​Савари мо – ғамхори мо!

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳамаи давру замон мардуми олам бо пайравӣ аз сарварони раҳкушову раҳнамо зиста ва ҷомеаро пеш бурдаанд. Онҳо бо дастуру раҳнамоии чунин ашхос умр ба сар мебурданд ва мушкилот бартараф мекарданд. Дар марҳалаҳои муҳим ва тақдирсози ин ё он қавму миллат пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳиму афзалиятноки ҷомеа – иқтисод, иҷтимоиёт, илм, маънавият, фарҳанг, ҳифзи саломатии аҳолӣ, шуғлнокӣ, таъмини ҳуқуқ, адолат ва амсоли инҳо аз сарварони одилу хирадманд вобаста буд. Зеро«Сарвар» маънои пеш бурдан ё дар сафи пеш рафтан дорад, ки мардумроазпуштихуд мебарад.

Ин маънои онро дорад, ки таъминифазоиоромуосуда, таҳкими сулҳу ваҳдат, иттиҳодуякпорчагӣ, муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ ба ҳаёти осоишта, ҳифзи саломатӣ, таҳсил, истироҳат, таъмини ҳуқуқуӯҳдадориҳоишаҳрвандон ва ғайра маҳзазсоҳибмаърифатӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, санъати баланди роҳбарӣ дар идоракунӣ, далерию шуҷоатмандӣ ва кордонию дурандешиисарварвобаста аст.

Таҷрибаи ҳаёт собит месозад, ки сарварӣ ва пешвоӣ на ба ҳар кас даст медиҳад ва на ҳар роҳбар сазовори бовари аҳли ҷомеа метавонад бошад. Сарварӣ масъулияти баланд ва ҳунари худододаро дар идоракунӣ талаб менамояд. Ҳар инсон чун ҷузъи ҷомеа марҳала ба марҳала ташаккул меёбад ва вобаста ба муносибату сатҳи тафаккур ва қобилияти баланди ташкилию эҷодӣ ва корбарӣ байни халқ обрӯю нуфуз пайдо мекунад. Яке аз аввалин талаботи сарварӣ сарфи назар кардани манфиатҳои шахсӣ ва бартар донистаниманфиати ҷомеа мебошад.

Сарвари оқил бояд ба дили мардум маскан гирифта, онҳоро ба муттаҳидӣ, ваҳдату якдилӣ, соҳибмаърифатӣ даъват намояд ва рушди минбаъдаи кишвари хешро таъмин созад ва аз ҳар гуна хавфу хатарҳо эмин нигоҳ дорад.

Кӯмакҳои беш аз 140 нақлиёти хурду бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (сару либоси муҳофизатӣ барои табибон, маводҳои хӯрока ба онҳо, доруворӣ барои беморон, таҷҳизотҳои тиббӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ...) дар ин лаҳзаҳои хеле ҳассос ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятшавандаи коронавирус аз хирадмандӣ, дурбинӣ ва ғамхории бевоситаи Сарвари давлат нисбати кормандони соҳаи тиб ва ҳифзи саломатии омма дарак медиҳад.

Боварии комил дорем, ки табибони қаҳрамони замон бо дарки ин таваҷҷуҳу кӯмакҳои пайваста бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сокинони кишвар хидмати шоиста анҷом медиҳанд. Тоҷикистон бо амри Яздони пок ва ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат аз ин вабои аср – бемории сироятии коронавирус зуд раҳо хоҳад ёфт ва ба зиндагии муқаррарӣ боз хоҳанд гашт.

Бобоҷони Хайриддин – ҷомеашинос, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ