Руҷӯе ба ҳаёти пур аз ифтихор ва шарафи Низомиддин Зоҳидӣ
Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода (8. 06. 1957, ш. Конибодом), шарқшинос, доктори илмҳои филологӣ (2004), профессор (2005). Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004). Факултети шарқшиносии ДДТ ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1979). Фаъолияти меҳнатиаш ба сифати тарҷумони забони арабӣ дар шаҳри Бағдоди Ҷумҳурии Ироқ оғоз гардидааст (1979-1981). Соли 1981 дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи Илмҳои ҶШС Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Муҳаққиқ-коромӯзи шуъбаи ленинградии Пажуҳишгоҳи шарқшиносии АИ ИҶШС (1983-1984), аспиранти АИ ҶШС Тоҷикистон (1984-1987), корманди илмӣ (1988-1990), котиби илмии ҳамин Пажуҳишгоҳ (1990-1992), сарвари шуъбаи тадқиқоти филологии Маркази илмии Хуҷандии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (1992-1997), ҷонишини директор (1998-1999), директори Маркази пажуҳиши тамаддуни давраи Сомониёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1999-2000), ноибректор оид ба корҳои тарбия (2000-2001), ноибректор оид ба корҳои илм (2001-2010), ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (2010). Муовини вазири Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010-2016), Муовини аввали вазири Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016-2019), Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (аз 10.04.2019).
Дар таҳқиқу баррасии масъалаҳои адабиёти арабизабони халқҳои эронӣ, равобити Арабу Аҷам ва таъриху фарҳанги аҳди Сомониён беш аз 100 мақола ва 6 рисолаи илмӣ таълиф кардааст, ки дар Русия, Эрон ва кишварҳои дигар ба чоп расидаанд. Иштироккунандаи конфронс ва намоишҳои илмӣ дар Ленинград (1984), Теҳрон (1997,2005), Токио (2002), Маскав (2004), Коҳира (2006), Алмаато (2006). Cоҳиби Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ (1999) ва Ҷоизаи ба номи Аълохон Афсаҳзод (2005).
Осор:
Арабоязычный период персидско-таджикской литературы VIII-IЧ вв. - Душанбе: Дониш, 1993; Адабиёти арабизабони форсу тоҷик аз истилои араб то аҳди Сомониён. - Хуҷанд: Ношир, 1999; Давраи арабизабони дар адабиёти форсии садаҳои 2-3 ҳиҷрии қамарӣ. - Теҳрон, 1380; Насри арабизабони форсу тоҷик дар асрҳои VIII-IX. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2004 ва ғайра.