ТОЗАНАШР: МЕЪМОРИ КОХИ БУЗУРГИ МАЪНАВӢ

Ба ифтихори ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби кормандони Институти илмӣ - тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, докторони илмҳои филологӣ, профессорон Умеда Ғаффорӣ ва Нуралӣ Нурзод таҳти унвони “Меъмори кохи бузурги маънавӣ” дар нашриёти “Ношир” чоп гардид.

Китоб бо ташаббусу дастгирии бевоситаи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода омода ва нашр гардида, инчунин дар ин асари арзишманд пешгуфтори Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода таҳти унвони “Истиқлоли маънавӣ ва худшиносии миллӣ” ҷой дода шудааст.

Китоби мазкур зери назари ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин таҳия шуда, ҳамзамон мақолаи илмӣ - тадқиқотии мавсуф бо номи “Истиқлол - санади ифтихор ва саодати маънавии миллат” чоп шудааст.

Китоби “Меъмори кохи бузурги маънавӣ” аз панҷ бахш иборат буда, силсилаи мақолаи пажуҳишии он дар заминаи татбиқи муваффақонаи сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, расидан ба Истиқлоли сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллаат бар пояи арзишҳои маънавӣ, шеваҳои ташаккули худшиносии миллӣ дар Тоҷикистон, тарғиби маърифати адабиёт ва арзишҳои миллӣ, бузургдошти чеҳраҳои мондагори миллӣ, интишори мероси маънавии онҳо ва амсоли ин ба қалам омадаанд.

Таҳқиқоти илмии анҷомдодаи олимони Донишгоҳ, ки аз корномаҳои муҳими Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷодаи расидан ба истиқлоли маънавӣ сарчашма мегиранд, туҳфаи арзандае ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои наслҳои имрӯзу оянда чун сарчашмаҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ хидмат хоҳанд кард.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ