ФАРҲАНГ ВА САНЪАТ – СУТУНИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ)
Фарҳанг ва санъат яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи хоса дорад. Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ низ масъалаҳои фарҳанг, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди санъат ва худшиносии миллӣ ҳамчун омилҳои муҳимми таҳкими давлатдории миллӣ таъкид гардиданд.
Президенти кишвар фарҳангро ҳамчун сутуни асосии ҳастии миллат ва кафили пойдории давлат арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки бе ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ наметавон ҳувияти миллӣ ва истиқлоли фикриро ҳифз намуд. Дар Паём зикр гардид, ки эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, расму ойинҳо, забон, адабиёт ва мероси моддиву ғайримоддӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Чи тавре, ки дар паёмашон Президенти кишвар қайд карданд “Соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд”.
“Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026 – 2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад”.
Дар Паёми Президент ба рушди соҳаҳои гуногуни санъат — мусиқӣ, театр, кино, наққошӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва меъморӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Санъат ҳамчун василаи пурқудрати тарбияи маънавӣ, зебоипарастӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа арзёбӣ шуда, зарурати дастгирии эҷодкорон, рассомон, ҳунармандон ва аҳли фарҳанг таъкид гардид.
Дар Паём гуфта шуд, ки тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ бояд дар меҳвари сиёсати фарҳангӣ қарор гирад. Муассисаҳои таълимӣ, бахусус мактабҳо ва донишгоҳҳо, бояд дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои фарҳангӣ дар ин самт нақши муассир бозанд.
Мо устодони факултети санъати тасвирӣ ва дизайни Донишгоҳ барои омода намудани мутахассисони соҳибкасб дар соҳаи ҳунар ва санъат кӯшиш ба харҷ дода истодаем. Устодон барои омода кардани мутахассисон бо истифода аз усулҳои муосири таълим, ҳамзамон бо такя ба анъанаҳои миллӣ, донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқи санъати тасвирӣ, дизайн, наққошӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар самтҳои эҷодӣ ҷалб менамоянд.
Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат, устодон ба ташаккули завқи зебоипарастӣ, тафаккури эҷодӣ ва эҳсоси ифтихори миллӣ дар қалбу вуҷуди донишҷӯён аҳамияти ҷиддӣ дода истодаанд.
Яке аз нуктаҳои муҳимми Паём масъалаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мебошад. Пешвои миллат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла сӯзанидӯзӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, заргарӣ ва дигар намудҳои санъати суннатӣ аҳаммияти хоса доданд. Ин раванд на танҳо барои ҳифзи фарҳанг, балки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди сайёҳӣ низ мусоидат мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати такмили инфрасохтори соҳаи фарҳангро зикр намуда, ба масъалаи бунёд ва таҷдиди қасрҳои фарҳанг, театрҳо, осорхонаҳо ва китобхонаҳо ишора карданд. Ин тадбирҳо барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии фарҳангӣ ва дастрасии аҳолӣ ба арзишҳои маънавӣ муҳим арзёбӣ шуданд.
Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯи он аст, ки фарҳанг ва санъат дар сиёсати давлатӣ мавқеи устувор дошта, ҳамчун омили муҳимми таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва рушди устувори ҷомеа арзёбӣ мегардад. Таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат ба ин соҳа гувоҳи он аст, ки рушди фарҳангу санъат омили калидии пешрафти ҷомеаи муосири тоҷик мебошад.
Аҳадов Файзулло,
омӯзгори факултети санъати тасвирӣ ва дизайни
МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»