Созандагиву бунёдкорӣ поянда бод!

Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳи амал,

Мева бе нуқсон бувад, гар аз дарахти навбар аст.

Шоире, ки ин мисраҳоро рӯйи қалам овардаю ҷавононро ба дониш андӯхтан, кулвори хирадро пур намудан даъват менамояд, барҳақ дуруст фармудааст. Агар як ба саҳифаҳои таърихи адабиёт ва осори ниёгонамон назар афканем, хирадмандону донишмандон наслу наврасро ба илм омӯхтан, маърифатнок гаштану дорои одобу ахлоқи ҳамида будан даъват менамоянд. Зеро сутуни тиллоии ҳар як давлату ҷамъият ҷавононанд.

Абдураҳмони Ҷомӣ дар “Баҳористон”, Унсурулмаолии Кайковус дар “Қобуснома” –и худ ба фарзандон насиҳату васият менамуданд, ки то онҳо дониш омӯзанду кишварро обод намоянд. Хирад пояи тамоми ақлҳост. Агар инсон хирадманд бошад, зиндагии худро обод созад, дар ҳаёт хору залил намегардад. Мо ҷавонони хушбахти кишвар аз он меболем,ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон баҳри мо ҷавонон тамоми шароитҳоро фароҳам овардаанд.

Бояд гуфт, ки дар таърихи навини давлатдории миллии миллати тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки ҷони худро сипар намуда, кўшишу ғайрат намуданд, то ки мардуми шарифи тоҷикро аз вартаи нестӣ, ҳалокат, нобудӣ бираҳонанд ва дар ташкили давлати миллии тоҷикон пояи асос бигузоранд.Далели бисёр ҳам возеҳу равшани Пешвои воқеӣ ва мардумӣ будани Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ба шарофати заковату хирад ва ҷонисориҳои ў ягонагии давлат ва халқ ба вуҷуд омадааст. Ҳамчунин, муҳаққик Н. Асозода қайд менамояд, ки Эмомалӣ Раҳмон на фақат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, балки Асосгузори мактаби давлатдории миллӣ ва эҳёгари суннатҳои давлатдории аз ёдрафтаи миллати тоҷик аст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар таъриху тамаддуни инсоният ҳамон миллат бурд кардааст, ки тақдир бар вай шахсиятҳои бузург эҳдо намудааст, то чун оҳанрабо халқашро дар атрофаш муттаҳид кунад, дар сарзаминаш бо созандагиву бунёдкорӣ машғул шавад, тамомияти арзияшро ҳифз карда, марзу бумашро аз ҳуҷуми душманон эмин нигоҳ дорад.

Давлати тозабунёди тоҷикон таҳти роҳбарии фарзанди сарсупурдаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо азму иродаи қавии мардуми ватанхоҳу фидоии миллат аз гирдоби хатарноки нобудӣ, ки воқеъ шуда буд, ба қафо гашт ва ба шоҳроҳи азими рушду тараққиёт қадамҳои устувор гузошт.

Гуфтан ба маврид аст, ки давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳоди созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳодоимо имконият фароҳам меорад. Аз тарафи Пешвои мардумии миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардидани номзадии Рустами Эмомалӣ ба вазифаи РаисиМаҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб меравад.

Вақти он расидааст, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба хидматҳои фидокоронаи фарзанди фарзонаи миллат Президенти мардумии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузошта, дар партави сиёсати созандаву маънавибунёди Пешвои миллат муттаҳид гашта, барои Ватан содиқ будани худро, ватандўсту ватанпараст будани худро бо саҳми арзандаи худаш собит созад. Ҷавонон бошанд, бо донишу фитрат ва нерўи бозуи ҷавони хеш, бо забондониву ихтироъкориву навоварии худ ба халқи шарафманд ва меҳнатдўсти тоҷик ва давлати ҷоноҷони худ хизмати содиқона намоянд.

Меҳроби Ватан - устоди донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ