​Пайғоми ояндасози Пешвои миллат

Паём ҳамрадифи тайғом, хабар, дуруд, таҳният, орзуи нек кардан, муроҷиат намудан ва рисолат мебошад. Воқеан ҳам Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26-уми декабри соли 2019 ироа гардид, санади муҳими таҳлилӣ, раҳнамо, дурнамои инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, стратегияву барномаҳои рушди устувори мамлакат тарҳрезӣ гардида, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини рушди устувори мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳамчун ҳадафи олии давлату ҳукумат равона карда шудааст. Паём на танҳо дурнамо ва пешрафти кишвари моро ба як соли оянда, балки ба даҳсолаҳои дигар муайян ва мушаххас менамояд.

Яке аз хусусиятҳои Паёми навбатии Президенти кишвар аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар ҳафт соли охир аз соли 2013 то соли 2019 муқоиса, таҳлил ва хулосабарорӣ карда шуда, муваффақиятҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа муайян ва вазифаҳои минбаъда мушаххас гардид. Паёми Пешвои миллат, ҳамчунин ҳисоботи муфассал дар назди мардуми кишвар доир ба иҷрои пурраи Барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ҳафт соли сипаришуда мебошад.

Дар Паёми миллат масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва муҳоҷирати меҳнатӣ, сиёсати гендерӣ ва оила – масоили меҳварӣ ва калидии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз 1-уми сентябри соли 2020 нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 - сола, , дигар гурӯҳҳои маъюбони ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, 50 фоиз, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.

Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи Паёми имсола таваҷҷӯҳи хосаи Пешвои миллат масъалаҳои мактабу маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар тамоми зинаҳои он, илму фарҳанг, маънавиёт, таҳкими худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳофизаи таърихӣ ва ҳуввияти миллӣ буд.

Пешвои миллат дар баробари дигар масъалаҳои муҳим доир ба интихоботи дар пешистодаи вакилони парлумони кишвар ва вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа, пешгирии қонуншиканӣ, тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва арзишҳои беҳтарини маънавии халқамон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.

Хусусияти дигари Паёми имсола дар он зоҳир мегардад, ки Пешвои миллат ба масъалаҳои тозаву озода нигоҳ доштани мафкураи мардум, донистани таъриху фарҳанги миллӣ ва ҳифзи он, пешгирии терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, амалҳои коррупсионӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа бо диду назари нав баҳогузорӣ намуда, ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар самти сиёсати хориҷии мамлакат Пешвои миллат зикр намуданд, ки “Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо намудааст”. Пешвои миллат, рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказиро ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлати мо арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки “амнияту суботи минтақаи мо, қабл аз ҳама бо вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад”.

Сарвари давлат ишора намуданд, ки дар ин кишвари ба дӯсту ҳамсоя таи чил сол аст, ки ҷангу хунрезӣ, амалҳои террористӣ идома дошта, роҳи ҳаллу фасли ин мушкилӣ на бо роҳи низомӣ, балки танҳо ба воситаи фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад.

Дар Паём таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои Афғонистон ва дигар мушкилоти глобалии ҷаҳон дар сафи пеш қарор дошта, Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, минтақавӣ табдил ёфтааст.

Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки мазмун ва мӯҳтавои Паёми Пешвои миллатро амиқ омӯзем, таҳлил намоем ва онро чун барнома, роҳнамои кору фаъолияти худ қарор дода, дар тадбиқи амалии дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки аз Паём бармеоянд, ҳиссагузор бошем.

Иброҳим Ҷабборов, декани факултети таърих ва ҳуқуқи

Донишгоҳи давлатии Хуҷандба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ