​СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ТАҲКИМИ АРЗИШҲОИ МАЪНАВИИ НАВРАСОН

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва тарбия ба ташаккули шахсияти солим, маърифатнок ва фаъол равона гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд, ки рушди илму маориф сармоягузорӣ ба ояндаи давлат ва миллат мебошад. Ин андеша аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи тарбияи насли наврас дар сиёсати давлатӣ мақоми марказӣ дорад.

Таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ба зиёд намудани маблағгузории соҳаи маориф, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, беҳтар гардонидани шароити таҳсил ва баланд бардоштани мақоми омӯзгорон далели равшани ин сиёсат мебошад. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳар сол аз буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф маблағҳои зиёд равона мегардад, ки ин нишондиҳанда дар бисёр кишварҳои минтақа камназир аст. Ин гуна дастгирӣ имкон медиҳад, ки наврасон дар муҳити солими таълимӣ тарбия ёфта, арзишҳои маънавӣ-ахлоқиро беҳтар аз худ намоянд.

Дар муқоиса, дар ҷомеаҳое, ки маориф ба сатҳи зарурӣ дастгирӣ намеёбад, бештар ҳолатҳои бесаводӣ, бекорӣ, майл ба ҷинояткорӣ ва ифротгароӣ мушоҳида мешаванд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки сатҳи рушди маънавии наврасон бевосита ба сиёсати маорифпарваронаи давлат вобаста аст.

Тарбияи маънавӣ танҳо ба омӯзиши қоидаҳои ахлоқ маҳдуд намешавад, балки ташаккули муносибати дуруст ба меҳнат, ҷомеа, Ватан ва ояндаи худро дарбар мегирад. Пешвои миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки наврасону ҷавонон бояд соҳиби дониш, касб ва дорои ҳисси баланди масъулият бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштаанд, ки: «Ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг вобастагии амиқ дорад».

Таъкиди Сарвари давлат ба таври равшан нишон медиҳад, ки тарбияи маънавӣ бидуни омодасозии наврасон ба ҳаёти мустақил ва фаъол маънои пурра пайдо намекунад. Наврасе, ки арзишҳои маънавиро дарк намудааст, одатан дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол аст, ба қонун эҳтиром мегузорад ва нисбат ба мушкилоти ҷомеа бетараф намемонад.

Худшиносии миллӣ яке аз унсурҳои муҳими рушди маънавии наврасон ба ҳисоб меравад. Шинохти таърих, забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ дар шуури наврасон эҳсоси ифтихор ва масъулиятро нисбат ба сарнавишти миллат ба вуҷуд меорад. Пешвои миллат ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид менамоянд, ки бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллӣ нақши калидӣ дорад.

Нашри миллионҳо нусхаи китоби муқаддаси “Қуръони карим”, асарҳои арзишманде чун “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров, “Шоҳнома”- Абулқосими Фирдавсӣ, эҳёи ҷашнҳои миллӣ, бунёди иншооти фарҳангӣ ва дастгирии мероси ғайримоддӣ далели амалии ин сиёсат мебошад. Ин чорабиниҳо махсусан барои наврасон аҳамияти калон доранд, зеро онҳо дар айни ташаккули ҷаҳонбинӣ қарор доранд.

Дар муқоиса, дар ҳолатҳое ки наврас аз таърихи худ бехабар мемонад, эҳтимоли таъсирпазирии ӯ аз фарҳангҳои бегона ва арзишҳои носолим зиёд мегардад. Аз ин рӯ, худшиносии миллӣ ҳамчун сипари маънавӣ хизмат мекунад.

Ҳоло яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир паҳншавии таассуб ва андешаҳои хурофотӣ дар байни баъзе наврасон мебошад. Пешвои миллат ин падидаро хатари ҷиддӣ ба амнияти маънавии ҷомеа арзёбӣ намуда, таъкид менамоянд, ки роҳи асосии пешгирии он илму маърифат аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ҳушдор додаанд, ки бесаводӣ метавонад ҷомеаро ба ҷаҳолат ва нооромӣ барад. Таҷрибаи таърихӣ низ нишон медиҳад, ки дар ҷомеаҳое, ки сатҳи маърифат паст аст, нооромии иҷтимоӣ бештар ба назар мерасад.

Аз ин рӯ, рушди фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир барои ташаккули тафаккури илмӣ ва мавқеи фаъолонаи наврасон ниҳоят муҳим мебошад. Наврасе, ки бо дастовардҳои илму техника ошно аст, ҷаҳонро васеътар дарк мекунад ва ба андешаҳои ифротӣ камтар майл мекунад.

Дар ташаккули арзишҳои маънавӣ-ахлоқии наврасон нақши оила, мактаб ва ҷомеа ба ҳам зич алоқаманд аст. Агар яке аз ин унсурҳо суст амал кунад, натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд. Пешвои миллат дар баромадҳои худ борҳо ба падару модарон ва омӯзгорон муроҷиат намуда, онҳоро ба масъулияти бештар дар таълиму тарбияи фарзандон даъват кардаанд.

Оила арзишҳои аввалинро ташаккул медиҳад, мактаб онҳоро такмил медиҳад ва ҷомеа барои татбиқи амалии онҳо шароит фароҳам меорад. Ҳамкории муассири ин се ниҳод метавонад заминаи устувори рушди шахсияти наврасро таъмин намояд.

Хулоса, ҳамин тариқ, арзишҳои маънавӣ-ахлоқӣ ҳамчун омили асосии рушди шахсияти наврасон дар ҷомеаи муосир баромад менамоянд. Ғояҳои иброзгардида дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ нишон медиҳанд, ки тарбияи насли наврас дар руҳияи илму маърифат, худшиносии миллӣ ва масъулияти иҷтимоӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат мебошад.

Наврасе, ки дорои дониши мукаммал, ахлоқи ҳамида, ҷаҳонбинии солим ва ҳисси ватандӯстӣ аст, метавонад дар оянда ҳамчун шаҳрванди фаъол ба рушди ҷомеа саҳми арзанда гузорад. Аз ин рӯ, татбиқи пайгиронаи сиёсати маорифпарварона ва тарбиявии давлат кафолати ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ашрапова Мухбира,

унвонҷӯи кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумии

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ