Илму маориф дар меҳвари Паём

Дар таърихи 26-уми декабри соли 2019 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардид. Дар он Пешвои муаззами миллат тамоми самтҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии кишварро ба таври хеле васеъ мавриди таҳлил, таҳқиқ ва баррасӣ қарор дода, доир ба муҳимтарин дастовардҳои ноилгашта дар соли 2019 андешаҳои воқеъбинонаи хешро баён сохта, тамоми онҳоро комёбиҳои халқи тоҷик дар соли сипаригашта маҳсуб донистанд.

Аз муҳтавои Паём бармеояд, ки дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илм ва маориф мавқеъ ва манзалати хоссае дорад, зеро бидуни маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли наврас бунёди ҷомеаи солиму мутараққӣ имконнопазир аст. Иброз карда шуд, ки соли сипаришуда ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шудааст. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки соли ояндаи 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Давлату Ҳукумати мамлакат соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми нерўю тавоноии хешро ба ин самти ҳаётан муҳими кишвар равона карда, барои таълиму тарбияи босамари хонандагону донишҷўён дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои заруриеро рўйи кор оварда истодааст.

Дар Паёми Пешвои фарзонаи миллат, Президенти мардумии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирўзу имрўз ва фардои илму маорифи диёри азизамон аз масоили меҳварӣ ба шумор рафта, нуктаҳои таъкидшудаи зерин моҳияти ин меҳварро ифода кардаанд:

1. Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар ва устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ;

2. Баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;

3. Идомаи бомароми ислоҳот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва давра ба давра бартараф кардан ва ҳалли мушкилоти мавҷуда;

4. Диққати асосиро ба инкишофи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ додан ва пайваста ба ин, эълон намудани солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" баҳри тавсеаи тафаккури техникии насли наврас.

5. То ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ бунёди 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва тармиму таҷдиди дар маҷмўъ 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ;

6. Бартараф ва чораҷўи кардани норасоии кадрҳои омўзгорӣ;

7. Ташвиқи хондани китобҳои бадеиву илмӣ ва интишори китобҳои бадеӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ. Дар ин радиф ташкил ва баргузории озмуни "Фурўғи субҳи доноӣ..." дар доираи ҳарчи васеътари ҷомеа;

8. Такмили таълим ва омўзиши забонҳои русиву англисӣ;

9. Ғамхории беҳтаре зоҳир кардан ба устодону омўзгорон;

10. Баланд бардоштани касбияти омўзгорон;

11. Чопи китоби "Тоҷикон"-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тўҳфа гардидани он ба ҳар як оилаи кишвар аз ҷониби Пешвои миллат бо мақсади омўзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик.

Ба ин нуктаҳои ироанамудаи Пешвои миллат амиқтар назари таҳлил афканем, дарк ва дармеёбем, ки аҳли илму маорифи мамлакат барои иҷрои ин дастуру ҳидоятҳо дар солҳои минбаъда аз солҳои гузашта ҳам бештар масъулияти баландро бояд эҳсос намоянд. Ҳар як нуктае, ки дар Паём таъкид гардидааст, фарогири масоили хеле васеъ ва муҳим барои рушду инкишофи илму маорифи кишвар ва низоми таълиму тарбия дар ҳаёти минбаъдаи он ба ҳисоб меравад.

Ҳамаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди огоҳ, махсусан аҳли илму маорифро водор месозад, ки дар фаъолияти рўзмарраи хеш нуктаҳои ироашудаи Паёмро сармашқи кору фаъолият қарор бидиҳад ва баҳри татбиқу амалигардониҳои онҳо масъулияти баланди шаҳрвандӣ эҳсос намояд.

Юсуфзода Ғайрат,

муаллими кафедраи

умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ