​Пешвои ғамхори миллат!

Тайи чанд моҳ аст, ки кишварҳои хурду бузурги мамолики дунёро яке аз бемориҳои сироятии каронавируси навъи Covid-19 ғарқи худ намудааст, ки дар натиҷа, ба иқтисоду иҷтимоиёти мамлакат ва саломативу талафоти ҷонии шаҳрвандон зарбаи пай дар пай дорад. Мо ба омори афзоиш ва ё коҳиши он ҳарфе надорем, зеро ин рақам ба ҳамагон чун оина ҳамарӯза маълум аст. Вале дар муддати начандон тӯлонӣ аксари сокинон шифо ёфтанд ва гулчине аз он ҳаётро падруд гуфтанд. Паҳншавии босуръати ин беморӣ ва ҷон бохтани ҳазорҳо сокинон дар кишварҳои олам дар дили ҳар бинанда ва шунаванда аламовар боқӣ мемонад. Хулоса, ин вабои аср сарҳади давлатӣ надошт, надорад ва аз ин сабаб пиру барно ва синну соли ноогоҳи шаҳрвандонро ба коми худ фурӯ бурд...

Дар қатори дигар кишварҳои дунё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин вабо як моҳ мешавад, ки ворид шуда, дар ин замина, бобати пешгирӣ ва табобати беморони сироятшуда табибон шабонарӯзӣ дар назди халқу Ватан ва барои ҳифзи солимии аҳолӣ рисолати касбии худро сарбаландона ва далерона иҷро намуда истодаанд.

Вобаста ба ин, аз ибтидо корҳои омодагӣ дида шуда, ҳар як меҳнату заҳмати табибон имрӯз аз ҷониби давлату ҳукумат ва соҳибкорони Ватан қадр мешаванд. Чунончи аз лаҳзаи пайдошавии ин беморӣ дар Тоҷикистон кӯмакпулии иловагӣ ба музди маоши шифокороне, ки дар табобати беморони коронавирус шикат доранд, ҷудо гардид, пизишкон ва аъзои оилаи онҳо мунтазам зери назорати роҳбарияти давлату ҳукумат қарор дошта, бо маводҳои ғизоӣ таъмин гардида истодаанд. Бо сару либоси муҳофизатӣ ва дигар маводҳои безараргардонӣ табибон ройгон таъмин буда, ин тадбир аз таваҷҷуҳ ва назари бевоситаи Пешвои ғамхори халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

Инчунин рӯзи гузашта аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба табибони марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 140 мошини хурду бузург маводҳои доруворӣ, сару либоси муҳофизатӣ, мошинаи ёрии тиббию таҷҳизотҳои зарурӣ, маводҳои озуқа ба табибон ва доруворӣ ба беморон эҳдо гардид. Ин ташаббус бори дигар аз ғамхориҳои рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш гузоштани манфиати ҷомеаву солимии аҳолии кишвар аз манфиати шахсии рохбарияти он дарак медиҳад.

Аз ин рӯ, табибон бо дарки ғамхориҳои Пешвои миллат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ, инчунин, беморон низ тавассути садову симо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз фароҳамии шароити мусоид, табобати ройгон ва хизматҳои шоистаи табибон изҳори қаноатмандӣ намуда истодаанд. Дар идомаи иқдомҳои Сарвари давлат ва дастгириҳои пайваста шаҳрвандон низ гигиенаи шахсӣ ва қоидаҳои пешгирии ин бемориро ҳаматарафа риоя намуда, дар хона монданд, ки ин кори табибонро боз ҳам сабук сохта истодааст.

Дар хона бимонем ва оилаву наздикони худро эҳтиёт намоем.

Ҷӯраева Гулафзо ,

омӯзгори факултети забонҳои шарқи

ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ