КОНСТИТУТСИЯ - ТАҲКИМБАХШИ ЭЪТИМОД ВА РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ
Тақдир ба қисмати халқи соҳибтамаддун ва фарҳангзамири тоҷикон қисматеро насиб гардонид, ки дар ҷомеаи муосир аз миёни 72 ҳазор миллати курраи замин соҳиби давлати миллӣ – ҷойгоҳи ифтихору шараф ва сукунату осоиш гардад. Ҷойгоҳе, ки бо талошу ҷоннисорриҳои халқи шарифу матинирода, зиёиёни фитратсолор ва пешвоёни ҳузарбу бонангаш ба даст омадааст.
Миллати тоҷик дар марҳилаи муосири таърихӣ бо роҳбарии Пешвои муаззаму маҳбуби худ тавонист, ки ба аркони давлатдории милли худ қудрати устувор дода, асосҳои конститутсионӣ ва низоми идоракунии онро назари таҷдиду ислоҳот бахшад.
Дар ин зовия Конститутсия барои давлат, халқ ва миллати тоҷик ҳамчун шаҳодатнома, муҳри мерос, марзи номусу талош, рамзи шаҳомату шараф ва умед ба фардои дурахшон муаррифӣ гашт, ки аз ҳар як ҳарфаш садои қаноату шукргузорӣ аз ниёгон, қурбониёни роҳи озодиву истиқлол, бузургону насли имрӯзи умедбахшаш садо медиҳад.
Бо амри тақдир давлатдории навини мо маҳз аз муборизаҳои хунин ва истодагариҳои бемисл оғоз ёфта, тавонист иродаву салоҳият, ҳуқуқу масъулияти миллати тоҷикро таҳкиму равнақи тоза бахшад. Эълони «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ...» имрӯз барои халқи ҷаҳон ҳушдор ба ифодаи «Мо будем, мо ҳастем ва хоҳем монд!» гаштааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз асосгузорони давлати муосири тоҷикон, тарроҳи сохтори Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи ин муваффақияту насибро маҳз дар талошу ғайрату матонату фазилати ин халқи маҳбубу бошараф мебинанд: «Аз ин нуқтаи назар, ман тамоми дастовардҳоеро, ки тӯли амали Конститутсияи Тоҷикистон насиби халқу давлати мо гардидаанд, натиҷаи хираду фитрат ва заковати азими халқи Тоҷикистон меҳисобам, зеро маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд имрӯз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣэътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳаллу фасли масоили умдаи байналмилалӣба инобат мегиранд. Воқеан, зиндагӣдар чунин ҷомеае, ки асосҳои бунёдии онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва адлу масъулияти баланди ҳокимиятдорӣташкил медиҳад, орзуи ҳамешагии халқи мо дар масири асрҳо буд ва бояд гуфт, ки дар ин роҳ кӯшишҳое низ амалӣ карда мешуданд. Ҳанӯз дар аҳди Ҳахоманишиён дар қарни панҷуми пеш аз мелод Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир содир шуда буд, ки дар он бори нахуст сухан аз ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи боадолат мерафт... («Дар ҳудуди давлати ман... ҳар кас метавонад бо коре, ки дӯст медорад машғул шавад ҳар динеро, ки мехоҳад пайравӣ намояд, дар ҳар ҷойе, ки писандаш аст зиндагонӣ кунад». Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир). Албатта, аз нигоҳи арзишҳои замони имрӯз бо дарназардошти хусусиятҳои таърихиву анъанавӣ, милливу мазҳабӣ, иқтисодиву иҷтимоӣва фарҳангиву ҳуқуқии халқи Тоҷикистон муқоиса кардани Конститутсияи Тоҷикистони муосир бо ягон санади таърихӣ ё қонуни асосии мамолики дигари ҷаҳон қобили қабул буда наметавонад. Зеро ҳар кишвар бо ҳамон роҳе рушд мекунад, ки дар қонуни асосиаш муқаррар шудааст ва он қонуни асосиро халқ дар интихоботи озоду демократӣ қабул намудааст». Бо амри ҳамин тадбир бо ибтикори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоде ба унвони ЮНЕСКО оид ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ҳамчун нахустин сарчашмаи умумии ҳуқуқи башар ирсол карда шудааст, ки боитминон давоми соли 2025 ботантана баргузор хоҳад шуд.
Олими ҳуқуқшинос, муаллифи асари «Конститутсия ва масъалаҳои мубрами илми ҳуқуқ» А. Холиқзода овардааст, ки: «Баҳс нест, ки ҳар соҳибватан, ҳар шаҳрванд ва ҳар инсон, қатъи назар аз ҳама мушкилоту печидагиҳои зиндагӣ, дар қалбаш меҳру муҳаббате ва эҳтиромеро нисбат ба Ватан ва макони буду боши худ ва фарзандонаш дорад, ки он дар иртибот бо воситаҳои ҳуқуқию сиёсӣ, иҷтимоию табиӣ, маънавию ахлоқӣ ва ғайра шакл гирифтааст. Муҳим он аст, ки дар роҳи муносибат бо Ватан манобеи ин муҳаббат ва мақоми ҳуқуқии шаклгирии он дуруст дарк ва ҳазм шавад». Чунин шаклгирии муҳаббату садоқати халқи тоҷик ба Ватани маҳбуби худ Тоҷикистон дар меъёру муқаррарот ва принсипу руҳияи Конститутсияи ин кишвар мустаҳкам гардидааст, ки меҳвари онро таъмини соҳибихтиёрии давлат ва дарки рушду камоли он; фароҳамоварии шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар шаҳрванди он; эътироф, риоя ва ҳифзи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ; ҳифзи Ватан ва ҳимояи манфиатҳои он; ҳифзу беҳдошти муҳити атрофу экологӣ ва ба ин монанд муносибатҳо ташкил медиҳанд.
Тайиноти Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқии давлат пеш аз ҳама дар ташкили ҷомеаи муттаҳид, таъмини фазои ваҳдатофару ягонагӣ, таҳаммулу ҳамдигарфаҳмӣ, созишу гузашт, эътимоду ризоият зоҳир мешавад, ки дар ин қарина пояи устувори истиқлолияту соҳибихтиёрии давлатӣ гузошта мешавад. Дар ин зовия Конститутсияи Тоҷикистон созишномаеро мемонад, ки аз як ҷониб аъзои ҷомеа ва аз ҷониби дигар давлату халқро дар қолаби меъёр зери як фазои сиёсӣ муттаҳид мекунад.
Бо ин далел Пешвои маҳбуби миллат дар муқаддимаи Тафсири илмӣ-оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намудаанд, ки: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низои байни тоҷикон таҳия ва қабул гардид. Аз ин ҷиҳат, вазифаи аввалиндараҷаи он таъмини оштии миллӣва сулҳи тоҷикон буд. Бо ин мақсад ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти доираҳои васеи аҳолӣ, намояндагони гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла собиқ мухолифин ба инобат гирифта шуданд. Дар он кулли талаботи ҳуҷҷатҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дар бахши ризоияти миллӣифодаи худро ёфтанд. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвоқеъ ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣва заминаи ҳуқуқии таъмини сулҳи тоҷикон гардид».
Дар ҷараёни муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон моҳҳои сентябр-октябри соли 1994 аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳамчунин муассисаву ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо бештар аз 8500 таклифот ба Шурои Олӣ пешниҳод карда шуда буд. Дар раъйпурсии умумихалқӣоид ба қабули он бошад аз 2685724 нафар шаҳрвандони ба рӯйхат гирифташуда 2535437 нафар 94,4% ширкат варзиданд. Аз ин шумор ба тарафдории қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2352554 нафар ё худ 87,59% ва муқобил 105300 нафар ё худ 3,92% овоз доданд.
Ба ақидаи конститутсияшиноси шинохтаи кишвар устод Ашурбой Имомов чунин хусусияти басозишоварии конститутсия метавонад дар заминаи эътимоду ризоияти миллӣ – муттаҳид ва сафарбаркунии ҷомеа, нерӯи кадрӣ, зеҳнӣ, моддиву молиявии мардумро барои амалишавии ҳадафҳои олии давлату миллат равона созад, ки ин омил сабаби асосии дар дусад соли охир бо суръат ҷараён гирифтани қабули конститутсияҳои ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Ҳаббазо, ки барои расидан ба ҳадафи олии конститутсионии миллат «Таъмини шароити зиндагии арзандаву осоишта барои ҳар як фарди ҷомеа» тавассути муқаррароти барномаву стратегияҳои давлатӣ оид ба баландбардории маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бо роҳандозии чорабиниҳо оид ба баландбардорӣ ва таҳкимбахшии ризоият ва эътимоди мардум ба ҳокимияти сиёсӣ муқаррар карда шудааст. Зеро танҳо фазои солими сиёсӣ, мавҷудияти ризоият ва эътимоди баланди раият ҳамчун татбиқкунандагони Конститутсия, таъминкунандагони тартиботу низоми ҷамъиятӣ, субъектони истеҳсолкунадаву андозсупоранда метавонад, ки ба ҷараёнҳои конститутсионӣ набзи муътадил ва тамоюли созандаи рушд бахшад.
Мусоидат ба эҳтиром ва таъмини риояи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда,ташаккул додани боварӣ ва эътимод нисбат ба қонун ва мақомоти давлатӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ. (банди 31-и Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019)
Ҷиҳати таҳкимбахшии аркони давлатдории миллии тоҷикон Конститутсия кафолати таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии давлатро тавассути манъиёти конститутсионии тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ; ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он; таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунад; бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва даъват барои ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ; ташвиқоти ҷанг; ҷалби маҷбурии шаҳрвандон барои иштирок дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта; таблиғот ва ташвиқоти барангезандаи бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро барои инсон ва шаҳрванд муқаррар намудааст.
Шаҳрванд бо шинохти масъулияти конститутсионии худ дар ҷодаи ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он; ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ; супоридани андоз ва пардохтҳо; ҳифзи шарафу номус ва эътибори халқу миллат қарзи фарзандиву меросбарандагии худро назди наслҳи имрӯзу оянда иҷро менамояд.
Ноумедиву нобоварӣ, гумроҳиву ноустуворӣ, миллатгароиву маҳалгароӣ, ҷинояткориву хиёнат, бефарқиву худкамбинӣ, ношукриву пастфитратӣ, хурофоту бегонапарастӣ ва чоплусиву нодидагирӣ барин тамоюлҳои ғайриконститутсионӣ дар шинохти миллат ва равандҳои давлатдорӣ метавонанд ҳисси сироятнопазирии ҷисми миллатро заиф гардонида, ҳастии давлатро зери хатар оваранд. Чуноне ки давлати бузурги Сомониён аз бефарқиву саҳлангории аҳли тақво ҷиҳати дифоъ накардан аз мавқеи давлат бо баҳонаи ҷанги миёни ду сулола Сомониёну Қарохониён аст, фарзандони ин миллат садсолаҳои минбаъд зери таҳқиру тозиёна монда, қурбони фатвои беасос гаштанд. Аз ин бешарофативу беҳуввиятӣ имрӯза меросбарон бошанд аз ҳудудҳои давлатдории худ, заминҳои зиёди кишоварзӣ, манбаъҳои бешумори обу захираҳои табиӣ, захираҳои нафту газ, ҷангалзорону мавзеъҳои таърихии сайёҳӣ, имкониятҳои транзитиву логистикӣ, роҳҳои баҳрӣ ва ба ин монанд арзишҳо фориғ монданд.
Аз бефарқии умум мардум он замон дарк намекарданд, ки суқути як силсилаи ориёинажод чӣ оқибате барои ин мардум хоҳад дошт.
Намунаи баланди ҳисси масъулияти конститутсионӣ, шаҳрвандиву фарзандӣ ин садоқат ба Ватан, баланд бардоштани ному нуфуз ва шаъну шарафи миллат маҳсуб меёбад, ки намунаи олии он кору пайкор, ташаббусу талош ва санъати волои идоракунии имрӯза Сарвари сиёсии миллати тоҷик, фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Мавқеъгирии Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ, устувору осебнопазирии он дар қиболи буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ ва шаклгирии тартиботи нави ҷаҳонӣ, тафриқаву зиддиятҳои манфури иртиҷоӣ далели онанд, ки сиёсати конститутсионии Тоҷикистон аз хишти аввал рост, бехато ва устувор монда шудааст.
Ташрифи сарони давлатҳои узви ИДМ ба Тоҷикистон, қабул ва меҳмоннавозии сатҳи баланд дар кишвари офтоб ва сулҳ, пойтахти фарҳангии ИДМ, шаҳри шарафи меҳнати солҳои 1941-1945 шаҳри Душанбе ва сазовор шудан ба баҳои баланду эҳтироми хоса роҳест, ки ояндаи Тоҷикистонро дар минтақа муваффақ мегардонад.
Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад / б. 1, м. 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асноди ҳуқуқии қабулнамуда дар ҷараёни ҳамоиш метавонанд, ки минбаъд дар танзими муносибатҳои сиёсиву мудофиавӣ, иқтисодиву молиявӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва хоса муҳоҷирату тандурустӣ барои Тоҷикистон имкониятҳои нави ҳуқуқиро ба миён орад.
Мухторзода Киромиддин Тоҷиддин,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқшиносии
МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»