Раҳнамои ояндаи нек

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рузҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳуқумати кишвар қарор дорад. Табиист, ки беиштирки фаъолонаи ин нерӯи бузург дар ҳаёти ҷамъиятӣ рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатро тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Таваҷҷӯҳи пайваста, ғамхориҳои хирадмандонаву дурандешона ва пайваста дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон нерӯи онҳоро дар бунёди давлати ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъол ва ба корҳои созандгию бунёдкорӣ раҳнамун месозад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон мавқеи давлатро дар муносибат дар масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷавонон муайян намуда чунин иброз намуда буданд. “Роҳбарияти давлате, ки бештар аз ҳафтод дарсади аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад, танҳо дар сурате соҳибнуфуз мешавад ва кораш пеш хоҳад рафт, ки ин нерӯи бузургу солим аз сиёсати он пуштибони кунад.” Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳоди созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳоимконият фароҳам меорад.

Боиси ифтихор аст, ки дар Паёми навбати худАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз шуморида, аз ҷумла таъкид намуданд.

Мо ба ҷавон эътимоди комил дорем, дастгири самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирфтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунемва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем ”.

Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон ба Мақоми Олӣ идоракунӣ давлатииномзади арзанда ва шоиста Рустами Эмомалӣ ба вазифаи РаисиМаҷлиси Миллии, Маҷлиси Олӣ, Ҷумуҳрии Тоҷикистон нишонаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб меравад зеро дар симои ин ҷавони аразанда ва шоистаи фарзанди фарзонаи миллат, ки бо амалу рафтор ва кирдори баланди худ ва масъулиятшиноси, меҳри ватанпарвар, бунёдгузори барои наслҳои ояндаи миллат як заминаи нави модию манавиро ба бор меорад зеро ин иқдоми созандаи Пешвои муаззами миллатбарои ҷаонони кишвар имконият медиҳад, ки барои пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон ҷавонон низ накши арзандаи худро гузошта бошад. Имруз ман ҳамҷун ҷавони зодаи Истиқлолият шукргузор аз он ҳастам, ки дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорам ва пайваста барои баланд бардоштани мақоми Тоҷикистони азиз дар арсаи байналхалқӣкушиш намоям ва пайвата тарафдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда ба ин Мақоми Олӣ идоракуни давлатии таъин гардидани ин номзади арзанда Рустами Эмомалӣ тарафдор ҳастам. Ҳамчунин итминони комил дорам, ки насли ҷавони имруза бо шукргузорӣаз соҳибистиқлолии кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳсоси баланди ватандорӣ таҳсилу фаъолият намуда, соҳибони минбадаи ин сарзамини ободу мустақил хоҳанд гардид.

Аҳмадзода Рустам - устоди донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ