​ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастоварди беназири миллат Истиқлоли давлатӣ дар асари хеш «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» чунин баён кардаанд: «Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама дар натиҷаи сиёсати роҳбарияти давлатро дастгирӣ намудани тамоми халқи Тоҷикистон, сабру таҳаммули тарафҳои мухолиф ва кумаки давлатҳои кафил ва созмонҳои байналмилалӣ фароҳам омад. Таърихи чаҳорсолаи музокироти байни тоҷикон собит сохт, ки дар сиришти мардуми мо хиради азалӣ, сабру таҳаммул, бурдборӣ ва ваҳдату ифтихори миллӣ ҳамеша мақоми баланд дорад».

Эҳёи давлатдории тоҷикон, барпо гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар муддати зиёда аз 30 сол мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, ривоҷ гирифтани робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ бо дигар мамлакатҳои ҷаҳон ифтихори миллӣ барои таърихи бойи худ, маданият, расму оинҳо, кӯшиши натанҳо эҳё намудан, балки боз ҳам ғанитар гардонидани арзишҳои миллӣ – ҳамаи ин танҳо дар фазои ваҳдат, сулҳу салоҳ имконпазир гардид. Қабули Қонуни асосии кишвар – Конститутсия, ки ба маънои томаш бахтномаи Тоҷикистониён мебошад, роҳи эъмори ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии мамлакати мо, ҳамкорӣ бо мамолики сулҳпарвари олам, созмону ташкилотҳои ҷаҳониро муайян кард.

Нишонаи муҳимтарини истиқлолияти сиёсӣ бошад ин забони миллат, ки яке аз муқаддасоти олии кишвар маҳсуб меёбад. Ҷаҳонишавӣ хушдор месозад, ки имрӯз мардум боз ҳам зирак бошанду ин арзиши миллиро мустаҳкам намоянд. Гуфтугӯи мардум бояд такя ба фарҳанги муошират ва ифтифодаи забони шевои тоҷикӣ суръат гирад. Зеро ташаккули забон ҳастии миллатро кафолат медиҳад. Ҷаҳонишавӣ ба се арзиши муҳими миллӣ таҳдид мекунад, ки ин забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ ва таърихи миллат аст. Бояд олимону ҷомеашиносон бааҳри пойдории он кӯшиш ба харҷ намуда, ҷомеа ба арзишҳои худ арҷ гузорад. Хушбахтона масъалаи забон ва густариши он дар барномаи сиёсати фарҳангии Роҳбари давлат мавқеи муҳим дорад. Аз нигоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забон на фақат падидаи фарҳангӣ ба ҳисоб меравад, пеш аз ҳама, масъалаи муҳимми сиёсию давлатӣ маҳсуб мегардад. 22 июли соли 1996 бахшида ба Рӯзи забон чунин таъкид доштанд «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».

Боназардошти хатари ҷаҳонишавӣ имрӯз олимону муҳаққиқони кишварро зарур аст, ки барои пешгири кардани хатарҳои глоболизатсия корҳои амалиро иҷро намяонд. Бояд барномаҳои махусе таҳия карда шавад, ки он барои ташаккули тафаккури солими ҷомеа таъсиргузор бошад. Ҳаёти муосир диду нигоҳи нав ва фалсафаи гуманистиро талаб мекунад, ки он муайянкунандаи фардои ҷомеа хоҳад буд. Имрӯз бештар ба илмҳои дақиқ аҳамияти ҷидди додан зарур аст, ки ҷомеаи тоҷикистонӣ тавонад аз ҳама ҷиҳат худро дар тазодҳои дунё ҳифз кунад. Гузашта аз ин масъулияти ҷомеа вобаста ба ҳаёти худ баланд бардошта шавад. Ҳар нафар метавонад нақши худро дар беҳбуди ҷомеа ва рушди он гузорад. Барои ин илм нақши калидиро ишғол менамояд.

Рухшона Зоҳидова,

муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ