​Паём – падидаи нек ва ояндасози маориф

Тайи чанд соли охир анъана гардидааст, ки дар фарҷоми соли тақвимӣ ПаёмиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, халқи кишвар ба дастуру ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои муаззами худ барои рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни кишвар бархӯрдор мешаванд. Дар паёми Пешвои муаззами миллат тамоми соҳаҳои хоҷагии қишлоқ ва самтҳои фарҳангу иҷтимоъ ва илму маорифи кишвар мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, кулли бурду бохти соҳаҳо арзёбӣ мегарданд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълиму тарбияи ҷавонон ва фаъолияти занони кишвар пайваста таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд, дар Паёми навбатӣ низ таъкид намуданд, ки “Дар шароити ҷаҳонишавӣ бояд наслеро тарбия намоем, ки аз нигоҳи донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ мувофиқ бошанд”.

Таълиму тарбияи насли имрӯза ва навгониҳои технологияи муосир баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ташаккул додани фаъолияти эҷодӣ ва эҷодкорӣ, рушд додани ақлу заковат, мустақилона фикр карданро талаб менамояд ва ин самти ташаккули шахсият аз зинаи аввали таҳсилот аз таҳсилоти томактабӣ бояд ба роҳ монда шавад. Мусаллам аст, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани таълим ва тарбия дар оянда низ фаъолияти таълим ва инкишофи қобилияти фикрии ҷавононро дар роҳи илму маърифат густариш дода, онҳоро ба касбҳои тахассусӣ омода намудан зарур мебошад.

Ҷавонон ҳамон вақт соҳиби тахассуси хуб шуда метавонанд, ки ба таълим муносибати мусбӣ зоҳир кунанд, донишу маҳорат ва малакаҳои кори таълимиро сари вақт аз бар намоянд. Албатта, ҳаваси ҷавонон ба ин ё он соҳаи илм ё фаъолият равшан ифода меёбад. Ҳамин ҳаваси маърифатии онҳо ба ташаккули равияи таълимӣ-касбӣ ва муайян намудани касб ба ҳаёти ояндаи ҷавонон таъсири мусбат мерасонад. Чӣ хеле, ки дар Паём Президенти кишвар ибрози ақида намуданд: “Зуҳуроти сатҳи инкишофи ҳаматарафаи ҷавононро дар рафти фаъолияти таълимӣ дар омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ такмил дода назоратро пурзӯр намудан зарур аст. Ҳамчунин аз тарафи омӯзгорон ҷалб намудани хонандагон дар маҳфилҳои илмӣ, дар озмуни фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар миқёси ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ, дар конфронсҳо, викторинаҳо фаъолона иштирок намоянд, то ки хонандагон ва ҷавонон дар ин ё он соҳаи илм бештар имконияту қобилияти худро нишон диҳанд. Бо ин роҳ шахсиятҳои донишманд, ихтироъкор, эҷодкор ва сухандонро рушд додан лозим аст”.

Бояд гуфт, ки инкишофи қобилияти ақлӣ ба қобилияти эҷодӣ алоқаманд буда, тавассути он на танҳо ахбороти қабулшуда аз худ карда мешавад, балки дар рафти ҳалли масъалаҳои фикрӣ ташаббус нишон дода чизи нав ба вуҷуд оварда мешавад.

Омӯхтану донистани забон дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷавонон нақши асосӣ дорад. Аз ин рӯ, ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем, то ки ҷавонони кишварамон пурра ва озодона бо ин забонҳо муошират намоянд. Ҳамчунин аз адабиёти навини давлатҳои хориҷ бе ягон монеа истифода карда тавонанд. Ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, илмӣ ва панду андарзҳои ниёгон диққат дода, хонандагон, ҷавонон ва калонсолонро лозим аст, ки барои мутолиаи он низ вақт сарф намоянд. Дар Паём таъкид рафт, ки бояд фаъолияти китобхонаҳои наздимуассисагӣ ҷоннок карда шуда, кӯдакону наврасон ва донишҷӯён ба мутолиаи китобҳои бадеиву тахассусӣ ҷалб шаванд. Дар партави гуфтаҳои боло дар назди факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ китобхона таъсис дода шуд. Ҳамчунин барои ҷалби донишҷӯён ба мутолиаи китоб дар назди кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети мазкур маркази “Заковат” дар рушди хотир ва зудхонӣ амал карда истодааст.

Метавон гуфт, ки мо бо ин роҳ барои наврасону ҷавононро ба таҳсилоти муосири босифат омода намудан ва баҳри тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат имкониятҳои бештарро ба даст меорем. Аз ин рӯ, дар роҳи расидан ба ин мақсадҳои нек вазифадорем, ки доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ҷавонони болаёқату бозаковат, фаъолияти зеҳнӣ дошта, ватандӯсту ватанпарвар ва созандаи даврони имрӯз кӯшиш ба харҷ диҳем.

Он супоришҳое, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ иброз доштанд, саривақтӣ буда, баҳри пешрафти илму маориф ва ҷавонони ояндасози миллат таъсири мусбат мерасонад. Афзалиятнокии ояндаи кишвар ба фаъолияти тахассусӣ ва рушди илму маориф вобастагии бештар дорад. Аз ин хотир шахсони соҳибмаърифату донишманд ва ихтироъкору эҷодкорро аз ҳисоби ҷавонон тарбия намудан яке аз вазифаҳои ҷиддию муҳими ҳар як омӯзгор аст.

Мунаввара Мухторова, сармуаллимаи кафедраи педагогика ва психологияи томактабӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ