҳтар гардонанд.

Ҷанбаи дигари дорои аҳамияти муҳими иҷтимоӣ ва таҷассуми намунаи олии инсонгароӣ дар фармон боз ҳам мусоидат ба дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманд, инчунин кормандони соҳаи тандурустӣ ва монанди ин ба шумор меравад. Дар бандҳои баъдии Фармони мазкур аз ҷумла омадааст, ки:

аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонад;
- то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт намояд;

Ин дастгирии давлатӣ ва ѓамхорӣ нисбати табақаҳои ниёзманд ва осебпазири аҳолӣ воқеан ифодагари андешаи созанда, инсонгароёнаи Пешвои муаззами миллат аст, ки дар ин рўзҳои душвор низ ба онҳо бархурдорӣ аз имтиёзҳои аввалинро пешбинӣ намуда, дастгирии иҷтимоии ин гурўҳи аҳолиро чун ҳамеша аз ҳадафҳои наҷиб ва бузурги хеш ба шумор овардаанд. Баробари ин, боз ҳам таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат ба кормнаони соҳаи тандурустӣ имконият фароҳам меоварад, ки ин гурўҳи ҷонфидо ва фариштагони сапедпўши Ватан дар сафи пеш бо эътимод ва боварии бузург рисолати касбии хешро ба сомон расонида, тандурустиву солимии аҳолии мамлакатро таъмин намоянд.

Пешниҳоди имтиёзҳо дар робита ба пардохти андозҳо ва дигар намуди пардохтҳо ба иншоотҳои мухталиф, соҳибкорони инфиродии бахшҳои ҷудогонаи фаъолияти соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ, коҳиш фоизҳои андоз аз арзиши изофа, додани танзими нарху навои маводи хўрокворӣ дар бозорҳои кишвар, додани имтиёз ба шахсони воқеӣ дар мавриди пардохти андоз аз молу мулки ѓайниманқул ва амсоли ин низ дар шумори тадбирҳои муҳим ва наҷиби таҷассумёфта дар ин Фармон маҳсуб меёбанд, ки дастгирӣ ва мусоидати давлатиро барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ тафсир мекунанд. Манзури ин имтиёзҳо пеш аз ҳама бо шинохт ва ба эътибор гирифтани вазъи воқеии ҷаҳони муосир ва ҳолати ҳақиқии фаъолияти ин гуруҳҳои муайяни аҳолӣ, субъектҳои хоҷагидор ҷараён гирифта, дар сатҳи баланд ва мувофиқи мақсад анҷом ёфтани дастгириҳои давлатиро бозгўӣ мекунад. Ин тадбири наҷиб бегумон тамоми қишҳои аҳолиро водор мекунад, ки бо фароҳам омадани шароит ва ба эътидол омадани вазъи эпидимеологӣ дар кишвар дучанд заҳмату талош аз худ нишон дода, барои тақвияти низоми иқтисодии кишвар, ки бар асари ин афзоиши ин беморӣ дар қатори тамоми мамолики олам ба мушкилот рў ба рў шуд, саҳми шоёни хешро гузоранд.

Тавре таъкид гардид, падидаҳои ин сиёсати дурнигаронаи Пешвои муаззами миллат маҳдуд ба мардуми кишвар набуда, арзиш ва аҳамияти умумиинсонӣ доранд. Додани имтиёзҳо ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар ҳудуди Тоҷикистон дар ин давраи беморӣ қарор доранд, худ шарҳи воқеъбинонаи сиёсати дурнигарона ва башардўстонаи Пешвои миллат ба шумор меравад, ки бегумон дар амри тақвияти дўстии халқҳо ва муносибатҳои байнидавлатӣ нақши муассир мегузорад. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи хоса ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар кишварҳои мухталифи олам қарор доранд ва расидагӣ ба мушкилоти онҳо, хоса мусоидат дар баргардонидани онҳо низ аз ҷумлаи муҳимтарин рукнҳои фармони мазкур ба шумор меравад, ки самараҳои матлуби ин тадбирро мо аллакай дар мисоли баргардонидани шаҳрвандони кишвар аз Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Туркия ва Қувайт мушоҳида намудаем.

Дар умум, ба тасвиб расидани чунин як фармони махсус, ки ба таври воқеӣ барои пешгирии таъсири бемории сироятии коронавирус ё СOVID-19 равона шудааст, баробари афзудани хушҳоливу боло рафтани руҳияи мардум дастгирии шоистаи давлатӣ аз тамоми қишрҳои аҳолиро бозтоб мебахшад, ки пеш аз ҳама ба сиёсати дурнигарона, ташаббусҳои мардумпарваронаву инсонагаронаи Пешвои миллат такя мекунад. Мо бар ин бовар хоҳем буд, ки имтиёзҳои мазкур ба таври воқеӣ дар пешгирии таъсири ин беморӣ ба низоми иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон нақши муассир мегузоранд ва мардуми шарифи кишвар дар кутоҳтарин фурсат ин айёми мушкилро паси сар карда, барои аз сар гирифтани ташаббусҳои нав ба нави созандаву бунёдкорона иқдом хоҳад намуд.

Нуралӣ Нурзод, номзади илмҳои филологӣ, муовини директори

институти илмӣ- тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ