ОМИЛҲОИ ТАҲКИМИ АМНИЯТИ ИНСОНӢ ВА НАҶОТ АЗ ОСЕБПАЗИРИИ ФИКРӢ ДАР АНДЕШАҲОИ БЕДИЛИ ДЕҲЛАВӢ

Нуралӣ Нуров, устоди ДДХ

Абулмаонӣ Бедили Деҳлавӣ дар шумори он суханвароне қарор мегирад, баробари баррасии муҳимтарин масоили фалсафӣ, ирфонӣ, мавзўотеро дар оинаи анвои ашъори хеш бозтоб бахшидааст, ки дорои арзиш ва аҳамияти умумиинсонӣ буда, муҳимтарин масоили марбут ифротгаройӣ ҷилавгирӣ аз бархурдҳои фикриву фарҳангӣ ва муроҷиат ба муколамаи фарҳангҳоро низ ҳамчун як рукни муҳими таъмини амнияти миллӣ, инсонӣ ва таъмини истиқлол ва озодии инсон шарҳу тафсир намудааст. Баробари ин, даъвати инсони озод ва берун аз ҳама қайдҳои зоҳирӣ аз ваҳдати миллӣ то ҳамдиливу ҳамбастагии умумиинсонӣ низ дар каломи ин шоири ваҳдатгаро чун рукни барҷастаи амнияти инсонӣ ва раҳоӣ аз осебпазирии фикрӣ, диниву мазҳабӣ баррасӣ гардидааст.

Муроҷиати Бедилба мавзўи муколамаи фарҳангҳо ва адён бесабаб нест, чун ҳарчанд аҷдоди вай аз сарзаминҳои Фароруд ба Ҳинд ҳиҷрат карда буданд, аммо ў худ дар миёни ҳиндувон таваллуд шуд ва тамоми умр дар муколама бо ин фарҳанг ва падидаву суннаҳои вежаги он қарор дошт. Ба таъбири дигар,ҳанўз аз овони хурдӣ ҳамосаи куҳани ҳиндувон – Маҳабҳаратаро аз бар намуда, мустақиман дар баробари забони аслии худ форсӣбо ҳиндӣ низ такаллум менамуд. Ҳамин огоҳӣ ва пайванди Бедил бо ҳиндувон низ боис омад, ки дар навбати аввал аз мубаллиғони аслии таҳкими пайвандҳои фарҳангии аҳолии Ҳинду Фароруд ва дигар марзҳои забони тоҷикӣ гардад, ки таҷассуми равшани он дар мероси адабии Бедил, хоса девони вай ҳувайдост. Дар канори ин, Бедил чун худ аз аҳолии мусалмони Ҳинд буд ва эҳсос менамуд, ки ба рўзгори вай дар муҳите, ки умр ба сар мебарад, гуфтугўи адён ва мазоҳиби исломиву ҳиндӣ ба унвони омили муассир дар таҳкими давлатдорӣ, амнияти ҷомеаи вақт муҳим ва зарурӣ ба назар мерасад. Аз ин рў, дар идомаи иқдоми Акбаршоҳ, ки ғояи Сулҳи Куллро маҳз ба ҳамин хотири ривоҷи муколамаи фарҳангиву динӣ барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ асос гузошта буд, Бедил низ дар шумори мубаллиғони ин андешаи мусолиҳатомез ва татбиқи назарияи муколамаи динӣ қарор гирифт, ки байти маъруфи ў ҳақиқати ин амрро ба субут мерасонад:

Аз маънии дуои буту барҳаман мапурс,

Ин ром – ром нест, ҳамон Аллаҳ – аллаҳ аст. (1, 318)

Бо шинохти амиқ ва ҳар чӣ бештари Бедил батаълимоти фалсафаи мактабҳои қадимии ҳинд ва ҷараёнҳои фикрии рўзгори хеш вай муваффақ бар он гардид, ки тавассути бардоштҳое аз афкор ва андешаҳои эшон ва эҷоди омезаҳое бо аркон ва ғояҳои фирқаҳои тасаввуфии исломӣ як навъ консепсияи ирфонии худро дар шеър тарҳ резад, ки дар ҷавҳари он боз ҳам ягонии инсоният ва расидан ба мақоми инсони комил, берун аз ҳама қайду тааллуқоти зоҳирии марбут ба миллату дину мазҳаб қарор дошта, чеҳраи шоирро ҳамчун суханвари мубаллиғи ғояҳои инсонпарварона бозтоб мебахшанд.

Нуктаи дигари меҳварӣ таваҷҷуҳи амиқи Бедил ба фалсафаи ваҳдат, ки дар авҷи он боз ҳам ҳамоно ваҳдати инсонӣ қарор мегирад, бори дигар моро бар ин андеша мерасонад, ки дар канори шарҳу тафсири муомилоти орифонаву ошиқонаи фалсафаи мактаби ваҳдати вуҷудӣ бо такя ба муҳит ва фазову айёми рўзгори хеш зимнан дар иблоғи ваҳдатгаройӣ ҳамоно ба ҳам наздик намудани инсонҳоро берун аз қуюди диниву фикрӣ ва мазҳабӣ иқдом мекунад. Аз ин рў, таҳқиқи мавзўи ваҳдат дар шеъри Бедил аз ин равзана низ дорои аҳамияти муҳим хоҳад буд,ки меҳвари ин мақоларо ба баррасии ҳамин матолиб ва тайъини ҷойгоҳи мероси Абулмаонӣ дар таблиғи муколамаи фарҳангҳо, ваҳдати инсонӣ ва ғояи сулҳи кулл миёни милал, мазоҳибу адён ба вуҷуд овардааст.

Тафакури ваҳдатгаройӣ ва маърифати инсон аз фалсафаи ҳамдиливу ҳамраъйӣ, рабт ба ягонагиву иттиҳод пеш аз ҳама ба рўзгоре пайванд мегирад, ки ў Офаридгори ягонаи хешро шинохтаву ба вуҷуди бемислу воҳид он эътиқод пайдо намудааст. Аз назари иҷтимоӣ ҳам инсоният ваҳдату ягонагӣ, амнияту сулҳ, ва зарурати вуҷуди онро дар ростои зиндагонии хеш ҳанўз дар даврони ба истилоҳ ҷомеаи ибтидоӣ идрок намудааст. Замоне ки одамон ба рўзгор эҳсос намуданд, ки дар муқобили ҳамагуна нерўҳои мутазод ба онон, ҳайавону қуввои шарр танҳо якҷоя ва ба таври гурўҳӣ мубориза бояд бубаранд,зиндагонияшон аз ҳастии иттиҳод ва муттаҳид будан дар меҳвари як нерў маънии тозадарёфт. Ҳамин гуна инсоният ҳам аз назари фикрӣ ва ҳам аз дидгоҳи иҷтимоӣ дар дарозои ниёзмандии ҳамешагӣ ба ваҳдат зиста, ин тафаккур ва андешаи бузургро то мо кашонидааст. Ҳақиқати ин амр, дар ҷилваҳои хоси фалсафаи ваҳдатсаройву ваҳдатгаройии инсоният, гароиш ба сулҳу дўстӣ ва парҳез аз ҷангу пархош дар таълимоти макотиби фикрии дину мазоҳиби мухталиф, таълимоту фармудаҳои орифону ҳакимон ва донишмандон, инчунин ашъори шоирон бозтоб ёфтааст.

Мусаллам аст, ки Бедил аз зумраи шоирони мутабаҳҳир дар арсаи таблиғи сулҳу дўстӣ, мактаби ваҳдати вуҷудӣ эътироф шудааст ва ин ҳам беҳикмат нест, чун ба навиштаи яке аз тазкиранигорони ҳамасри вай, ки ҳамзамон ҳамчун шогирди Бедил маҳсуб мешавад,Хушгў “басо муқаддимоте, ки Мавлавии Рум дар маснавӣ ва Шайх Ибни Арабӣ дар “Фусус-ал-ҳикам” баён кардаанд, ҳамаро бо шарҳу басти тамом ва бо ташбеҳҳоитоза ва ранге беандоза дар каломи худ баста, чуннамаки ҷамеъи ақсоми сухани шўрангез тавҳид аст” (4,115). Пас ғояҳои ваҳдати вуҷудии Бедил то ҷое боз ҳам маншаъ дар омезаҳои ирфони ҳиндиву эронӣ ва исломӣ доранд ва албатта фармудаҳои Худованд дар Қуръони Маҷид сарчашмаи зуҳури ин андешаҳостчун ба таъбири худи вай аллакай дар ҳафтсолагӣ забони аҷзбаёнро бо ихтимоми Қуръони Маҷид фоиз гардонида буд. Аммо воқеан бояд эътироф намуд, ки Бедил дар бозгўӣ ва ташреҳи ҳикматҳои фалсафаи ваҳдати вуҷудӣ ба масобаи як сояи шоирони пешин қарор нагирифт, балки як роҳи фарозу рушанеро дар андешаи худ кашф кард, ки пушти он симои худи шоир ҷилваҳои нуронӣ дарёфт. Ў бо мушоҳидаи амиқ ба коинот ҳақиқати ин фалсафаро бар асоси сухани офаридгори бузург, кидар ояи каримае аз худ фармуда: «…. ба ҳар сўе, ки рўй оваред, он сўй аст Худованд» ташреҳ дод ва нукоти ғарибе аз зиндагонии ҷорӣ дарёфт барои маънигузорӣ дар маърифати ваҳдати вуҷуд. Ҳарчанд ҷанбаи аввали андешаҳои Бедил аз китоби муқаддаси Қуръон сарчашма мегирад, аммо ҷанбаи сиёсиву иҷтимоии афкори ўро низ метавон ба авзои замон ва муҳити зиндагонии худи ў пайванд бахшид. Равшан аст, ки Мирзо Бедил дар муҳите зиндагонӣ дошт, ки новобаста ба ибтикороти умарои замони хеш ҳанўзам ихтилофи диниву мазҳаби миёни мусалмонон ва ҳиндувон ҷой дошт, чун сарзамини ҳинд аз назари қавмиву миллӣ ва мазҳабиву динӣ аз дергоҳ ба ин гурўҳҳо қисмат. Муҳаққиқон аз муҳимтарин омили пирўзии намояндагони хонадони темуриёни Ҳинд, хоса Акбаршоҳро дар бунёди давлати муқтадир пеш аз ҳама ба роҳандозии сиёсати оштии мазҳабӣ, ки ба ҷараёни Сулҳи кулл маъруф аст, мансуб медонанд. Бедил ҳам чун яке аз мубаллиғони ин ҷараён баромад намуда, бад-ин роҳ хостори ваҳдат миёни кулли ақвом мешавад, то ҳамагуна хушунати қавмӣ, зиддиятҳои мазҳабӣ аз миён бардошта шавад. Аз ин ҷост, ки борҳо дар ашъори Бедил мустақиман ба масъалаи Сулҳи кулл таъкид мекунад, ки масъалаи оштии диниву қавӣ дар меҳвари он қарор дорад:

Ба ҳамворӣ тариқи сулҳи кулл чанде ғанимат дон,

Зи чанги субҳа бар зуннор печидаст дин худро. (1,141).

Бедил ба аҳли замони худ ҳушдор медиҳад, ки ҳамин тариқати сулҳи куллро бояд ғанимат шумурд, ки ба асари он субҳа ва зуннор ба унвони ду унсури муҳими ду дин дар канори ҳамдигар қарор доранд ва айни ҳамдигар шудаанд. Чун ҷавҳари таълимоти Сулҳи кулл ҳам ягона шумурдани аслу моҳияти фалсафаи тамоми адён аст, Бедил бо иблоғи ин ақида таъкид бар он дорад, ки танҳо аносири зоҳирии адён сабаби нофаҳмиҳои фаровоне гардида, динро ба гирдоби ҷангу низоъ бурдаанд. Дар фалсафаи сулҳи кулл бошад, онҳо куллияи ин ақоиди зидду нақизро, ки ҷанбаи зоҳири доранд, фурўгузорӣ мекунад ва бо ҳам меоянд. Аз ин ҷо, Бедил ҷомеаи худро ба шинохти арзиши ақидаҳои сулҳи кулл даъват мекунад, ки дар меҳвари он фалсафаи ваҳдати инсонӣ ва ниҳоятан маърифати ҳақиқати оламу одам қарор дорад. Бояд ба қадри ин афкори муҳим, ки инсонгаройиро миёни ақвоми мухталиф таблиғ мекунад, бирасид ва барои он шукргузорӣ намуд. Ҷавҳари андешаи шоир дар ин нуктаи муҳим нуҳуфтааст, ки дар аксари абёте баёнгари ин мавзўъ таҷассум дорад.аз ҷумла, ҷои дигар наздик ба ин маънӣ таъкид мекунад, ки барои мардумони дар ихтилоф буда, сулҳи куллро назр кун, яъне воҷиб дон, ки дар ин олам аз боиси пархошу тазоди онон ҳамеша ҷангу ҷадал миёни мардумони мухталиф сурат мегирад.

Сулҳи кулл назри ҳарифон, ки дар ин ишратгоҳ,

Оташу об ба ҳам дасту гиребон шудаанд. (1,202)

Бедил ин ҳолатро ба дастугиребон шудани оташу об чун ду унсури ба ҳам зидтасвир намудааст ва аз назари дигар агар умқан ба сўи матлаби Бедил биравем, ҳадафи дигаре аз таъкиди он рўшан мешавад. Оташу об дар ҳарчанд ба ҳамдигар ихтилоф доранд, аммо ду унсури муҳим барои зиндагонии инсон ба шумор меравад ва мағзи афкори инсонгароёнаи Бедил ҳам дар ҳамин нукта қарор дорад, ки ихтилоф ва тазодҳои зоҳири фикрӣ метавонад боиси аз миён рафтани аносири муҳим барои ҳаёти инсонӣ дар рўи замин гардад, мисли ин ки оташ обро нест мекунад ё об оташро.

Бедил маҷмўи ҷангу тазодҳоеро, ки маҳсули дарк накардани ин фалсафаи ягонагии инсон аст, арсаи ғафлат мешуморад ва боз ҳам сабаби аслии онро носозгории тароиқ ва мазҳабу кешҳои мухталиф ба шумор меравад, ки асари он бар мардум мерасад. Абулмаъонӣ ин матлабро бо таъбири шоиронае ба гунаи зайл баён медорад, ки тир дар дасти ҳамин нофаҳмиву тафриқаи тариқатҳои мухталиф аст, ки аз таъсири он халқ синаи худро пайкон мекунад ва дар муқобили тири адоват ва душманиҳои ин гурўҳҳо қурбон мешавад.

Сулҳу ҷанги арсаи ғафлат тамошо карданист,

Тир дар кеш асту халқ аз сина пайкон мекашад (1,468)

Бидуни шак метавон гуфт, ки Бедил шоири мубтакир дар андешаи сулҳофаринии сиёсати ҷаҳонӣ ба шумор мераварад ва ин матлаб аз он ҷо сарчашма мегирад, ки вожаи сулҳ дар шумори дўстдоштатарин калимоти шеъри ў қарор дорад. Илова бар ин Бедил дар мавориди фаровоне тавассути корбурди ин вожа ҳарчанд маъонии тоза офаридааст, аммо ҳамоно касрати истифода он ба таваҷҷўҳихосааш ба моҳият ва асолати сулҳ дар куллии зиндагонии инсон ишорат мекунад. Ин рўйкард ва муносибати ў ба фалсафаи сулҳ ва сулҳофаринӣ дар шеъраш ба ҳадду уруҷ карда, ки ҳатто ғазале бо радифи сулҳ дорад, ки дар он мазомини мухталифе бар пояи корбурди ин вожа офаридааст. Аммо умқан ва моҳиятан равшан мешавад, ки мукаррар садо додани худи вожаи сулҳ андешаеро аз зеҳни шоир берун меоварад, ки дар навбати аввал бо садои мукаррари сулҳ дар ин шеър хонандааш зарурати онро дар зиндагонии инсон эҳсос кунад ва аз сўи дигар Бедил бо такрори вожаи сулҳ дар радифи ғазали хеш хостори тантанаи сулҳ ва рафоқат, оштӣ дар миёни куллияи зиддият ва рақобатҳои табиӣ ва ҷамъиятӣ аст. Ба ин ғазал аз ин дидгоҳ руҷўъ ва мурур мекунем:

Мўӣ пирӣ баст бар табъи ҳасадтахмир сулҳ,

Дод хунро бо сафо оинадорӣ шир сулҳ.

Охир аз вазъи ҷунун узри алоиқ хостам,

Кард бо урёнии мо хори домангир сулҳ.

З-ин тўфангу тир пархоше, ки дорад ҷаҳли халқ,

Нест мумкин то наёрад дар миён шамшер сулҳ.

Матлаби ноёб моро душмани ором кард,

Бо хамўшӣ мушкил аст аз оҳи бетаъсир сулҳ.

Бар таҳаммул зан, ки мегардад дар ин дайри нифоқ,

Сулҳ аз таъҷил ҷангу ҷанг аз таъхир сулҳ.

Бо қазо гар сар нахоҳӣ дод, ку пои гурез,

Ихтиёре нест ин омоҷро бо тир сулҳ.

Мардро чун теғ дар ҳар амр якрў будан аст,

Нест ҳангоми дуо бехиҷлат аз тазвир сулҳ.

Ом шуд расми тааллуқ шарми озодӣ кирост,

Халқро чун ҳалқа бо ҳам дод ин занҷир сулҳ.

Дар тилисми ҷамъи аздоде, ки барҳамхурданист,

Об мегардам зи хиҷлат гар намояд дер сулҳ.

Эътибори он чӣ дидам, гуфтам авҳом асту бас,

Ҷанги сад хоби парешон шуд ба як таъбир сулҳ.

Дўш аз пири хирад ҷустам тариқи офият,

Гуфт, эй ғофил ба ҳар тақдир бо тақдир сулҳ.

Кош ранги олами мафҳум дарҳам бишканад,

Танг шуд Бедил ба ҷанги лашкари тасвир сулҳ. ( 1,423).

Дар ниҳояти талқини ғояи сулҳи кулл Бедил ба ҷое мерасад, ки ҷомеаи ҳинди рўзгори хешро ба шинохти ягонагии Худованд дар пешорўи кулли мардумони олам ва ҷавҳари ягона доштани кулли таълимоти диниву мазҳабӣ мехонад ва фарқиятҳои миёни эшонро танҳо дар зоҳир арзёбӣ менамояд. Мирзо Бедил чун пиру пешвои худ дар ин арса Мавлонои Румӣ талқин дорад, ки маънии дуои буту барҳаман аз мусалмон танҳо дар сурати зоҳир аз ҳам фарқ доранд, ботинан онон хостори шинохти ҳамон Офаридгори ягонаҳастанд, ки дар забонҳо ва динҳои мухталиф бо номҳои гуногун мазкур аст. Боз ҳам ҳамон байти маъруфи ў, ки қаблан зикраш рафт, шореҳи ҳақиқати ин андеша хоҳад буд:

Аз маънии дуои буту барҳаман мапурс,

Ин ром – ром нест, ҳамон Аллаҳ - Аллаҳ аст.

Аз ин ҷо, роҳи равшани Бедил ба сўи ваҳдати вуҷуд ва таблиғи ў аз ин ақидаи умумиинсонӣ мушаххас мегардад. Бедил дар идомаи ин андешаи боло борҳо дар зимни тафсири фалсафаи ваҳдати вуҷуди ҳамин андешаи ягонагии инсониятро дар ҷавҳар ва асл таблиғ мекунад ва бар ин натиҷа мерасад, ки куллияи мардумони олам ва ҳар чӣ дар олам ҳаст, як ҳақиқате ҳастанд, ки бо ҳазор оина тобон шудаанд:

Бедил он шўъла к-аз ў базми чароғон гарм аст,

Як ҳақиқат ба ҳазор оина тобон шудааст (1,204).

Фаротар аз ин Бедил бо таъкид дар ин ки куллияи арқом шурўъ аз оғоз то миллион ҳама шурўъ аз ҳамин рақами як мешаванд ва бо таъкид бар ин нукта сарчашмаи зуҳури тамоми инсониятро аз ҳамин як нуқтаи воҳид тафсир мекунад, ки ҷавҳари таълимоти ваҳдати инсониро дар андешаҳои шоир арзёбӣ ва муқаррар мекунанд.

Бо ҳама касратшуморӣ ғайри ваҳдат ҳеҷ нест,

Як –як омад бар забон аз сад ҳазор аъдоди мо (1,5).

Нуктаи авҷи фаҳмиши Бедил дар ин замина таваҷҷўҳи вай ба фарқиятҳои зоҳирии инсоният ва сарчашмаи воҳид доштани кулли эшон маҳсуб мешавад, ки дар идомаи ин матолиб ба тафсири дигаргунаи ин ақида мепардозад. Ҳамоно Бедил ҷамъи инсонҳоро бо фарқиятҳои зоҳириву фикрӣ ба мўи парешон шабоҳат медиҳанд, ки гар онро ба ҳам оварем, ҳамоно як гесў хоҳад шуд.

Ихтилоти халқ ҷуз жулидагӣ сурат набаст,

Ҳар ду олам печиши як гесўи бешона буд. (1, 643)

Аз шеваи баён ва ташреҳи Бедил пайдост, ки ў бештар дар шарҳи ҳикмат ва маншаъи ваҳдати вуҷудӣ ба ғаври аносири воқеии зиндагӣ фурў меравад, то ҳақиқати ин амрро берун оварад ва дарки ин матлабро барои хонандаи худ қарибтар созад. Дарбайтҳои мазкур ин ҳақиқат равшантар ҷилва дорад. Ниҳоятан бо тафсири ин маънӣ ва таъкид бар ҳақиқати кулл, ки маҷмўи мазҳабу мактабҳоро роҳ ба ҳамон аст, Бедил ба натиҷае мерасад, ки ҳамаи тазоду фарқиятҳо ба зоҳир ба таъбири ў дар либос аст, аммо хун дар вуҷуди ҳама ягона ва ҳамранг мебошад, ончунонки дар пайвари товусу зоғ ҳам ҳамон як хуни сурх аст ва фарқиятҳои онон зоҳирист:

Ихтилофи вазъҳо Бедил либосе беш аст,

В-арна якранг аст хун дар пайкари товусу зоғ.(2,881)

Фалсафаи ваҳдат дар шеъри Бедил баробар ба сарчашма доштан дар тафаккури олии инсонӣ ва китоби муқаддаси Қуръон инсониятро ба дарки баробарии тамоми миллату мазҳабҳо ва намояндагони ақвоми дар пешорўи Худованди бузург даъват мекунад. Аз ин рў, ба ақидаи Бедил ҳаргиз нашояд, ки миллате ё қавмеро аз худ поин бишуморӣ ва худро болотар аз он. Бояд ҳамин ягонагиву ваҳдати инсонҳо дар сайёраи замин дуруст маърифат ва дарк шавад, то ин низоъҳои беасоси боиси марги ҳазорон нафар инсонҳошаванда аз миён бардошта шавад.

Таваҷҷўҳи амиқ ба афкори иҷтимоии Бедили Деҳлавӣ, хоса таблиғи фалсафаи сулҳофаринӣ ва ваҳдатгароии ў нукотеро тафсир мекунад, ки воқеан андешаҳои шоир созгор ба рўҳияи тамоми замонаҳо ҳастанд. Имрўз вақте ки ҷаҳони муосири моро ҳам чун ин ақоид ва андешаҳои ихтилофангез фаро гирифтаанд ва ҳатто дар сиёсати ҷаҳонӣ фалсафаи абарқудратӣ ва сиёсатҳои бузургу хурд ҷойгоҳи махсусе мегиранд, истинод ба ин афкори озмудашудаи Бедил ва дигар ниёкони шарафманди мо бисёр муҳим ба назар мерасад. Аз сўи дигар, дар айёми мо имрўз тазодҳои фаровони маҳзабӣ, тахриби афкори ҷомеа дар таъсири ҳизбу ҳаракатҳои ҷудоиандоз, ки миёни ақвом ва миллатҳо бар асоси ҳамин фарқиятҳои зоҳирӣ низоъ бармеангезанд,муроҷиат ба чунин андешаҳои инсонсози Мирзо Бедил ва шарҳу тавзеҳи онҳо амри муҳим дар тарбияи ҷавонони имрўз ба шумор меравад. Зеро ҷавҳари фалсафаи инсонофаринии Бедилро дар таълимоти иҷтимоии ў арҷгузорӣ ба мақоми инсон ва талқини баробарии он новобаста аз маҳдудаву фарқиятҳои зоҳирӣ ба вуҷуд овардаанд, ки дар ҳалли муҳимтарин масоили сиёсати ҷаҳонӣ авлавият гузоштан ба чунин ақоид хеле муассир ва мувофиқи мақсад маҳсуб меёбад.

Адабиёт:

  • Деҳлавӣ, Бедил. Куллиёт. Тасҳеҳи Холмуҳаммади Хаста ва Халилуллоҳи Халилӣ. Ба кўшиши Баҳман Халифаи Баноравонӣ. Иборат аз панҷ ҷилд. Ҷилди 1, бахши 1./М. Бедил- Теҳрон, Тилоя, 1389.- 798 c.
  • Деҳлавӣ, Бедил. Куллиёт. Тасҳеҳи Холмуҳаммади Хаста ва Халилуллоҳи Халилӣ. Ба кўшиши Баҳман Халифаи Баноравонӣ. Иборат аз панҷ ҷилд. Ҷилди 1, бахши 2./М. Бедил- Теҳрон, Тилоя, 1389.- 802 c.
  • Салоҷуқа, Парвин. Нақди навин дар ҳавзаи шеър. Теҳрон, интишороти Марворид, 1389. 348 с.
  • Хушгў. Биндробан Дос. Сафинаи Хушгў. Дафтари солис. Ба кўшиши Саид Шоҳмуҳаммад Атоурраҳмон, Ато Кокуӣ. Патна, Биҳор, 1959 ҳ. 400 с.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ